Довталабони азиз!
Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ҳамаи шуморо барои омода шудан чун ҳуқуқшинос, иқтисодчӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, забоншинос, рӯзноманигор, омӯзгор ва дигар касбҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат даъват мекунад.
Муассисаи байнидавлатии таҳсилоти олии «Донишгоҳи (Славянии) Россия ва Тоҷикистон» соли 1996 дар доираи ҳамкориҳои гуманитарии Тоҷикистону Россия таъсис ёфтааст. Донишгоҳ дорои мақоми донишгоҳи давлатии Россия ва Тоҷикистон буда, дар он устодони соҳибтаҷриба дарс мегӯянд.
Таҳсил тибқи стандартҳои давлатии Федератсияи Россия сурат мегирад. Саҳми ДСРТ ҷиҳати амалӣ намудани ислоҳоти зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба назаррас аст.
Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон дорои 7 факултет, зиёда аз 5500 донишҷӯ, 179 доктор ва номзади илм, зиёда аз 49 барномаи таълимӣ (аз онҳо 5 барномаи таҳсилотии дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналхалқӣ мебошад), 5 бинои таълимӣ, хобгоҳ бо 250 ҷойи зист буда, дар донишгоҳ таълим дар 37 самти бакалавр ва 38 самти дараҷаи магистр аз рӯи 18 барномаи таълимӣ ба роҳ монда шудааст.Машғулиятҳо пурра бо забони русӣ мегузаранд.
Ғайр аз донишгоҳи бонуффуз будан, инфросохтори муосир ва шароити замонавии таълим бо китобхонаи бузурги илмию электронӣ ба шумо имкон медиҳад, ки дар оянда дар бозори меҳнати Тоҷикистону Россия ва ҷаҳон соҳиби кори хуб шавед, зеро ДСРТ яке аз муассисаҳои олии пешқадамтарини ҷумҳурӣ буда, дар он шароитҳои замонавии таълим фароҳам оварда шудааст, ки дар саросари кишвар назираш дида намешавад.
Консепсияи рушди ДСРТ ба чунин самтҳо такя мекунад:
Таҳсилотӣ – ҳифз ва инкишофи дастовардҳои пешқадами таҳсилоти Федератсияи Россия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Илмӣ – нигоҳ доштан ва зиёда кардани нерӯи илми тоҷик аз рӯйи равияҳои асосӣ дар пояи анъанаҳои беҳтарини Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи ҷаҳонӣ.
Фарҳангӣ – мустаҳкам намудани мавқеи забони русӣ ва фарҳанги рус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Довталабони азиз! Марҳамат ба Донишгоҳи мо, зеро ДСРТ макони ояндаи дурахшон ва фардои пурумеди ҳар яки шумост.