Arzon march 2024
Донистани технологияҳои иттилоотӣ ба наврасонӣ тоҷик комёбӣ овард
1318

  Мактаббачаҳои тоҷик дар олимпиадаи Авруосиёӣ аз фанни илмҳои дақиқ ғолиб омада, комёбиҳои назаррас ба даст овардаанд. Дар ин рақобати ақлонӣ чаҳор дастаи Тоҷикистон сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.

Дар олимпиадаи авруосиёии «ВКОШП-2023» аз фанни технологияҳои иттилоотӣ 539 даста ва дар маҷмӯъ 1617 нафар толибилмон иштирок доштанд, вале ба хонандагони тоҷик муяссар гашт, ки натиҷаҳои назаррас нишон дода, ҷойҳои намоёнро ишғол созанд.

Чаҳор дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки ҳар кадом 3-нафарӣ иштирокчӣ доштанд, дар байни рақибони сершуморашон маҳорат ва дониши аъло нишон дода, сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гаштанд. Дар ин бора Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи Вазорати маориф ва илми кишвар хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки аз Тоҷикистон дар даври ниҳоии олимпиадаи авруосиёии «ВКОШП-2023» дар маҷмӯъ 16 даста иштирок доштанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД