Oila 5 years
Донишҷӯи тоҷик ғолиби озмуни байналмилалӣ шуд
01.02.2024
Мирсаид
871

Донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Зоир Насруллоев барандаи ҷоизаи «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ-2023» дар бахши илм ва иноватсия гардида, бо дипломи дараҷаи I, шаҳодатнома ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» мукофотонида шуд. Дар ин хусус худи Зоир ба Оила.ТҶ хабар дод.

Озмуни мазкур дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, донишҷӯи тоҷик дар он иштирок намуда, ғолиб омад. Он ҷиҳати муайян намудани беҳтарин донишҷӯ байни донишгоҳҳои олии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯи бахшҳои илм, инноватсия ва дигар самтҳо баргузор гардид.

Зоир 6-уми январи соли 2005 дар шаҳри Норак ба дунё омада, хатмкардаи литсейи давлатии “Нурбахш”-и ш. Норак аст. Ӯ замони таҳсил дар мактат гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, стипендияи раиси шаҳри Норак, стипендияи ҲХДТ ва ғолиби як қатор озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ буд.

Соли 2022 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, айни ҳол дар курси 2-юм таҳсил дорад. Имсол дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ширкат намуда, дар даври ниҳоии он соҳиби мақоми ифтихорӣ шуд.

Зоир дар баробари таҳсил дар Идораи барномаи субҳи Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ фаъолият дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД