Дӯстдоштаи маро бе хоҳиши худаш ба шавҳар дода истодаанд. Агар ӯро бо хоҳиши худаш дуздида, ба ягонҷо бурда пинҳон кунам, одамрабоӣ маҳсуб меёбад? Маро барои ин кор ба ҷавобгарӣ мекашанд?
Парвиз, аз н. Варзоб.
Тибқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аниқтараш моддаи 130 Кодекси ҷиноятӣ пинҳонӣ, ошкоро, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ ё бо истифодаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ, зиддиҳуқуқӣ ба даст овардани шахс ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноятӣ дар моддаи 181-и ҳамин Кодекс пешбинишуда одамрабоӣ ба ҳисоб меравад.
Дар асоси моддаи 22 Кодекси мадании ҶТ қобилияти шахси воқеӣ барои бо амалҳои худ ба даст овардан ва амалисозии ҳуқуқҳои маданӣ, барои худ ба миён овардани уҳдадорӣ ва иҷро намудани он (қобилияти амалкунии маданӣ) дар ҳаҷми пурра бо фаро расидани балоғат, яъне ҳангоми расидан ба синни ҳаждаҳ ба вуҷуд меояд.
Яъне, баъди расидан ба синни ҳаждаҳсолагӣ шахс мустақилона амалҳои барои манфиатҳояш таъсирдоштаро амалӣ мекунад ва барои он амалҳо дорои масъулият ва ӯҳдадориҳо мебошад.
Тибқи қонунгузории оилавии ҶТ Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кӯдакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
Яъне, оила бо розигии шахсони никоҳшаванда бунёд карда мешавад ва дар ин самт маҷбуркунӣ роҳ дода намешавад.
Бинобар ин гуфтан мумкин аст, ки шиносатон ҳуқуқ дорад озодона ҷойи истиқомати худро интихоб кунад, барои бастани ақди никоҳ розӣ шавад ё ин ки нашавад. Яъне, ин ҳуқуқҳои ӯ мебошанд.
Агар бо хоҳиши худ ҳамроҳи шумо ҷойи истиқоматашро интихоб кунад ва дар кирдорҳои шумо аломатҳои таҳдид, маҷбуркунӣ ва дигар ҳолатҳои бо қонун манъшуда ҷой надошта бошад, пас аз нигоҳи қонун мушкилие нест.
Аммо мо ҳамчун ҳуқуқшинос тавсия медиҳем, ки оилаатонро бо ризоият ва бо мувофиқаи ҳам духтари никоҳшаванда ва ҳам волидони ӯ бунёд намоед.