Sebiston new 2024 october
Ду хоҳаре, ки 1тан ва 1 шавҳар доранд
6438


Хоҳарон Эбигейл ва Британи чунон бо ҳамдигар қаринанд, ки 29 сол боз ҳатто ҷарроҳони машҳуртарини олам онҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонанд.

Гап дар сари он меравад, ки онҳо дугоникҳои сиамӣ ҳастанд ва аз модар ба ҳам часпида ба дунё омадаанд.

Ин духтаракони ғалатӣ 7-уми марти соли 1990 дар Миннесот чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Тавлиди эшон натанҳо барои волидонашон, балки барои табибон низ мӯъҷизаи ҳақиқӣ буд, зеро ташхиси ултрасадо дугоник ё ягон ҷисми ба тифл печидаро нишон надода буд.
Модари духтаракон он рӯзҳо ба ёд оварда мегӯяд:
-Пас аз таваллуд кардан ман пай бурдам, ки чи воқеае шудааст,чунки табибон ба воҳима афтода буданд ва кӯдакро нишон намедоданд. Тарсидам, ки тифли ман мурда ба дунё омадааст, аммо баъд маълум шуд, ки гап тамоман дар ҷойи дигар будааст...
Вақте ки волидайн кӯдаки булаҷаб, аниқтараш дугоникҳои ба ҳам часпидаро диданд, бо як назар ошиқаш гаштанд ва ин тарсу ваҳми табибонро бартараф намуд.

Тифлакони булаҷаб

Баъди таваллуд духтараконро табибон зери назорати қатъӣ гирифтанд, чунки маъмулан аз байни 30 миллион дугоникҳои сиамӣ ҳамагӣ як нафар зинда мемонду халос. Узвҳои дохилии чунин дугоникҳо баъди таваллуд яку якбора аз кор мемонданд, вале ин хоҳарон тамоми мушкилиҳоро паси сар намуда, бар рағми ин бозии тақдир зинда монданд.

Ҷисми хоҳарон чи гуна аст?

Эбигейл ва Британи ду калла, ду дасту ду пой,ду сутунмӯҳра,се шуш, ду дил, як ҷигар, ду меъда, се гурда, як системаи гардиши хун ва як узви таносул доранд. Нейронҳои асаби духтарон як аст, маҳз барои ҳамин дугоникҳо фикрҳои якдигарро мехонанд, агар Эбби об нӯшидан хоҳад, Британи эҳсоси ташнагӣ мекунад. Анатомияи ин духтаракон беҳамто аст. Табибон ҳайронанд, ки узвҳои дохилии онҳо бо ин қадар печидагӣ чигуна кор мекарда бошанд...

Ҷон ба ҷону тан ба тан

Эбби то синни 12-солагӣ хуб инкишоф меёфт, вале сутунмӯҳраи Британи аз инкишоф бозмонда, ин боиси дигаргуншавии қафаси синаи духтаракон гашт.
Пас аз ин Эбби ба бемории шамолхӯрии шуш гирифтор гашт ва Британи маҷбур шуд, ки ҳафтаҳо бо хоҳараш дар бистари беморӣ бихобад.Ҳамин тавр беморхона ба хонаи дуюми ин хоҳарон табдил ёфту табибон дӯстони наздиктаринашон гаштанд, аммо ба ин ҳама душвориҳо нигоҳ накарда, Эбигейл ва Британи барои ҳаёт муборизаро идома медоданд ва тавонистанд дар набарди байни маргу зиндагӣ ғолиб бароянд...

Фарқи дугоникҳо дар чист?

Хислатҳои хоҳарон аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ мекунад, масалан Эбби аз шир қимоб аст, Британӣ бошад бо камоли май ширро менӯшад, вале ба гӯшту моҳӣ нафрат дорад. Эбби аз баландӣ метарсад ва табиатан одамгурез аст, Британи бошад маҳфилу шабнишиниҳоро дӯст медорад ва ҳамеша “ гули сари сабад” аст. Эбби ранги бунафшро меписандаду Британи ранги тиллоиро.
Дар интихоб ва харидории либос хоҳарон ҳамеша душворӣ мекашанд, чунки ёфтани либоси мувофиқе, ки ба ҳардуи хоҳарон маҳқул шавад, ниҳоят душвор аст. Барои ҳамин духтаракон бо чевари забардасте ҳамкорӣ мекунанд, ки бисёри либосҳояшонро тарроҳӣ карда медӯзад.

Муаллимаи ҳамадон

Духтаракон кӯдаконро хеле дӯст медоранд, маҳз ҳамин меҳру муҳаббати бепоён нисбати атфол боис гашт, ки касби омӯзгориро пеша намоянд. Ҳоҳарон маълумотҳои гуногун доранд, Эбби муаллимаи физикаю риёзӣ аст, Британи бошад, аз адабиёту таърих дарс мегӯяд.


Глеб шишаҳои Мерседдеси сарояндаи машҳурро зада шикастааст, ба умеде, ки ақаллан ба хотири “Разбор” кардан Земфира бо ӯ гап мезанад, вале...


Бори шӯҳрат

Пас аз оне, ки дар бораи Эбигейл ва Британи филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтанд, ин хоҳарон якбора чунон машҳур шуданд, ки ногуфтанӣ. Аз соли 2002 инҷониб онҳо ҳамеша дар зери назари ВАО қарор доранд. Овозаи ба шавҳар баромадани Бритни овозаю ҳангомаҳоро дар бораи ин ду хоҳари ба ҳамдигар часпида боз ҳам афзунтар намуд ва хоҳарон аз ин ҳама сару садоҳо безор шуда, аз журналистон мегурехтагӣ шуданд. Онҳо маҷбур шуданд, ки саҳифаҳои худро аз сомонаҳои интернети пок созанд, то ки дигар одамон бо саволҳои кунҷковонаашон хотири онҳоро озурда насозанд.

Зиндагӣ-майдони набард

Эбигейл ва Британи Хесел ба ҷарроҳиҳои душвор ва нигоҳи пурҳайрати атрофиён нигоҳ накарда зиндагии хеле хуб доранд. Ин хоҳарони булаҷаб мегӯянд,агар хоҳиш дошта бошӣ, метавони ҳама душвориро барои расидан ба орзуят паси сар намоӣ.

Бародарони часпида

Дигар дугоникҳои ба хоҳарон Хенсел монанд соли 2002 дар як деҳаи хурдакаки Ҳиндустон ба дунё омадаанд. Онҳо бародарон Шиванатх ва Шиврам Саху мебошанд. Ин бародарон 4 пою ду дасту ду калла доранд.
Ронни ва Донни Гэлион бошанд, бародарони дугоники калонсолтарини дунё ба шумор рафта, 68-сол умр доранд. Азбаски одамон ба ин бародарон аҷиб менигаристанд,онҳо натавонистанд дар ягон мактаб таҳсил кунанд. Барои ба даст овардани луқмаи нон онҳо баданашонро ба намоиш гузошта, дар филму саҳначаҳо ширкат меварзанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД