Суруш Раҷабов, донишҷӯи кафедраи забонҳои форсӣ ва чинии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни минтақавии Осиёи Марказӣ, ки ба мавзуи дониши фарҳанг ва таърихи Фаронса бахшида шуда буд, сазовори ҷойи аввал гардида, барои иштирок дар озмуни байналмилалӣ роҳхат гирифт.
“Озмун тариқи онлайн гузаронида шуда, дар он шунавандагони 7 маркази Алянс Франсэз аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбeкистон ширкат намуданд”,-навиштааст саҳифаи фейсбукии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд.
Озмун аз тарафи Фонди Алянс Франсэз дар Париж ташкил шуда, 3 ғолиби сатҳи байналмилалӣ барои такмили дониш тобистони соли оянд ба Фаронса сафар менамоянд.