Sebiston new 2024 october
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 6)
3104

(ИДОМААШ)

Номаи ошиқонаи Алишер Насибаро сахт ба ғазаб овард. Аввал арӯсак хост онро ба хусуру хушдоманаш нишон диҳад, аммо боз андеша кард, ки ин гап овоза шавад, албатта байни волидони Тоҳир ва он ҷавон ҷанҷолу мунозира сар мезанад ва шояд ҳамсояҳои аз асли гап бехабар гумон кунанд, ки худи Насиба ба ҷавон гаппаронӣ кардааст, аз ҳамин хотир мактубро дарронда партофту ба Тоҳир таъкид намуд, ки дигар бо Алишер ҷӯра нашавад.

 

Таҳдиди ошиқи шилқин

 

Аз байн ду рӯз гузашту боз Тоҳир ба кӯча баромада бедарак шуд. Фотимахола ба ташвиш афтида буд, ки писари девонаавзоаш ба куҷо гум шуда бошад. Насиба аз изтироби ботинӣ ҳеҷ ба худ ҷойи нишаст наёфта, беқаророна дар рӯйи ҳавлӣ гаштугузор менамуд. Келинчак чашмонашро аз дарвоза намеканд. Қарибиҳои шом бачаи ҳамсоя янга гӯён, аз сари девор Насибаро садо карду ба дасташ коғазеро дода гуфт:

 

-Як ҷавони мошиндор инро ба ман дода хоҳиш кард, ки ба шумо расонам!

 

Насиба хост номаро накушода дарронда партояд, вале ҳисси кунҷковиаш монеъ гашт. Вай ба гӯшаи хилвате рафта онро кушод. Чашм ба сатрҳои нома давондан баробар ҳуш аз сари арӯсак парид. “Янгаи мағруру зебоям, агар ҳозир ба назди мағозаи Лола наоӣ, Тоҳири девонаатро дигар зинда намебинӣ. Шавҳарат дар таги мошин монда мемирад ё дар канал ғарқ мешавад. Ин девона ғайри ту дигар ба ҳеҷ кас даркор нест, касе сабаби марги ӯро намеҷӯяд. Янгашка, зинда мондани Тоҳирро хоҳӣ, тезтар биё!”

 

Насиба аз хидматгорзан фаҳмида буд, ки Алишер ҷавони сарватманди шӯрапушт аст ва ҳатто барои таҷовуз ба номуси ду духтар дар маҳбас нишаста баромадааст, аз ин сабаб номаи даҳшатнокро хонда дасту пойҳояш ба ларза даромаданд....

 

Чашм ба сатрҳои нома давондан баробар ҳуш аз сари арӯсак парид. “Янгаи мағруру зебоям, агар ҳозир ба назди мағозаи “Лола” наоӣ, Тоҳири девонаатро дигар зинда намебинӣ. Шавҳарат дар таги мошин монда мемирад ё дар канал ғарқ мешавад. Ин девона ғайри ту дигар ба ҳеҷ кас даркор нест ва касе овора шуда, сабаби марги ӯро намеҷӯяд. Янгашка, зинда мондани Тоҳирро хоҳӣ, тезтар биё!”

 

Насиба аз хидматгорзан фаҳмида буд, ки Алишер ҷавони сарватманди шӯрапушт аст ва ҳатто барои таҷовуз ба номуси ду духтар дар маҳбас нишаста баромадааст, аз ин сабаб номаи даҳшатнокро хонда дасту пойҳояш ба ларза даромаданд. “Аз ин худозада ҳар бадкирдориро интизор шудан мумкин аст. Беҳуда аз дузд дузду аз авбош авбош мерӯяд намегӯянд, падари Алишер дар вақташ зани худашро ба табар кушта будааст, кӣ кафолат медиҳад, ки ин бачаи чунин қотил даст ба қатли Тоҳир барин ҷавони камақли бечора намезанад?!”- Андешид арӯсак ва тозон ба назди хушдоманаш рафта, ҳодисаро нақл карда, ҳарду номаи ошиқонаи Алишерро ба вай нишон дод. Вақти хондани мактуби дуюм ранги Фотимахола чунон парид, ки гумон мекардӣ ҳамин ҳоло ҷон ба ҷонофарин месупорад. Насиба тозон рафта барои хушдоманаш як пиёла об овард. Фотимахола чанд қулт об нӯшида бо лабони ларзон пичиррос зад:

 

-Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам?!

 

Насиба саволомез ба хушдоманаш нигарист.

 

-Ин Алишер аз ягон кас наметарсад. Аз ин худозада ҳар чиро интизор шудан мумкин аст,-аз нигоҳи келин рамуз гирифта, фаҳмонд кампир.

 

-Холаҷон, зиқ нашавед, дунё бе соҳиб нест, ки Алишер Тоҳирро кушад,-дили худаш сахт дар изтироб бошад ҳам, хушдоманашро тасаллӣ дод Насиба.

 

-Эҳ духтарам, чӣ хел ором шавам, ин морбача сари модари худашро хӯрда буд, магар ба бачаи бемори ман раҳм мекунад?!-Бо садои гирён посух дод Фотимахола,-Метарсам, ки ин авбош писари маро мекушад! Насиба дигар чизе нагуфта ба хонаи хоби худаш даромад ва хилъати хонагиашро кашида, либоси дигар пӯшида баромад. Фотимахола саволомез ба келинаш нигарист.

 

-Холаҷон, гиря накунед, Худованд меҳрубон аст, иншооллоҳ ба писаратон ягон воқеа рӯй намедиҳад. Ман рафта ӯро меорам,-Насиба инро гуфта ҷониби дарвоза равон шуд.

 

-Духтарам, исто, ман ҳамроҳат меравам,-Садо кард аз пасаш Фотимахола.

 

-Беҳтараш дар хона монда дар ҳаққи ман дуо кунед. Метарсам, ки шуморо дида ин Алишери авбош боз ягон найранги дигар накунад. Набояд мо бо рафторамон ҷони Тоҳирро дар хатар гузорем,-Насиба инро гуфту бо қадамҳои устувор аз ҳавлӣ баромад.

 

Вохӯрӣ

 

Мошини бадвоҳимаи Алишер аллакай дар назди мағозаи “Лола” истода буд ва Насиба бо чашмони аз ғазаб оташбор ба сӯйи вай рафта, ишорат кард, ки Алишер аз мошин фарояд.

 

-Медонистам, ки ту албатта меоӣ,-дандонҳои тиллоияшро намоиш дода, табассум кард Алишер, вале Насиба ба вай имкони хушомад задан надода ба миёни суханаш лагад зад:

 

-Тоҳир канӣ?

 

-Тоҳир?! Шояд вай аллакай дар он дунё, дар биҳишт сайру саёҳат карда истода бошад,-арӯсакро тарсонданӣ шуд Алишери авбош.

 

-Гӯш кун, бисёр худатро нишон дода аз худ киллери машҳур натарош! Барои аҳли ин маҳалла шояд ту “балои осмонӣ” бошӣ, вале ман аз он тарсончакҳои буздил нестам. Дунё бе дарвоза нест, дониста мон, ки агар як тори мӯйи Тоҳир аз сараш кам шавад, лингат аз осмон меояд,-Таҳдид намуд Насиба.

 

-Оҳо, ту ин девонаро ин қадар дӯст медоштаию мо бехабар,-мағрурона писханд зад Алишер.

 

-Девонае, ки ту мегӯӣ, шавҳари ман аст ва зарур ояд, барои вай ман пӯсти палангро аз танаш зинда ба зинда канда мегирам,-паст наомада, таъкид кард Насиба.

 

-Ин девона дили туро чӣ хел ёфтааст-а?

 

-Инаш кори ману шавҳарам! Тоҳир канӣ?

 

Алишер дид, ки ин духтарро на бо таҳдид ба дом афтонида мешавад ва на бо зару зевару хушгӯӣ, қошу қавоқ андохта дари мошинро кушоду ба сӯйи Тоҳири масти хоб ишора намуда гуфт:

 

-Мана матои поку ҳалолат!

 

Насиба шавҳарашро кашола карда аз мошин фароварданӣ шуд, вале Тоҳир чунон масти хоб буд, ки ӯро зинда ба зинда ба дарё партоянд ҳам, дарак намеёфт. Пучидану силтав задани Насиба кӯмак накард.

 

-Шин, ман худам шуморо то хонаатон мебарам,-пешниҳод намуд Алишер, вале Насиба розӣ нашуда гуфт:

 

-Тоҳирро бубар, пойҳои ман ҳанӯз нашикастаанд, худам меравам!

 

Алишер оҳиста-оҳиста мошин ронда, ҳанӯз умеди ба даст овардани дили ин арӯсаки зебою мағрурро аз даст намедод, вале Насиба ба хушомадгӯиҳои вай аҳамият надода, пои пиёда сӯйи хонааш мерафт.

 

Туҳмат

 

Дар дами дарвоза Фотимахола бо чашмони ашкбор интизор буд. Алишер бо дили нохоҳам Тоҳири масти хобро пуштора карда аз мошинаш фаровард. Авбоши ҳамсояро дида кампир гила кард:

 

-Ин чӣ кори кардаат буд, Алишер?!

 

-Чӣ кор кардам, холаҷон?-Худро ба нодонӣ зад ҷавони шӯрапушт.

 

-Ба келини ман чаро номаҳои ошиқона менависӣ?-Шаф- шаф накарда пӯсткандаи гапро гуфт Фотимахола.

 

-Ман нанавиштаам! Келинатон аз дасти девона ба дод омада, чунин найранг карда истодааст, ки зудтар аз ӯ ҷудо шавад,-бешармона Насибаро туҳмат кард Алишер.

 

-Беҳуда дар ҳаққи ин духтари фариштаи ман чунин туҳмат накун! Феълу хӯйи келинамро ман хуб медонам. Насибаи ман аз он духтарҳои кӯчагии ту мегуфтагӣ нест. Даҳонатро ҳафт бор обгардон карда, баъд номи келини маро ба забон бигир,-ангушташро таҳдидкунон ба лаб бурд Фотимахола.

 

(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД