Салом! Ман як ҷавонзани дар зиндагӣ ранҷу азобҳои зиёд кашида ҳастам ва мехоҳам саргузаштамро нақл кунам, то ки ба дигар занҳои тоҷик дарси ибрат гардад.
Духтари деҳотӣ ҳастам ва ҳамеша орзу мекардам, ки ба ягон бачаи шаҳрӣ ба шавҳар баромада, дар шаҳр зиндагӣ кунам. Намедонам худованд дуоямро мустаҷоб гардонд ё тақдирам аз азал чунин будааст, ки як ҳамсояи холаам, ки дар шаҳр зиндагӣ мекард ва хеле бою бадавлат буданд, маро талабгор шуд. Волидонамон бо ҳам шинос набошанд ҳам, хотири хоҳараш модарам хостгории ҷавони шаҳриро қабул карда, падарамро низ ба тўй розӣ намуд.
Ҳамин тавр мо бо тӯйи осмонкаф риштаи тақдирамонро ба ҳам пайвастем, вале аз рўзҳои аввали зиндагӣ домод писандам наомад. Чашмонаш ким чӣ хел беҷо буданд ва бозӣ мекарданд, қилиқҳои бешармонааш бошад, ғаши маро меоварданд, вале дам фурў баста, ба ҳамааш чашм мепўшидам. Шавҳарам чунон нағмаҳое мекард, ки гуфтану навиштанаш имкон надорад. Азбаски пеш аз шавҳар кардан дар назди як бибиотун Қуръон хонда будам, нағмаҳои шавҳарам ба ман хеле сахт мерасиданд. Кӯшиш мекардам, ки ба ӯ чӣ будани гуноҳ ва савобро фаҳмонам, аммо домоди шаҳрӣ ба ҳоли мани қишлоқӣ хандида, маро масхара мекард.
Хулоса, шабҳоро бо гиря саҳар мекардам, аммо ба хотири вайрон нашудани зиндагиям маҷбур будам, ки тоқат кунам. Пуртоқатии маро ба таври худ фаҳмида, шавҳарам ҳар рўз ягон нағмаи нав мебаровард ва маро беш аз пеш ҷигархун мекард. Оқибат косаи сабрам лабрез гашт ва аз баҳри зиндагии бароҳат дар шаҳр гузашта, талоқамро талаб намудам.
Ҳамин тавр оилаи мо вайрон шуд ва як сол пас ба марди дигар, ки мисли худам деҳотӣ буд, ба шавҳар баромадам. Худоро шукр, ҳоло зиндагиам хуб асту шавҳарам маро бо ним нигоҳ мефаҳмад. Ба духтарон гуфтаниям, ки ҳар кас бояд пояшро баробари кӯрпааш дароз кунад, охир, беҳуда нагуфтаанд:
Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз.
МАДИНА, аз Темурмалик