Китоби “Достони Қобилҷон” аз чоп баромад
Пас аз ним соли куштори ваҳшиёнаи писарбачаи 10 солаи тоҷик Қобилҷон Алиев дар як мактаби вилояти Маскави Русия дар Тоҷикистон дар борааш китобе бо номи “Достони Қобилҷон”нашр шудааст.
Тавре ки модари Қобилҷони ғуррамарг Нилуфар Сафоева зимни суҳбат бо рӯзноманигорон гуфтааст, муаллифи ин асар шоир Салоҳиддин Мирзозода буда, китоб моҳи июли соли равон дар нашриёти “Эр-Граф” бо теъдоди 200 нусха чоп шудааст.
"Достони Қобилҷон" аз пешгуфтор ва як достони назмӣ дар бораи Қобилҷон Алиев иборат мебошад.
Ёдрас мешавем, ки Қобилҷон Алиеви 10-сола моҳи декабри соли гузашта дар вилояти Маскав дар мактаб бар пояи нафрати миллӣ ба таври ваҳшиёна кушта шуд. Ин ҳодиса ҷомеаи ҷаҳониро такон дода, дар робита бо куштори ин кӯдаки бегуноҳ навраси 16-солаи рус бо номи Тимофей боздошт шудааст. Тафтиши ин қазияи хунин идома дорад.