Шавҳар беномус ки шуд…
Чун дидам, ки шавҳари хоҳарам нангу номус надорад, ба ў пул додам, то тиҷорати худро вобаста ба тиб кушояд.
Кордонӣ дар хуни мо будааст, ки Анор дар як муддати кўтоҳ ба бизнес-леди табдил ёфту ҳоло хоҳарам соҳиби сарвату боигарист ва сари чанбараки мошини хориҷӣ нишаста, ҳар ҷойе дилаш хоҳад, сафар мекунад. Шавҳараш бошад, гоҳ-гоҳ ба корҳои занаш ёрӣ медиҳаду боқӣ бекор аст.
Як рўз ҳамроҳи як шарики тиҷоратиям ба як осоишгоҳи бонуфуз барои се рўз роҳхат гирифтем. Мехостем дар муҳити ором корҳоямонро ҳаллу фасл кунем. Рўзи дуюм зери мизи сояи дарахтон ба шоҳмотбозӣ машғул будем, ки Анорро дидам, бо як марди қоматбаланди зебо оғўш ба оғўш дар бораи чизе мегуфтанду механдиданд. Ҳарчӣ рафиқам хоҳарамро намешинохт. Худамро ба нодонӣ задаму гўё чизе нашуда бошад, бозиямро давом додам. Бегоҳ хонаро хилват карда, ба Анор занг зада пурсидам, ки дар куҷоӣ? Ӯ хоболудона гуфт:
- Акоҷон, ман бо сафари корӣ дар як ноҳияи дурдаст қарор дорам, ҳамин ки омадам, занг мезанам, хайр…
Баъди пурсуҷуҳои зиёд ва пул доданҳо аз як корманди осоишгоҳ фаҳмидам, ки ин ҷуфт зуд-зуд барои ду-се рўз ба дамгирӣ меомадаанд. Диламро сагон тала мекарданд, охир, хоҳари шавҳардори ман бо марди бегонае ба фисқу фуҷур машғул аст, ман даюсам…
Иқрори гуноҳ
Пас аз як ҳафтаи хунхӯрданҳо хоҳарамро ба тарабхона даъват намуда, гуфтам, ки кори зарур дорам. Анор бо хушнудӣ таклифамро пазируфт. Ману Анор ягон сирри аз ҳамдигар пинҳон надоштем. Хоҳарам таъби маро хира дида, пичиррос зад:
- Акаҷон, тинҷӣ? Гап занед, талхаамро накафонед…
- Тинҷӣ, шавҳарат чӣ хел?
- Шавҳарам, гаштаст. Ҳамроҳи духтарам корҳои хонаро ба сомон мерасонаду баъд ба кор меравад.
- Ба кор?,- пурсидам бо ҳайрат.
- Ҳа, дар як фирама кор пайдо кардааст, дар мағозаҳои шаҳр сақичу печен ва ҳар гуна шириниҳо тақсим мекунад. Хайр, барои пивонўшияш пул меёбад…
- Анор, ман туро як ҳафта пеш дар осоишгоҳ бо як марди ношинос дидам. Ӯ кист?
Анор каме дасту по хўрду баъд нигоҳашро ба як нуқта дӯхта, гуфт:
- Бо ин мард ман шаш сол боз шиносоӣ дорам. Ӯ баъд аз шумо дар зиндагӣ такягоҳи ман аст. Дар мавридҳои зарурӣ ба ёриям мешитобад. Ӯ зан дорад, вале ман ўро дўст медорам.
Аз ин иқрори рўйрости хоҳарам ҳайрон шудам, вале ў ба ман имкони гап задан надода, ба гуфтораш идома дод:
- Акаҷон, айбам накунед, аз мард будан хаста шудам, мехоҳам зан бошаму марде бароям ғамхорӣ кунад, маро бубахшед…
Ростӣ, дилам ба хоҳарам сӯхт, вале гуноҳашро бахшиданӣ набудам, аз ин рў насиҳаташ кардам:
- Анор, ту зани шавҳардор ҳастӣ, баъд обрўйи маро андеша намекунӣ?! Ман туро хуб мефаҳмам, ин дафъа ба ту чизе намегўям, вале баъд аз худат дон! Ё аз шавҳарт ҷудо шуда ба ҳамин мард рас, ҳоло ҷавонӣ…
- Не, акаҷон, шавҳари ман - ин салиби ман аст, то охири умр худам мекашамаш. Охир, духтарам падарашро бисёр дўст медорад, баъд намехоҳам фардо духтарамро таъна зананд, ки модари ту ду шавҳар кардааст…
- Набошад дигар номаъқулӣ накун, агар аз ман умед дошта бошӣ, дигар ҳеҷ гоҳ ба роҳи хато намеравӣ!
Хоҳарам талх гирист ва ман инро аломати ризоияти ў фаҳмидам…
Ташвишу гумону изтироб
Аз ин суҳбати мо бо Анор як сол сипарӣ мешавад, ман дигар ягон қадами ноҷойи ўро мушоҳида накардам, ҳатто аз пушташ одам мондам. «Ҷосус» низ дар се моҳ ягон кори хатои хоҳарамро наёфт, вале дилам то ҳанўз осуда нест. Шавҳари хоҳарам, ки акнун бо шиками дамидаю пешонии калаш безебтар шудааст, парвое надорад, ки дар дунё чӣ гап аст. Дилам ба ҳоли хоҳарам месўзад, зеро дар зиндагӣ аз як мард дида зиёдтар кор мекунад, аммо гумон мекунам, ки ў ҳоло ҳам бо ҳамон мард вомехўрад, зеро акнун зуд-зуд ба хориҷа сафар мекунад.
Шояд хонандагон маро заифмиҷози сергап хаёл кунанд? Ман худам ҳам ба мардоне, ки шикоят мекунанд ё сирри каси дигарро мебароранд, нафрат дорам, аммо ин мушкили ҳаёти ман аст, зеро зиндагии ман бидуни ягона азизи дилам - хоҳарам маъно надорад. Аз хонандагон илтимос мекунам, ки маслиҳати худро аз ман дареғ надоранд.
Чӣ бояд кард?!
БАХТОВАР
Таснифи Рухсора САИД