Arzon march 2024
«ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН ба номи АБУАЛӢ ИБНИ СИНО»
27.02.2024
PROMO
946

Довталабони азиз!

Роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиби олии кишвар, ки зимни паёмҳову суханрониҳояшон дар вохӯриҳо бо омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони соҳаи тандурустӣ ироа мегарданд, инчунин, фармошҳою қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳадафҳои «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино то соли 2025», қарорҳои Шӯрои олимон ва Раёсати Донишгоҳ дар самти таълиму тарбия, таҳқиқоти илмӣ, корҳои муолиҷавӣ ва пурзӯр намудани пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳ ба роҳ мондаанд.

Имрӯз дар сохтори Донишгоҳ Пажӯҳишгоҳи тибби бунёдӣ, хадамоти ректор, 2 раёсат, 12 шуъба, 8 бахш, 12 марказ, 5 факултет, 60 кафедра, аз ҷумла, 35 кафедраи клиникӣ, 17 кафедраи назариявии тиббӣ ва 8 кафедраи умумитаълимӣ, 20 шӯро ва 27 озмоишгоҳи таълимию илмӣ фаъолият мекунанд. Дар Донишгоҳ 5 факултет – тиббӣ, педиатрӣ, тиббӣ-профилактикӣ, стоматологӣ ва фармасевтӣ мавҷуд буда, 35 кафедраи клиникии Донишгоҳ дар пойгоҳҳои 27 муассисаи тиббии ҷумҳуриявию шаҳрии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.

Донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фармасевтӣ аз рӯйи 5 ихтисос – «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа», «Стоматология» ва «Фарматсия» мутахассис омода менамояд. Ҳамчунин, дар Донишгоҳ аз рӯйи 40 ихтисос омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ - таҳсил дар зинаи интернатура, ординатураи клиникӣ, ихтисосгирии аввалия, магистратура, аспирантура, докторантура, доктор (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, дар Маркази таҳсилоти баъдидипломии Донишгоҳ такмили ихтисос, бозомӯзии касбӣ ва ихтисосгирии аввалия барои табибон ва омӯзгорон аз рӯйи ҳамаи равияҳои тиб ба роҳ монда шудааст.

Дар Донишгоҳ теъдоди донишҷӯён 12631 нафарро ташкил медиҳад ва бо муҳассилини баъдидипломии илмӣ ва муолиҷавӣ (1426 нафар) теъдоди умумии таҳсилкунандагони Донишгоҳ 14057 нафарро ташкил медиҳад. Аз 12631 нафар донишҷӯ, дар факултети тиббӣ 9373 нафар (74,2%), педиатрӣ 826 нафар (6,5%), стоматологӣ 1491 нафар (11,8%), фармасевтӣ 432 нафар (3,4%) ва тиббӣ-профилактикӣ 509 нафар (4%) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар соли таҳсили 2023-2024 зиёда аз 1790 муҳассилини хориҷӣ аз 27 давлати дунё, аз ҷумла, дар сатҳи тодипломӣ 1772 нафар, дар сатҳи баъдидипломии илмӣ 10 нафар, дар сатҳи баъдидипломии муолиҷавӣ 11 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Дар Донишгоҳ таҳсил бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта шуда, миқдори гурӯҳҳои бо забони русӣ таҳсилкунанда 490 (60,9%), бо забони давлатӣ таҳсилкунанда 207 (25,7%) ва бо забони англисӣ таҳсилкунанда 108 адад (13,4%)-ро ташкил медиҳад.

Дар Донишгоҳ теъдоди ҳайати профессорону омӯзгорон (ҲПО) 889 нафар буда, аз онҳо 457 (51,8%) нафарашон занон мебошанд. Аз шумори умумии ҲПО 404 нафар дорои дараҷаи илмӣ, аз ҷумла, 2 нафар академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 88 нафар доктори илм, профессор, 310 нафар номзади илм, дотсент ва 485 нафар муаллими калон ва ассистентон буда, дараҷанокии илмӣ дар Донишгоҳ 45,4%-ро ташкил медиҳад.

Боиси зикр аст, ки Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ ва ҳамаи барномаи таълимии ихтисосҳои Донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, дорои Сертификатҳои байналмилалӣ мебошад. Соли 2023 Донишгоҳ дар рейтинги беҳтарин донишгоҳҳо, ки аз ҷониби Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинги ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, иштирок намуд. Дар натиҷа, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар номинатсияи беҳтарин донишгоҳҳои тиббии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Молдова ва Белоруссия мақоми аввалро ишғол намуда, бо Сертификат сарфароз гардонида шуд, ки боиси ифтихор аст. Ҳамзамон, ҷоизаи мазкур аз ҷониби ташкилоти байналмилалии IREG оид ба рейтинги академӣ ва ташаккулёбӣ тасдиқ карда шудааст.

тибби 5

Дар Донишгоҳ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим ва таҳсилот тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст ва системаи автоматикикунонидашудаи идораи таълим амал мекунад, ки дар ҳуҷраи электронии донишҷӯ ба таври феълӣ баҳоҳо ва иштирок дар дарсҳо ҳамаруза қайд карда мешавад. Волидайни донишҷӯён низ ба ҳуҷраи электронии фарзандонашон ворид шуда ҳамарӯза аз таҳсилу давомоти онҳо хабардор шуда метавонанд.

Дар Донишгоҳ 8 Шӯрои диссертатсионӣ, аз ҷумла, як Шӯро дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ва 7 Шӯрои дигар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар шӯроҳои мазкур вобаста ба ихтисосҳо 63 рисолаи илмӣ (6 рисолаи докторӣ, 48 рисолаи номзадӣ, 9 рисолаи доктор (PhD) аз рӯйи ихтисос) ҳимоя карда шудааст. Ҳамчунин, омӯзгорони Донишгоҳ дар шӯроҳои диссертатсионии берун аз донишгоҳӣ 12 рисолаи илмӣ (1 рисолаи докторӣ ва 11 рисолаи номзадӣ) ҳимоя намудаанд.

Аз 24-ум то 29-уми апрели соли 2023 дар Донишгоҳ «Ҳафтаи илм» ва «Форуми олимони ҷавон», ки фарогири бахшҳои «Рӯзи рушди соҳавӣ», озмунҳои ҷамъиятҳои илмии донишҷӯён, Олимпиадаи байналмилалии «Авитсенна-23», озмуни байни донишҷӯён ва олимони ҷавон - «Инноватсия-23», Олимпидаи 2-юми байналмилалӣ оид ба стоматология ва Конференсияи XVIII-и илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» дар мавзуи «Илм ва инноватсияҳо дар тиб-2023» мебошад, бо иштироки намояндагони ватанию хориҷӣ гузаронида шуд. Дар доираи конференсияи мазкур 11 симпозиум ва 16 ҷаласаи сексионӣ баргузор гардид.

1 декабри соли 2023 Конференсияи 71-умини илмӣ-амалии Донишгоҳ бо иштироки намояндагони хориҷӣ дар мавзуи «Инноватсия дар тиб – аз илм ва амалия» гузаронида шуд, ки дар доираи он 6 симпозиум ва 10 ҷаласаи сексионӣ баргузор гардид. Дар чорабиниҳои илмӣ олимони шинохта ва ходимони сиёсию илмии ватанӣ, донишгоҳӣ, ҳамчунин, бештар аз 150 нафар меҳмонони конференсия – муҳассилин ва донишҷӯёну олимони хориҷӣ аз давлатҳои хориҷии Шветсария, Ҳиндустон, Олмон, Британияи Кабир, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Руссия, Белоруссия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Озорбойҷон ба тариқи офлайн ва онлайн иштирок карданд.

Дар Донишгоҳ 2 маҷаллаи илмӣ-амалӣ, аз ҷумла, маҷаллаи илмӣ-амалии «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ, ки ба реестри Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Сино» бо забони русӣ, ки ба реестри Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ворид мебошад, нашр мегарданд. Боиси ифтихори ҷумҳурӣ ва Донишгоҳ аст, ки маҷаллаи илмии «Паёми Сино»-и Донишгоҳ дар минтақа аввалин маҷаллаи илмӣ мебошад, ки 28-уми июни соли 2023 ба «Скопус» («Scopus») – Пойгоҳи ҷаҳонии маълумотии библиографии адабиёти илмии тақризшаванда ворид гардид. Дар Донишгоҳ маҷаллаи нави илмӣ-амалии «Наука и образование» таъсис дода шуд.

Дар назди Донишгоҳ Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» фаъолият дорад. Дар давраи ҳисоботӣ дар шуъбаҳои дахлдори Марказ 3000 адад равғани сиёҳдона дар шакли ғилофак, 7626 қуттӣ аз 14 намуди растаниҳои шифобахши ватанӣ коркард шуда, омода гардид ва 400 адад доруи хока (дибазол, поливитамин, димедрол) бо меъёри кӯдакона, 1000 адад маҳлули спиртии йод 5% - 10 мл, 1000 адад маҳлули спиртии бриллианти сабз 1% - 10 мл, маҳлули спиртии левомитсетин 0,25% ва 1%- 25 мл- 1000 ададӣ, маҳлули спиртии кислотаи борат 3% 25 мл 1000 адад тайёр гардида, барои табобати беморон пешниҳод карда шуд.

Ординатураи клиникӣ ва интернатура аз самтҳои асосии таҳсилоти баъдидипломии тиббӣ мебошад. Ҳамасола зиёда аз 600 нафар мутахассис баъди хатми ординатураи клиникӣ ва инртернатура барои фаъолияти корӣ ба муассисаҳои табобатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд.

Дар доираи лоиҳаҳо ва шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷии Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Италия, Ҷопон, Туркия, Куриё, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Дания, Австрия, Литва мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон амалӣ мешавад, ки дар соли 2023 47 омӯзгор ва 24 нафар донишҷӯйи Донишгоҳ дар муассисаҳои хориҷӣ ва 59 омӯзгор ва 49 донишҷӯи муассисаҳои таълимии хориҷӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар мубодилаи академӣ иштирок намуданд.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино бо ҳифзи анъанаҳо ва муосиргардонии ҷараёни таълим рисолати аслии худро баҳри омода намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ иҷро намуда, бевосита нақши арзандаи худро дар ҳифзи солимии миллат мегузорад.

Марҳаммат ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД