Ҳамал (21 март-20 апрел)
Имрӯз барои нигоҳ доштани муносибатҳои хуб пеш аз ҳама бояд ба сухани шахси наздик бодиққат гӯш диҳед ва фикри ӯро эҳтиром намоед. Ҷасорату қатъият ба шумо имкон медиҳад, ки ҳатто мушкилоти душворро ҳал кунед. Агар дер боз қасди оғози кори муҳимро дошта бошед, ҳоло вақти муносиб аст. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, зеро даромад метавонад ноустувор гардад. Шомро бо истироҳат ё машқҳои оромбахш гузаронед.
Савр (21 апрел-20 май)
Имрӯз илҳоми зиёд эҳсос мекунед. Аз ин истифода бурда, дӯстдоштаатонро бо як сюрпризи хуш шод гардонед. Оиладорон бояд ба муносибатҳои худ содиқ монанд. Дар ҷои кор роҳбар заҳмататонро қадр карда, ҳатто метавонад шуморо бо мукофот сарфароз созад. Имкони пайдо кардани даромади иловагӣ низ ҳаст, вале хароҷот зиёд мешавад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ истеъмоли витаминҳо ва ғизои муфидро фаромӯш накунед.
Ҷавзо (21 май-21 июн)
Ҳатто агар байни шумо ва шахси дӯстдошта нофаҳмӣ ба миён ояд, меҳру ғамхории худро пинҳон накунед. Ин ба нигоҳ доштани эътимод мусоидат мекунад. Имрӯз муайян кардани ҳудуди шахсӣ барои шумо муҳим мегардад. Кори зиёдро ба дӯши худ нагиред ва аз муомилаҳои молиявии шубҳанок дурӣ ҷӯед. Агар худро асабонӣ эҳсос кунед, беҳтараш хуб истироҳат карда, қувваи равонии худро барқарор созед.
Саратон (22 июн-22 июл)
Имрӯз ҷозибаи шумо зиёд шуда, диққати атрофиёнро ба худ ҷалб мекунед. Барои беҳтар кардани муносибатҳо ё шиносоии нав фурсати хуб аст. Хабари хуш ё кумаки ғайричашмдошт аз нафароне мерасад, ки интизораш набудед. Пеш аз қабули қарор ҳама чизро бодиққат санҷед. Агар маблағи иловагӣ ба даст оред, онро барои хариди муҳим сарф кунед. Аз ғизои вазнин худдорӣ намуда, бештар хӯроки солим истеъмол кунед.
Асад (23 июл-23 август)
Агар ҳоло танҳо бошед, баҳона барои овозаҳои нолозим надиҳед. Дар муносибатҳои оилавӣ эҳтимоли баҳсу нофаҳмиҳо вуҷуд дорад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Дар ҷои кор бошад, натиҷаҳои хуб ба даст меоред ва заҳмататон қадр мешавад, ки метавонад вазъи молиявиатонро беҳтар кунад. Барои хароҷоти ногаҳонӣ маблағ захира кунед. Ба намуди зоҳирӣ ва саломатии худ бештар аҳамият дода, машқи ҷисмонӣ кунед.
Сунбула (24 август-23 сентябр)
Эҳтимол нисбат ба ҳамкори дерина эҳсоси махсус пайдо кунед, аммо дар рафтор эҳтиёткор ва боодоб бошед. Имрӯз бояд кори муҳимеро анҷом диҳед, ки ба таъхир гузоштанаш дуруст нест. Гарчанде лоиҳаи ҷорӣ чандон умедбахш набошад, бо сабру кӯшиш метавонед натиҷаи хуб ба даст оред. Дар масъалаҳои молиявии оилавӣ пеш аз хариди калон ҳатман бо наздикон маслиҳат кунед. Ба нишонаҳои саломатӣ низ диққат диҳед.
Мизон (24 сентябр-23 октябр)
Шахси наздикатон на ҳамеша фикру нияти шуморо мефаҳмад, аз ин рӯ оромона ва ростқавлона онро шарҳ диҳед. Имрӯз ситораҳо аз баҳсу ранҷиш ҳушдор медиҳанд, бинобар ин эҳсосотро идора кунед. Қарорҳои муҳимеро чанд рӯз ба таъхир гузоштан беҳтар аст, зеро ҳолатҳои нав пайдо мешаванд. Барои бастани шартномаҳои молиявӣ рӯзи мусоид аст. Ба парҳези худ аҳамият диҳед, то мушкилоти меъда ва дарди сар пешгирӣ шавад.
Ақраб (24 октябр-22 ноябр)
Вақти он расидааст, ки ба муносибатҳои гузашта аз нигоҳи дигар назар кунед. Имрӯз барои вохӯрӣ бо дӯстону наздикон ва изҳори эҳсосот рӯзи хуб аст. Харидҳо низ бобарор мешаванд. Агар роҳбар заҳмататонро нодида гирад, бо эҳтиром худро нишон диҳед ё дар бораи кори дигар андеша кунед. Аз хавфҳои молиявӣ ва фиребгарон эҳтиёт бошед. Агар худро хаста ҳис кунед, бештар истироҳат намоед.
Қавс (23 ноябр-21 декабр)
Агар то имрӯз бахти ишқ ба рӯятон нахандида бошад, акнун имкони хуб пайдо мешавад. Танҳо ташаббусро худатон ба даст гиред. Пешниҳодҳои шумо барои беҳтар кардани зиндагии оилавӣ аз ҷониби наздикон дастгирӣ хоҳанд шуд. Рӯз метавонад бо мушкилоти корӣ ва корҳои нотамом вазнин гардад. Дар хароҷот эҳтиёткор бошед ва аз хариди беҳуда худдорӣ кунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бори ҷисмониро камтар кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)
Эҳтимол ранҷишҳои кӯҳна дубора ба ёд оянд. Онҳоро оромона баррасӣ кунед, то дилҳо пок шаванд. Бо баъзе хешовандон ё дӯстон нофаҳмӣ ба вуҷуд омада метавонад, вале бо хирад ва ҳушёрӣ ҳама чизро ҳал мекунед. Имрӯз аз шумо меҳнати зиёд талаб мешавад ва корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед. Даромади ғайричашмдошт низ имкон дорад. Барои саломатӣ асабҳоро эҳтиёт карда, хуб истироҳат намоед.
Далв (21 январ-20 феврал)
Имрӯз барои онҳое, ки ҳанӯз танҳо ҳастанд, имкони шиносоии нав хеле зиёд мешавад. Барои мустаҳкам шудани муносибатҳои оилавӣ корҳои хайрро якҷоя анҷом диҳед. Дар ҷои кор дастовардҳоятон қадр шуда, эҳтимоли гирифтани вазифаи баландтар вуҷуд дорад. Бо вуҷуди ин, маблағ метавонад барои ҳамаи ниёзҳо кофӣ набошад, бинобар ин хароҷотро боақлона ба нақша гиред. Барои нигоҳубини худ ва харидҳои муфид рӯзи муносиб аст.
Ҳут (21 феврал-20 март)
Имрӯз рӯҳияи ошиқона доред, аммо дудилагӣ метавонад шахси дӯстдоштаатонро асабонӣ кунад. Боварӣ ва қатъият нишон диҳед. Рӯз барои ободу зебо кардани хона ё таъмири хурд мусоид аст. Дар кор эҳтиёт кунед, то сирри худ ё дигаронро нохост ошкор насозед. Аз харидани молҳои гаронбаҳое, ки арзишашонро надоранд, худдорӣ намоед. Ба ҳисси ботинӣ ва нишонаҳои саломатии худ бодиққат гӯш диҳед.