Arzon march 2024
Дӯстдоштаи аз шавҳар ҷудошудаамро ба занӣ гирам?
1852

Салом сомонаи дӯстдоштаи мо - “Оила”. Доим мебинам, ки тавассути сомонаи шумо одамони зиёд дарди дил мекунанд, саргузашти худро нақл мекунанд ва аз дигарон маслиҳат мепурсанд. Ман ҳам мехостам аз мухлисону обуначиёни ин сомона маслиҳат пурсам.

Соли гузашта моҳи март тавассути шабакаи “Инстаграм” бо як духтар тасодуфан шинос шудем. Аввал ҳамчун дӯст сӯҳбат мекардем. Баъдан, ин дӯстӣ ба ишқ мубаддал гашт. Ҳар рӯз во мехӯрдем. Бар замми ин, ҳар шаб то соати 1-2 бо ҳам тавассути телефон сӯҳбат мекардем. Чун духтар дар донишгоҳ таҳсил мекард, баъди ба итмом расидани соли таҳсил ба Шаҳритус ба хонаашон рафт.
Як рӯз дар кор будам, ки паёмак дод.

Гуфт, каме кор дораду дертар менависад. Ман ҳам барор хоста, аз пайи корам шудам. Аз байн ду соат гузашт, аммо паёме аз ӯ набуд. Аз ин хеле зиёд дар ташвиш шудам. Ҳарчанд занг мезадам, телефон хомӯш буд. Хостам паём диҳам, аммо маро ба рӯйхати сиёҳ партофта буд. Аз ин ҳама ман дар ҳайрат афтода, бовар накардам. Ҳарчанд бо телефони дигар занг мезадам, аммо он хомӯш буд.
Ман тӯли як моҳ бо сабаби руҳафтодагӣ ба рухсати меҳнатӣ баромадам. Дар ин як моҳ хеле зиёд ранҷ кашидам. Зиндагӣ дар назарам бидуни ӯ ҳеҷ маъное надошт. Ҳарчанд падару модарам чандин маротиба хостанд маро оиладор кунанд, аммо ман розӣ нашудам.

Ҳамин гуна, соли хониш оғоз гардид. Чандин маротиба ба донишгоҳи таҳсилмекардааш рафтам, аммо ӯ набуд. Баъдан, як рӯз аз масъулини донишгоҳ ному насабашро пурсон шудам. Гуфтанд, ки ӯ ба шӯъбаи ғоибона интиқол ёфтааст. Дигар умедамро аз ӯ кандам, чун суроғаи пурраи ӯро дар Шаҳритус намедонистам, ки кофта равам.

Аз байн 9 моҳ гузашт. Се рӯз қабл дар саҳифаи “Инстаграмм”-ам аз ӯ паёме омад. Дунё дар назарам рангин шуд. Ҳамон лаҳза ҷавоб додаму аз ҳоли ҳам пурсон шудем. Баъдан, сабаби ин ҳама корҳои ба ман кардаашро пурсон шудам. Гуфт, ки модараш аз муносибати мо огоҳ шудаасту телефонашро гирифта, хомӯш кардааст. Баъдан, як оилаи бой, ки писарашон аз ин духтар 12 сол калон будааст, ба хостгорӣ омадаанд. Ҳамон замон барои пулу молу боигарӣ модар розӣ шудааст. Ҳарчанд духтар чандин маротиба ба ин кор зид баромадааст, аммо ...

Аввали моҳи ноябр ӯро маҷбуран тӯй кардаанд. Мутаассифона, бо сабаби муносибати хуб надоштан ва дигар духтарро дӯст доштан шавҳараш ӯро зиёд ранҷ медодааст. Ҳамин гуна, баъди се моҳи зиндагӣ онҳо аз ҳам ҷудо шудаанд. Ҳоло духтар дар хонаи модараш аст.

Меҳру муҳаббати ӯ ҳоло ҳам дар дилам аланга мезанад. Мехоҳам аз шумо маслиҳат пурсам, ки ҳамин духтарро ба занӣ гирам, ё не? Дигар духтарро чандин маротиба падару модарам хостанд бо ман оиладор кунанд, аммо ман худро хушбахт ҳис намекунам ва намехоҳам ҳаёти дигар касро сӯзонаму худам ҳам маҷбурӣ зиндагӣ кунам.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД