goodwell
ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
1337

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ишқбозӣ дар ҷойи кор ба муносибати ҷиддӣ табдил намеёбад ва ин ҳатто ба фоидаи шумост. Агар оиладор бошед, эҳтимол байни шумо ва хешовандони ҳамсар нофаҳмӣ пеш ояд. Имрӯз барои харид рӯзи мусоид аст, аммо беҳтараш аз тозакунии куллии хона худдорӣ кунед. Дар кор имкони ҳалли баҳсҳои кӯҳна пайдо мешавад. Дар хароҷот сарфакор бошед ва маблағи даромади ногаҳониро ба дигарон зиёд нақл накунед.

Савр (21 апрел-20 май)

Имрӯз ҳамсар ё шахси дӯстдошта аз шумо талаботи бештар мекунад, ки метавонад каме асабонӣ созад. Ба наздикӣ эҳтимоли оғози таъмири хона вуҷуд дорад, бинобар ин хароҷотро аз пеш ҳисоб кунед. Дар кор масъулиятшиносӣ ва сабру таҳаммул ба пешрафти шумо мусоидат мекунад. Агар аз маоши худ розӣ набошед, дар бораи иваз кардани фаъолияти касбӣ фикр кунед. Саломатӣ хуб буда, нерӯи кофӣ барои анҷоми корҳои зиёд хоҳед дошт.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Агар танҳо бошед, бештар дар ҷамъият бошед, зеро имрӯз имкони шиносоӣ бо шахси ҷолиб зиёд аст. Дар муносибат бо наздикон ихтилофи назар пеш омада метавонад, вале бо суҳбати ором роҳи ҳал пайдо мекунед. Дар кор роҳбар қобилиятҳои шуморо қадр хоҳад кард. Вазъи молиявӣ тадриҷан беҳтар мешавад ва мумкин аст бо баъзе ҳуҷҷатҳои расмӣ сарукор гиред. Нимаи дуюми рӯз рӯҳияи болида хоҳед дошт.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳтимол нисбати шахси дӯстдошта хулосаи нодуруст бароред. Ба ҳисси ботинии худ бештар эътимод кунед ва шитобкорона қарор қабул накунед. Дар оила тағйироти хурд ба амал меоянд, ки дар ниҳоят ба нафъи шумо хоҳанд буд. Шиносоӣ бо шахсони бонуфуз метавонад барои пешрафти касбӣ мусоидат кунад. Агар масъалаи душворе доштед, имрӯз роҳи дурусти ҳалли онро пайдо мекунед. Аз ғизои вазнин худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз беҳтараш диққати худро ба муносибатҳои ошиқона равона созед, зеро имкони муваффақият зиёд аст. Корҳои хонаро ба таъхир нагузоред, то баъд ҷамъ нашаванд. Дар фаъолияти касбӣ роҳбар ё муштарии муҳим метавонад заҳмати шуморо қадр кунад. Имкони гирифтани маблағи иловагӣ низ вуҷуд дорад, вале онро барои чизҳои нолозим сарф накунед. Барои нигоҳ доштани саломатӣ ба тарзи ҳаёти солим аҳамият диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз дар арзёбии вазъият эҳсосот метавонад ба шумо халал расонад, бинобар ин қарорҳои муҳимро ба вақти дигар гузоред. Имкони вохӯрӣ ва муоширати бештар бо одамон пайдо мешавад. Дар кор баъзе ҳамкорон метавонанд монеа эҷод кунанд, вале шумо аз уҳдаи мушкилот мебароед. Нимаи дуюми рӯзро бо аҳли оила гузаронед. Хариди деринтизор низ метавонад амалӣ шавад. Аз машқҳои вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Агар барои шубҳа кардан асосе надошта бошед, ба шахси дӯстдошта бовар кунед. Бадхоҳон метавонанд аз гумонҳои шумо истифода баранд. Бо фарзандон ё наздикон ба корҳои шавқовар машғул шавед. Барои масъалаҳои корӣ рӯзи муносиб аст ва эҳтимоли тағйироти мусбат дар фаъолият вуҷуд дорад. Маблағи ғайричашмдошт ба даст меояд, вале зуд сарф мешавад. Аз хастагӣ ва фишори асаб эҳтиёт кунед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Имрӯз муносибатҳои ошиқона аз суханони тунди шумо осеб дида метавонанд. Сабру мулоимӣ беҳтарин роҳи ҳалли мушкил аст. Тағйироти наздик ҳам ба кор ва ҳам ба зиндагии оилавии шумо таъсир мерасонанд, бинобар ин муносибатҳои худро мустаҳкам кунед. Қобилияти роҳбарии шумо хуб намоён мешавад. Баъзе намояндагони ин мучал фоидаи молиявӣ ё туҳфаи ғайричашмдошт мегиранд. Аз нӯшидани қаҳваи зиёд худдорӣ кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар муҷаррад бошед, имрӯз барои оғози муносибати нав вақти муносиб нест. Дар хона бошад, фазои орому устувор ҳукмфармо хоҳад шуд. Дар кор қувваи худро дуруст тақсим кунед ва аз ӯҳдаи худ зиёд масъулият нагиред. Имрӯз харидҳои калон тавсия дода намешаванд, зеро эҳтимоли исрофкорӣ зиёд аст. Ба саломатии худ диққат диҳед ва агар лозим бошад, муолиҷаро сари вақт оғоз кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзҳои пурэҳсос дар пешанд ва рӯҳияи шумо зуд-зуд тағйир меёбад. Эҳсосоти худро пинҳон накунед ва ба дигарон меҳрубонӣ нишон диҳед. Агар дар ҷустуҷӯи кори нав ё пешрафти касбӣ бошед, имрӯз имконияти хуб пайдо мешавад. Дар ҳисобу китобҳои молиявӣ бодиққат бошед, зеро эҳтимоли фиреб вуҷуд дорад. Барои пешгирии хастагӣ бештар истироҳат кунед ва вақти худро дар табиат гузаронед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз байни шумо ва шахси дӯстдошта ихтилофи назар пайдо шуда метавонад, аммо ин муносибатро ҳатто ҷолибтар месозад. Дар оила фазои гарму дӯстона ҳукмфармо хоҳад шуд, агар фикри ҳар як узви хонаводаро ба назар гиред. Дар кор вақтро беҳуда аз даст надиҳед ва ба ҳадафҳои асосӣ диққат диҳед. Барои соҳибкорон имкони бастани шартномаи судманд ва барои кормандон гирифтани мукофот вуҷуд дорад. Аз ғизои равғанину тез худдорӣ кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар ҳоло муносибати ошиқона надошта бошед, танҳо ба фикри худ такя кунед ва ба суханони дигарон аҳамият надиҳед. Як воқеаи ғайричашмдошт метавонад нақшаҳои шуморо тағйир диҳад. Қувваи худро ба як кори муҳим равона кунед, на ба чанд самт. Нимаи аввали рӯз барои гуфтушунид ва имзои ҳуҷҷатҳо хеле мусоид аст. Агар зуд-зуд гурусна шавед, пеш аз хӯрок оби гарм нӯшед ва ҳангоми асабоният ба пурхӯрӣ роҳ надиҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД