Шаҳрванди 28-солаи Қувайт барои ба собиқ завҷааш исбот намудани он ки марди ҳақиқӣ аст, якбора чор духтарро ба занӣ гирифтааст.
Зимни як моҷарои хонаводагӣ ҳамсараш ӯро таъна задааст, ки баъди рафтани ӯ ягон зан бо вай барин марди шилқин зиндагӣ нахоҳад кард. Баъди баромада рафтани занаш ин марди аламкашида барқасд тӯйи дакаданг ороста, якбора 4 арӯс овардааст, то собиқ ҳамсараш шунида, аз рашк сӯхта мурад.
Домоди чорзана барои қалини арӯсонаш беш аз 135 000 доллар ва барои моҳи асал беш аз 27 000 доллар сарф кардааст.