sebiston july new
Доруқутти навзодон чӣ бояд дошта бошад?
525


Модарони меҳрубон! Шумо аз таваллудхона бо дасти пур баргаштед, ин бароятон бахти бузург аст. Навзод бо худ ба хонаатон шодӣ меорад. Аммо қадамҳои хурдакаки хона бо худ ташвишҳо дорад.

Пеш аз ҳама барои ӯ асбобу анҷом махсус заруриёт барои табобату нигоҳдорӣ зарур аст. Қуттидорӯ яке аз лавозимоти махсуси доиистифодашаванда аст, ки ба ҳар модар доштани он шарту зарур аст. Пеш аз тавалуд шудани тифл дуруқутиро омода кардан беҳтар аст. Дар он чӣ гирифтан ва барои навзод дар рузҳои аввал чӣ сарф мешавад мо ба шумо мегӯем:

Докаи пахтагини безараргардонидашуда (стрилний).  Дар кудакон одатан дар даҳону забонашон доғҳои сафед пайдо мешавад. Махсус маҳлулҳое ҳасстанд, ки (бо тавсияи духтур) даҳони кудакро бо он тоза менамоянд. Ин амалро бо докаи пахтагин анҷом додан мувофиқи мақсад аст.
2. Гушкобакҳои пахтагин. Аммо бо гушкобак даруни гушро кофтан мумкин нест. Танҳо барои нофи кудакро маҳлулҳои безараркунанда ва ё малҳам аз гушкобак истифода мешавад. Инчунин баъди оббозӣ гирди гушро хушк карда мешавад.
3. Малҳам барои зери уребча. Барои озор наёфтани пусти нозуки кудак чунин малҳамҳоро ҳатман дастрас намудан лозим.
4. Маҳлулҳои антисептикӣ
5. Пахта
6. Доруворӣ барои таб (беҳтараш аз намудҳои шамъча истифода намуд), дамиши шикам, ва қатраҳо барои дарди гушу гӯлуъ
7. Қатрачакон (пипетка)
8. Равған барои маҳс
9. Ҳароратсанҷ (термометр)
10. Қошуқ ва ё дорудиҳаки кудакона
Доруқутиро дар ҷои намоён ва дур аз дасти кудакон(агар аз навзод бузургтар дар хона бошад) нигоҳ доштан лозим аст. Дар рузҳои аввал табибон назорат мекунанд ва ноқисиҳои баъд аз тавалудии навзодро мегуяд ва мувофиқи он тавсияи ин ва ё он дорувориро медиҳад. Ба модар ин амал кумаки калон маҳсуб меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД