Arzon march 2024
ДӮСТОНИ РАДИОӢ (ҚИСМИ-5)
2378

Рашки муртазо

 Санавбар ҳамеша ба ман мегуфт, ки солҳост шавҳараш аз ӯ суроғе намегирад. Як шоми рамазонӣ бедаъват ба хонааш рафтам. То расидам, алаккай шом шуда буд ва онҳо ифтор мекарданд. Зиёд пушти дар мондам ва дарро кубидам. Хело вақт гирифт, то Муртазо баромад ва дарро ба рӯи ман кушод. Ин бор аз диданам гуё хушҳол набуданд, ё шояд маро интизор набуд. Сукути тӯлониро танҳо пурсиши сабаби омаданам вайрон кард. Ба ростӣ, дар ҷавоб танҳо гуфтам, ки Санавбарамро ёд кардам ва барои ҳамин аз Душанбе хеста ба диданаш омадам. Даромада намози шомамро дар хонаи дигараш, болои ҳамон ҷойнамозе, ки ӯ намоз хонд, хондам. Сари ҷойнамоз чун ҳамеша дар ҳақаш дуо кардам. Аз Худо ояндаи рӯшанамонро хостам. Як ё якуним соат нишастам. Якҷоя ифтор кардем. Дар охир дигар ба хонааш нарафтанамро хоҳиш кард ва ишора кард, ки тезтар баромада равам:

-   Ҳоло амаки Муртазо меояд.... Каме харид карда будам, бояд меовард. Агар шуморо бинад ман чи мегӯям?

Ин сухан маро таги шаку шубҳа монд... Амаки Муртазо барои чи меояд, дар сурате, ки бародараш солҳо пеш онҳоро тарк намудааст. Вақте аз хонааш баромадан мехостам, алаккай нисфи шаб буд ва кӯча пур аз мардони ҳамсоя. Хостам лаҳзае сабр кунам, то ҳамсояҳо раванд ва баъд ман аз хонаи Санавбар бароям. Охир ҳамсояҳо чи мегӯянд. Магар аз ҳамдигар намепурсанд, ки ин марди ғариба нисфи шаб дар хонаи зани бешавҳар чӣ мекобад? Аммо интизор будан бефоида буд. Ҳай мардони ҳамсоя ғарқи ғайбат шуда буданд. Дигар интизор нашудаму бо писари Санавбар, ки тақрибан 15-сола аст, аз хона баромадем. То роҳи калон сӯҳбат оростем. Нохост эҳсоси кунҷкобиям боло гирифт. Аз писараш пурсидам:

-   Падарат занг мезанад? Охирон бор кай омада буд? Ёрдам медиҳад?

-   Албатта, - гуфт писарбача ва идома дод – падарам ҳамеша занг мезанад, ба мо пул мефиристад. Охирон бор соли гузашта ба тӯйи апаам омада буд.

Гӯё нафаре ба сарам аввал оби ҷӯш ва баъдан яхоб рехт. Пайопай се сигор кашидам. То шаҳри Душанбе нақлиёт ёфтан душвор буд. Зиёдтар аз як соат пиёда қадам задам самти Душанбе. Афкори пурҳарҷу марҷе ба зеҳнам хутур мекарданд. Агар ин тавр бошад, пас ҳукми талоқи Санавбар ба ҷо наомадааст. Яъне чӣ? Санавбар ба ман дурӯғ гуфт? Ман муддати се моҳ бо зани шавҳардор робита доштам? Ин саволҳо аз сарам берун намерафтанд, аммо ҷавоби онҳоро аз Санавбар напурсидам. Боре бо хоҳараш ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ ҳолати ғайримуқаррарии маро пай бурда, пурсон шуд:

-   Шодӣ ба ту чи шуд? Ким чи хел бо дили нохоҳам суҳбат мекунӣ? Ё алаккай ниҳоли ишқатонро шамолаки баҳорӣ шикаст?

-   Не. Ҳусния медонӣ, Муртазо ба ман ҳарфҳои аҷоиб гуфт. Гӯё падараш онҳоро раҳо накардааст. Оё ин дуруст бошад?

-   Чи? Чи хел? Муртазо дақиқан чи гуфт? – бо садои гирифта пурсид хоҳари Санавбар.

-   Ӯ гуфт, ки падараш доимо ба онҳо пул мефиристад ва зуд-зуд ба хабаргириашон меояд.

-   Ҳа-а-а. Охир Муртазо писар аст. Ҳатман рашк кардааст. Ӯ ба шумо чунин гуфтааст, то дигар бо модараш робита надошта бошед... Наход гапи кӯдакро бовар кунеду аз апаамро не.

-   Не, ман ҳам чунин фикр доштам. Аммо гумон доштам ӯ маро падарвор қабул мекунад...

 

Тарси шавҳар ё аз даст додани хона?

 

Дар як сӯҳбатамон, ки шиносоиямонро анқариб се моҳ мешуд, Санавбар ба рафтанаш аз ман ишора кард:

-   Шояд ман дигар бо шумо сӯҳбат карда натавонам.

-   Чи шуд? Ҳама тинҷӣ?

-   Бале, ҳамин хел гуфтам. Одамӣ... Ҳарчи шуданаш мумкин...

-   Рӯи рост гап зан. Ягон мушкилӣ дорӣ?

-   Росташ бале – гуфт ва ба замин нигоҳ карда идома дод – шояд шавҳарам аз Россия бар гардад.

-   Баъд чӣ? Баъди ин ҳама вақт талоқи шумо содир шудааст.

-   Дуруст мегӯед, аммо ман зиёд заҳмат кашида хона обод кардаам. Хонаву дарам ба номи вай касофат. Бародаронаш гуфтаанд, ки агар шаҳвр карданӣ бошад, аз хонаи бародари мо баромада равад.

-   Ҳеҷ гап не. БА Душанбе меоӣ. Хона ба иҷора мегирем.

-   Не охир, намешавад. Ман дар он хонаҳо зиёд заҳмат кашидамм. Чор фарзандамро ба танҳоӣ калон кардаам. Дилам намешавад.

-   Бигузор! Як хона будааст.

-   Ҳам падару модарам мегӯянд, ки беҳтараш падари фарзандонамро қабу кунам. Ману шумо.... шумо ниҳоят ҷавон... ин ҳама сол ман ба хотири фарзандҳоям шавҳар накардам. Акнун духтарам дар хоани шавҳараш. Бе ин ҳам аз пушти падарашон кӯдаконам зиёд таъна шунавидаанд. Боз ҳамин намерасид, ки ба духтарам гӯянд модараш баъд аз ӯ шавҳар кардаву ба ошиқӣ пардохтааст.

-   Санавбар ту чиҳо мегӯӣ?

-   Ҳақиқатро мегӯям... Кош мо 20 сол пеш ҳамдигарро во мехӯрдем ва ба ҳамдигар мерасидем. На дарду азоба медидаму на аз овозаи мардум метарсидам...

-   Чӣ? 20 сол пеш – бо ханда гуфтам ман – 20 сол пеш ман кӯдак будаму дар кӯчаҳо хокбозӣ мекардам. Ту он лаҳза маро дидан мехостӣ?

Аз ин пас ӯ кӯшиш мекард аз ман фосила гирад. Албатта барои худаш ҳам душвор буд. Вале медонистам, ки ин танҳо сабаби ҷудогии мо нест.

Намир...!

 

Панҷуми апрел буд... Соати чору сӣ дақиқаи субҳ ба ман аз ӯ паёмак омад: “Нафасам мегирад... Мемирам... Маро бубахш! Шодӣ ҷонамро даст бигир”

Ин паёмакро ман соати 8-9-и субҳ хондаам. Чи гуфтанамро намедонистам. Худоро зорӣ мекардам, ки ин бор ҳам шӯхиҳои бенамаки Ҳусния бошанд... Даҳ-понздаҳ бор ба телефони дастии Санавбар занг задам. Касе ҷавоб намедод. Билохира Суман бардошт ва гуфт, ки тағоҳояш омада ӯро бурдаанд. Аз Суман хоҳиш кардам, ки кадом беморхона бурданашро муайян карда, ба ман хабар диҳад. Аммо намедонам шояд аз шарм буд, ки ӯ дигар ба ман занг назад ва воқеаро ман дертар аз забони Санавбар худаш фаҳмидам.

Вале ин бор ҳазл набуд... Субҳи содиқ бародаронаш аз дарди зиёд ӯро ба беморхонаи марказии Ҳисор бурдаанд. Духтурон ҷиддӣ будани маразро фаҳмиданд, аммо дақиқан чи беморист фаҳмида натавонистанд ва онҳоро ба Душанбе равон карданд. Дар Душанбе духтурон ба ӯ доруҳои карахткунанда ва таскинбахш доданд, лек чи касал буданашро нагуфтанд. Худи ҳамон рӯз гашта ба хонаашон рафтанд. Вақте бародараш ба берун баромад ва хатҳои духтурро дар хона фаромӯш кард, Санавбар онҳоро гирифта хонд... Худаш ки духтур аст, барояш фаҳмидан душвор набуд, ки ӯ гирифтори саратони мағз шудааст.

Баробари каме ҳолаш беҳ шудан, ба ман занг зад ва ин хабари шумро расонд. Мехостам бовар накунам, аммо ҳамагӣ як рӯз пеш аз бемор шуданаш мо дар боғи Ғалаба вохӯрда будем. Чанд бор, гӯё пешпо хӯрда бошад, қариб ки меафтод. Ҳатто назди театри лухтак ба зону ҳам афтод. Ман дасташро мегирифтаму ҷое менишондам... Акнун зиндагӣ барояи сахт гардид. Агар Санавбарамро аз чанголи шавҳараш ҳам раҳо мекардам, назди аҷал дастбастаам. Чизе нагуфтам. Забон, ки аз ҳарф гуфтан монд, чашмон ашк резонданд... Санавбар бошад ба оташ равған мерехт:

-   Агар мурдам, мард бош, омада аз як гӯшаи тобутам бигир. Ба фарзандонам дилдорӣ деҳ, аз онҳо хабар бигир. Баъди дафнам омада болои қабрам “Санавбари нокомам” бигӯ...

Ҳеҷ чиз наметавонист маро хушҳол созад. Аввало ки умуман дар сарам фикри ӯро аз даст додан набуд, аммо баъдтар ки гап сари бар гаштани шавҳар ва тарси аз даст додани хонае, ки солҳо бар ивази ҷавонияш таъмиру тармимаш кардааст, мерафт, ин ҳама сахт набуд. Бигузор ҳатто аз ман набошад, аммо куҷое як гӯшаи дунё бошад ва ман бидонам, ки солим аст ва ҳанӯз ҳам як кунҷаки лабаш табассум боқӣ мондааст. Лек фикри ин ки ӯ маро ва фарзандонашро раҳо карда, як бора фаришта мешавад, инро дар худ ҳазм карда наметавонистам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД