goodwell
Довталабон бештар тиб, варзиш ва омӯзгориро интихоб мекунанд
81

Бо мақсади дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишварамон аллакай беш аз 119 ҳазор довталабон ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод намуда, сабти ном кардаанд.

Дар ин бора Абдулвосит Шодиниё, муовини аввали директори ММТ маълумот дода, гуфтааст: “Шумораи умумии довталабони дар даври аввал сабти ном шуда 119 ҳазору 175 нафар мебошад, ки аз ин теъдод 116 ҳазору 569 нафарашон хатмкунандагони синфҳои 11 ва литсейу коллеҷҳои касбӣ ва 2 ҳазору 606 нафари дигар хатмкунандагони синфи 9 ҳастанд. Шумораи довталабоне, ки ба гурӯҳи ихтисосҳои панҷум, яъне тиб, биология ва варзиш ҳуҷҷат супоридаанд, аз дигар ихтисосҳо бештар аст, вале агар таносуби ҷойҳои нақшавӣ ва теъдоди довталабонро ба назар бигирем, теъдоди зиёди довталабон дар гурӯҳи ихтисосҳои сеюм - филология, педагогика ва санъат ҳуҷҷат супоридаанд”.

Нақшаи қабул барои соли таҳсили 2026-2027 дар маҷмуъ 121 ҳазору 398 ҷой будааст.

Сабти ном дар Маркази миллии тестӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ пулакӣ буда, арзиши бақайдгирӣ барои хатмкарда ва хатмкунандагони синфи 11 ва литсейу коллеҷҳои касбӣ 370 сомонӣ ва барои хатмкардаву хатмкунандаҳои синфи 9-ум 320 сомонӣ аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД