Бо духтаре аҳду паймон доштаму ба хонаашон хостгор равон кардам. Рӯзе модари бадҷаҳли духтар занг зада, гуфт, ки “рӯзи шанбе тӯйи калон карда, духтарамро ба шавҳар медиҳам, туи пойлучаки муҳоҷир духтари маро аз хотир барор!
Ман аз аввал ба падару модари ту гуфта будам, ки ба бачаи нохонда духтар намедиҳам!”Дӯстдоштаам ба ман паёмак навишт, ки “чӣ илоҷ, тақдиру насиб будааст. Паноҳи Худованд.» Ман мондаму шаҳри рус, хотираҳои муҳаббати хазонгаштаам.
Фардо азизи дилам аз они дигаре мешавад. Ҳамеша орзу мекардам, ки тӯй карда, ӯро ба хонаамон меорам. Орзуҳоям сӯхтанд. Модараш садди роҳи муҳаббати поки мо гашт.
Азбаски оилаамон камбизоат аст, ба хотири дӯстдоштаам хонданро партофта, рӯ ба Русия овардам, то ки пул ҷамъ карда, оиладор шавам. Акнун ҷӯраҳоям занг зада, мегӯянд, ки арӯсатро ёр- ёркунон мебаранд. Бароям хеле мушкил аст. Падару модарони азиз, илтимос садди роҳи муҳаббати фарзандон нашавед.
Алимуҳаммад, н. Дарвоз