Вохӯрии тасодуфӣ
Бегоҳ аз кор баргашта дар назди бинои истиқоматиямон бо писараки 10-12 солаи рус, ки аз сармо дарақ-дарақ меларзид, вохӯрдам. Шояд аз туфлиҳои кӯҳнаи намкашидааш об даромада хунукӣ ба мағзи ҷонаш асар карда буд, ки лабҳояш каб-кабуд менамуданд. Писарча чашмони сабзи маҳзунашро чунон бо раҳм ба ман духт, ки дилам таҳ кашид ва беихтиёр пурсидам:
-Дар ин хунукӣ дар берун чӣ мекобӣ?
-Камтар гарм шавам, соат панҷ, ки шуд, баъд хонаамон меравам,-сар ба зер афканда пичиррос зад кӯдак.
Аз ин ҷавоби писарак ҳайрон шудам, зеро ҳаво торик шудан дошту дар ин барфбод дар кӯча гарм шудан номумкин буд. Бароям аҷиб буд, ки наход ба хона рафтани кӯдак ҳам реҷа дошта бошад. Ҳамин вақт зани қоматбаланди лоғарандоме тез- тез қадам зада ба мо наздик шуд ва «Кадом рӯз ту модари зоратро мекушӣ Мишаҷон» гӯён, писаракро ба оғӯш гирифт. Аз гапи зан чизеро нафаҳмида ҳайрон-ҳайрон ба модару писар нигаристам. Ҷавонзан гӯё гунаҳгор бошад, бо чашмони пурнам базӯр шунаво «мебахшед» гуфта азми рафтан кард. Ҳисси кунҷковии занонаам боло гирифт ва майли донистани сарнавишти ин зани дар чеҳрааш ҳузни ноаёне нақшбаста маро ба он водор намуд, ки ҳардуро ба хона таклиф намоям, то чой нӯшида андаке гарм шаванду баъд ба манзилашон раванд.
Дар сари дастурхон Миша худашро ба модараш Ирина ҷафс карда аз оинаи нилгун чашм намеканд. Сӯҳбатамон оҳиста-оҳиста тафсид ва Ирина оҳи сарде кашида қиссаи пурғуссаи ба кӯча афтодани худашу писарашро нақл кард.
Ишқи ду ятим
Ману шавҳарам Николай дар ятимхона ба воя расидем ва оқибат дӯстиямон бо ишқ печид. Азбаски дониши хуб доштем, ҳарду якҷоя ба инистути технологии Харков дохил шуда, донишкадаро бо дипломи аъло хатм намудем. Шарикдарсонамон бисёр мехостанд, ки мо дар Украина монем, аммо меҳри Тоҷикистони азиз ширинӣ карду ба Ватан баргаштем. Ҳарду дар фабрикаи «Ширин» ба ҳайси технолог ба кор даромадем ва аз қайди никоҳи давлатӣ гузашта, зиндагии якҷояамонро оғоз кардем. Пас аз як соли хонадориямон ба мо аз тарафи корхона хонаи якҳуҷрадор доданд. Соли 1989 нахустписарамон Сергей ба дунё омаду зиндагии моро ширинтар намуд. Акнун ман хонашин шуда ба тарбияи фарзандам машғул будаму Николай кор мекард. Писаракам нав сесола шуда буд, ки ҷангҳои бемаънии бародаркуш оғоз ёфтанд. Қатори дигар корхонаҳои калони саноатӣ фабрикаи «Ширин» ҳам аз кор монд. Николай худро ба ҳар кори пешомада зада кӯшиш мекард, ки мо гурусна намонем. Солҳои ҷанг ӯ асосан чун электрик хизмати мардумро карда пораи нонамонро меёфт. Пас аз андаке беҳтар шудани вазъи сиёсӣ шавҳарам ба Маскав ба назди ҳамсабақони собиқамон коркобӣ рафту ваъда дод, ки пас аз ёфтани ҷойи кори аниқ ману писарамро мебарад. Ман бо ашки шашқатор бо ягона такягоҳам дар зиндагӣ хайрухуш карда, шавҳарамро то саристгоҳи роҳи оҳан гусел намудаму ба хонаи сарду холӣ баргаштам.
Дар гирдоби зиндагӣ
Кор ёфтан ё наёфтани шавҳарам маълум набуд, барои ҳамин худам ба ҷустуҷӯи кор баромада дар боғчаи бачаҳо мураббия шудам. Писарамро ҳамроҳам мебурдам. Маошамон кам бошад ҳам, волидон дастгириямон мекарданд ва ман, ки аслан бонуи сарфакор будам, зиндагиам пеш мерафт. Николай гоҳ-гоҳ занг зада аз авҳоламон мепурсиду мегуфт, ки одами хуберо ёфта пул мефиристад. Оҳиста-оҳиста дар Тоҷикистон насими субҳ вазида вазъият рӯ ба беҳбудӣ мениҳод. Сергейро ба мактаби наздикии боғча мондам.
Манзили нав
Шавҳарам танҳо баъди ду соли ба Русия рафтанаш, бо дасти тоҷикписаре бароямон чорсад доллар равон намуд, ки он вақт пули калон ҳисоб меёфт. Ҳамсояи девордармиёнамон ба Самарқанд кӯч бастанӣ шуда, ханаи сеҳуҷрагии серҷиҳозашро ҳазор доллар нарх монд. Барои аз даст нарафтани хонаи хуб ман дарҳол хонаамро бо тамоми ҷиҳозаш фурӯхтам ва ороишоти тиллояамро низ ба савдо зада ба пулҳои фиристодаи шавҳарам зам кардаму хонаи ҳамсояро харидам. Ҳамин тавр зиндагиамон низоми тоза ёфт. Чанде нагузашта Николай баргашт.
Аз идора: Давомашро фардо соати 21-00 интизор бошед!