Arzon march 2024
Дӯстмурод Шарипов: Кӯшиш мекунем, ки номамон ба некӣ барояд
06.10.2024
ОИЛА.ТҶ
799

Дӯстмурод Шарипов ҳаҷвнигори маъруф ва блогери шинохтаест, ки мудом бо саҳнаву филмҳояш табъи мухлисонашро шод мегардонад. Ин навбат ӯ барои банаворгирии силсилафилме ба ноҳия Айнӣ рафтааст, ки интизор меравад ҷолиб хоҳад буд.

Дар ин росто, мо бо Дӯстмурод Шарипов доир ба паёми силсилафилми нав, санъату блогинг пас аз ҳоҷӣ шудан, муҳимият ва мавқеи ҳаҷ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра суҳбат кардем, ки фишурдаи он манзури хонандагон мегардад.

- Аз наворҳои кӯтоҳе, ки дар саҳифаҳои иҷтимоиятон нашр кардед, фаҳмидем, ки силсилафилме таҳия карда истодаед. Лутфан, нахуст дар бораи пайдоиши идеяи он бигӯед.

- Дуруст аст, ки дар баробари ҳаҷвнигор будан, инчунин, мардум моро ҳамчун созандаи чандин филм ҳам мешиносанд. Пас аз хомӯшии зиёд дар филмофарӣ, мухлисон дар зери наворҳоямон бисёр менавиштанд, ки мисли солҳои пешин бо Алишер Равшанов (Гургалӣ) ва Илҳомҷони Шодӣ (Мугамбо) филм омода созед. Баъд, бо бачаҳо ва иловатан Акмал Ҷумаев вохӯрда, маслиҳат кардем. Хуллас, идея дар натиҷаи суҳбатамон пайдо шуд. Мақсадамон як филме таҳия кардан аст, ки ҳам ҳаҷвӣ ва ҳам тарбиявӣ бошад.

- Тавре медонем, дар силсилафилм онҳое нақш мебозанд, ки дар филмҳои пешинаатон буданд. Чӣ гуна тавонистед, ки ҳунармандони филмҳои пешинаатонро сарҷамъ кунед?

- Албатта, мо бо онҳое, ки солҳои пеш филм мегирифтем, доим дар алоқаем, иртиботро ҳеҷ вақт накандаем. Чун ҳамин гуна фикр пайдо шуд, бешубҳа ҳама розӣ шуданд ва корро сар кардем. Ҳамчунин, ҳунармандоне ҳам нақш мебозанд, ки ҳоло бо мо ҳамкорӣ накарда буданд.

- Чаро барои банаворгирии силсилафилм ноҳияи Айниро интихоб кардед?

- Номи филм “Сирри деҳа” аст. Сабаби интихоби ноҳияи Айнӣ хос аст, зеро он ҷо як деҳаи аҷоиб барои наворбардорӣ пайдо кардем, ки ба мазмуни сенария мувофиқ аст.

- “Сирри деҳа” ба тамошобин чӣ паём медиҳад?

- Дар ин силсилафилм зиндагии одии мардуми деҳа нишон дода мешавад. Нишон дода мешавад, ки мардуми кӯҳистон то кадом андоза бо ҳам наздиканд ва чӣ гуна ба ғаму хурсандии ҳамдигар шарик мешаванд. Рӯзгори мардум дар деҳа ва умуман махсусияти одамони кӯҳистонро бозгӯ мекунад.

- Сенарист ва коргардони силсилафилм киҳоянд?

- Чор касе, ки дар боло гуфтам: ман, Алишер Равшанов, Илҳомҷони Шодӣ ва Акмал Ҷумаев ҳам муаллифи филмнома ҳастем ва ҳам коргардон. Умуман, ҳама корро якҷоя мекунем.

- “Сирри деҳа” аз чанд қисм иборат аст?

- Аслан, мо “Сирри деҳа”-ро бо чанд мавсим тақсим кардем, ки ҳар мавсим дорои даҳ қисм мебошад.

- Дар вақти наворбардорӣ ягон ҳолати ногувор ё ҳодисае нашуд?

- Албатта, лаҳзаҳои ҷолиб хеле зиёд аст, аммо шукр, то ҳол ягон ҳолати ногувор рух надодааст, ҳамааш хуб аст. Инчунин, аз меҳмондории мардуми ноҳияи Айнӣ миннатдорем, ки бо мо хеле самимӣ буданд.

- Кай силсилафилмро дар Ютуб мегузоред?

- Айни ҳол санаи дақиқи нашр аниқ нест, зеро намедонем кори танзим чанд вақти дигар давом мекунад. Албатта, пешакӣ хабар медиҳем, ки кай нашр мешавад.

- Ҳоло дар Ютуб филму силсилафилм ба навор гирифтан муд шудааст. Оё филмбардориро дар Ютуб давом медиҳед ё боз хомӯширо ихтиёр менамоед?

- Акнун, кори мо ҳамин аст, умрамонро бо ҳамин корҳо гузаронидем. Дар оянда низ кӯшиш мекунем, ки филму саҳнаҳои тарбиявӣ пешниҳод кунем, то ки номамонро ба некӣ ёд кунанд.

Чаро дигар дар Сирк кор намекунад?

- Ҳоло ба кадом корҳо бандед?

- Дар баробари корҳои эҷодӣ, боз ҳамроҳи блогерони шинохта бо ташаббуси Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон дар корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҷашну маросимҳо, муаррифии варзишу варзишгарон ва ғайраҳо машғулем. Кӯшиш мекунем, ки саҳифаҳои иҷтимоиямон ба нафъи миллату давлат фаъол бошанд.

- Шумо аз ҷумлаи ҳунармандони фаъол будед, аммо пас аз зиёрати хонаи Худо камтар ба мухлисонатон навигарӣ пешниҳод мекунед. Сабаб дар чист?

- Солҳои пеш ба таҳияи наворҳо чандон аҳамият намедодем ва ҳар чизи бомаъниву бемаъниро нашр мекардем, ҳоло бошад, танҳо наворҳои хубу тарбиявӣ пешниҳод мекунем. Хосияти интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамин аст, ки матлаби нохуб гузорӣ, дарҳол номат мебарояд ва ҳамчун блогери фаъол шинохта мешавӣ, аммо тарбиявиву ахлоқӣ пешниҳод кунӣ, камтар дастгирӣ мешавад ва гӯё коре накарда истодаӣ.

- Шумо дар Сирки давлатӣ кор мекардед, шунидем, ки пас аз ҳоҷӣ шудан тарки кор кардед?

- Бале, корро дар Сирки давлатӣ тарк кардам. Санъат шохаҳои зиёд дорад ва ман ҳоло дар он шохае фаъолият дорам, ки имкон медиҳад ба мардум хизмат кунам. Яъне, саҳнаву филмҳои тарбиявии мо сабаби тарбия ёфтани бархеҳо шояд шаванд.

- Чаро дигар саҳнаҳои ҳаҷвӣ таҳия намекунед?

- Албатта, саҳнаҳои ҳаҷвӣ омода мекунем, аммо кӯшиш мекунем аз онҳо низ бинанда ибрате бигирад. Ин дунё ду рӯз аст ва бояд кӯшиш кунем, ки талқинкунандаи некӣ бошем.

- Оё бидуни ҳаҷв зиндагӣ карда метавонед, дар ҳоле ки умри шумо дар ин самт гузаштааст?

- Дар баъзе дидорбиниҳо, мардум мегӯянд, ки маро дидан замон механданд. Албатта, умри мо ба ҳамин соҳаву кор гузашт ва фикр мекунам ба хун омад, боз ба хун меравад. Кӯшиш мекунам, ки бо ҳаҷв ҳам бошад, роҳнамо бошам.

- Ба ҳаҷви имрӯзаи тоҷик чӣ гуна баҳо медиҳед?

- Ҳоло баҳо додан хеле мушкил аст. Имконияте, ки интернет фароҳам овардааст, новобаста ба синну сол ҳама ҳоло имкони матлаби ҳаҷвӣ нашр кардан доранд. Ҳар замон талаботи худро дорад ва ҳоло мардум фароғатро дар Инстаграму Ютуб мебинанд. Ҳар касе, ки он ҷо меҳнат кард ва мардум хуш қабулаш намуд, пас имрӯз ӯ зӯр аст.

- Аз вақте ки Ютуб пул намедиҳад, касоне, ки дар Ютуб фаъол буданд, хеле кам шуданд. Магар ягон роҳи дигаре нест, ки эҷодкорону ҳунармандон фоида ба даст оранд?

- Хеле аз эҷодкорон Ютубро ҷойи кори асосии худ меҳисобиданд ва сахт меҳнат мекарданд, аммо чун даромад қатъ шуд, ба дигар корҳо машғул шуданд. Ба фикрам ҳоло дигар роҳе нест, ки маҳсули эҷодро фурӯхта шавад.

- Обуначиёни шумо дар Ютубу Инстаграм хеле зиёданд. Оё фоидае, ки аз онҷо меёбед, ба зиндагӣ мерасад?

- Айни ҳол танҳо аз ҳисоби фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиндагиро пеш бурдан имкон надорад.

- Мухлисонатон аз шумо ба наздикӣ чӣ интизор шаванд?

- Албатта, саҳнаву филмҳои тарбиявӣ интизор шаванд, зеро то қадри имкон барои Ватану мардум хизмат мекунем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД