new banner new years
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 5)
3002

(ИДОМААШ)

-Парво накун, ҳамсояҳо ба ин найрангҳои Тоҳир кайҳо одат кардаанд, дар куҷое, ки тӯй ё мурда шавад, вай албатта дар он ҷо ҳозир мешавад! Чанде пеш духтари Носирро ба шавҳар доданд. Тоҳир пеши роҳи домоду арӯсро гирифта, гирякунон гуфтааст, ки чаро арӯси маро мебарӣ. Домоди бехабар аз беақлии ин ҷавони зебо ба ғазаб омада, қариб арӯсаки бегуноҳро талоқ дода буд. Хайрият, ки ҳамсояҳо девона будани Тоҳирро фаҳмонданд, вагарна духтараки бечора бадбахт мешуд.


-Эҳ духтарам, ба найрангҳои бачаи уволаки ман аҳамият надеҳ, вай дар рӯзҳои сарди зимистон таги як майка мегардаду дар тобистон палтову кулоҳ мепӯшад,-даст афшонд Фотимахола.

Фотима-хола боз нақл кард, ки боре наварӯсе мемираду субҳи дигараш Тоҳир ба сари қабри вай рафта зор-зор мекунад. Хешовандони маит ба зӯр ӯро аз қабристон бароварда ба хонаашон оварда мондаанд. Насиба аз ин нақлҳои аҷиби хушдоманаш ҳайрон шуда пурсид:

-Тоҳир чӣ хел мефаҳмад, ки тӯй аст ё ҷаноза?

-Эй ин девона ба кори худ ҳушёр аст,-даст афшонд Фотимахола, бало барин ба ҳамааш сарфаҳм меравад. Чанде пештар хабар оварданд, ки Карими чӯпон мурдааст, дидӣ, аллакай Тоҳир палтои қароқулию телпакашро пӯшида, рӯймолча дар даст роҳи мотамхонаро пеш гирифт. Акнун қатори фарзандони Карими чӯпон гириста-гириста раҳматиро ба хонаи охираташ гусел мекунад.

-Ҳамсояҳо аз рӯйи Тоҳир шикоят намекунанд,-кунҷковӣ намуд Насиба.

-Не, бечораҳо медонанд, ки бемор аст, дам намезананд. Тақдираш ҳамин будааст келинҷон, чӣ кор кунем? Тоҳир ақл надорад, ба вай фаҳмонда намешавад, мо, ки ақли солим дорем, дари ягон касро беҳуда намекӯбем,-Оҳи сард кашид модар. Насиба эҳсос намуд, ки дили хушдоманаш кулбори ғам гаштааст.

Шуълаи умед

Тоҳир қарибиҳои бегоҳ аз ҷанозаи Карими чӯпон баргашт. Чашмонаш аз гиря варам карда буданд. Насиба ба рӯйи шавҳараш нигариста пурсид:

-Чаро дер омадӣ?

-Карим-акаро ба хонаи охираташ гуселон кардем,-бо ваҷоҳати ҷиддӣ посух дод домоди ноқисулақл.

-Канӣ як бори дигар такрор кун, ту чӣ гуфт?—Хандида хоҳиш намуд Насиба.

-Дар мурдаи як одами муъмин хандидан хуб нест,-Ангушти ишоратиашро ба лаб бурда таъкид кард Тоҳир ва афзуд:-Ман сахт гурусна мондам, арӯсаки зеботарини Тоҷикистон, ягон чиз биёр, ки аз гушнагӣ мемурам!

Ин суханони Тоҳир дар дили Насиба шуълаяки умедро фурӯзон намуданд. “Тамоман одами сиҳат барин гап мезанад. Ба Фотимахола гӯям, ки як бор Тоҳирро ба назди духтурҳои зӯр баранд, шояд сиҳат мешавад?!” аз дил гузаронд арӯсак...

Шаби васл

Насиба шаб дар бистар аз як паҳлу ба паҳлуи дигар гашта, зиндагии бе рангу бе мазмунашро фикр мекард ва андеша менамуд, ки аз чунин ба ном шавҳардорӣ чӣ ҳосил, охир одам хонадор мешавад, ки соҳиби фарзанд гардад ва наслашро идома дода, дар ин дунёи гузарон аз худ ному нишоне боқӣ гузорад. Ба чеҳраи Тоҳири масти хоб нигариста аз як тараф дилаш ба ӯ месӯхт, ба ҳоли ин ҷавони зебои аз ақл кам раҳмаш меомад, вале аз ҷониби дигар яқин медонист, ки сабру тоқаташ барои як умр бо ин девона зистан намерасад. Мижгонҳои дароз-дароз ва абрӯвони ғафсу зебои Тоҳирро тамошокунон арӯсаки бетолеъ аз дил мегузаронд: “Худоё, ба ин ҷавон ҳусну ҷамолро чунон арзонӣ ато намудаӣ, ки ба чеҳраи нурбораш нигариста, кас беихтиёр ҳазрати Юсуфро ба ёд меорад. Пас, чаро ба ин Юсуфрӯй ақли расо надоди, ки занеро хушбахт созад ?!”

Раҳматии бибиаш мегуфт, ки тамоми девонаҳо одамони биҳиштанд. Дар ин дунё осоиш надоранд, вале дар он дунё равзаи ризвон насибашон гашта, хушбахту шод мегарданд. “Тоҳири биҳиштии ман, худованд дар он дунё маро ҳамканори ту мегардонид бошад ё ягон ҳури ҷаннатро насибат месозад?”,- бо ин ҳарфҳо Насиба ба Тоҳир наздик шуд. Кадом як қувваи бузурге ӯро мисли оҳанрабо ба оғӯши ин ҷавони масти хоб мекашид. Арӯсак беихтиёр лабони ташнаашро ба лабони шавҳараш ниҳод. Оташи шавқ дар вуҷудаш якбора аланга зад, дилаш мехост тамоми шаҳду шарбати ин лабони сергӯшт ва нармро макида гирад. Тоҳир аз бӯсаҳои гарм ва пур аз эҳсосоти арӯсаш бедор шуда, мисли марди тамоман солим моҳирона ӯро ба оғӯш кашиду гардани зебояшро бӯсаборон намуда, пичиррос зад:

-Арӯсаки зебо, натарс ман намегузорам, ки Зардпарӣ туро бидуздад.

Дастони арӯс дар гардани домод ҳалқа заданд, дастони домод бошад, пайкари арӯсро ламскунон торафт поёнтар мефаромаданд. Беҳуда “девона ба кори худ ҳушёр аст” намегӯянд, Тоҳири камақл ончунон моҳирона Насибаро навозиш мекард, ки арӯсак дар оғӯши ҷавон девона буданашро тамоман аз ёд бурда, худро пурра дар ихтиёри вай гузошт. Он шаб байни Насиба ва Тоҳир муносибати маҳрамона ба вуқуъ омада, сармасти висол қариб то саҳар мижа таҳ накарданд.

Шодии модар

Субҳ Фотимахола таги як шабпӯшаки ҳарир ба сӯйи ташноб рафтани келинашро дида, фаҳмид, ки ниҳоят баъди 40 рӯзи тӯй Тоҳир бо арӯсаш шаби васл оростааст. Хурсанд шуд, ки акнун Насиба зан шуда, дигар фикри ҷудоиро намекунад. Тоҳири аз зиндагӣ розӣ бошад, дар ин лаҳзаҳо дар хонааш дар рӯйи бистари ҳарир ҳанӯз масти хоб буд.

Ишқи даҳшатзо

Насиба дар ташноб сару танашро шуста ҳар дам оҳи сард мекашид. Пардаи равшани рӯз ақли шабона дар оғӯши Тоҳир тирагаштаи арӯсакро акнун равшан намуда буд ва худ ба худ андеша мекард, ки агар ҳомиладор шавад, оқибаташ чӣ мешавад. Вай мисли ҳама занҳо мехост фарзанд дошта бошад ва лаззати модариро бичашад, вале андешаи “худо накарда, тифлаш мисли падараш девона ба дунё биёяд, чӣ кор мекунад?” ба дилаш сӯҳон мезад. Насиба симои хоҳаршӯяш Зуҳрои занҷирбанд, махсусан мӯйҳои ҷулидаю парешон ва чашмони ба чашми гург монанди ӯро ба ёд оварда, дилаш таҳ мекашид ва дар ҳоле, ки саропои вуҷудаш меразид, пичиррос мезад: “Худоҷон, тақдири маро ту бо ин ҷавони камақл пайвастӣ, агар моро фарзанд ато карданӣ бошӣ, пас фарзанди солиму солеҳамон бидеҳ! Ман тайёрам, ки як умр ба хотири ризои ту, худованди кариму раҳим Тоҳири девонаро ғамхорона нигоҳубин намоям, вале тоби дидани азобу ранҷи кӯдаки аз ақл бенасибро надорам. Намехоҳам фардо мардум ба ҳоли фарзанди ман биханданд. Намехоҳам духтар ё писари маро девона гуфта масхара кунанд. Аз дӯсту душман таънаи талхи “Насибаи мағрур девона зоидааст”-ро шунидан намехоҳам... “

 

Ин дам касе дари ҳаммомро кӯфт.

-Кист он ҷо?-Ҳаросон пурсид Насиба.

-Арӯсаки зебо, магар ту маро оббозӣ намедоронӣ ?-Садо дод Тоҳир.

-Камтар тоқат кун, ҳозир ман мебароям, баъд навбати ту...

-Не, ин хел намешавад, занакҷон! Зану шавҳар бояд якҷоя ғусл кунанд! Ман аввал бадани туро бо забонам, бо бӯсаҳои ширин мешӯяму баъд...

Насиба дид, ки баҳс кардан бо Тоҳири сармасти ишқу ҳавас маънӣ надорад, ночор дарро кушод...

Марди сафар

Тоҳир баъди оббозӣ кардан ба хона даромада, боз пӯстини гармашро пӯшид ва телпаки қароқулиашро ба сараш ниҳода, омирона аз дарвоза баромад. Насиба шавҳари ғалатиашро боз дар чиллаи тобистон бо либоси гарм дида аз дил гузаронд, ки имрӯз Тоҳир ба ҷанозаи кӣ мерафта бошад. Аз хушдоманаш пурсид, ки ягон кас дар маҳалла аз дунё гузаштааст. Фотимахола сар ҷумбонда ҷавоби рад дод. Арӯсак ба таҳлука афтида аз паси шавҳараш ба кӯча баромад, вале ҳарчанд “Тоҳир, ҳой Тоҳир, ист” гӯён, садо кард, шавҳараш ӯро нашунид ё худро ношунида вонамуд карда, роҳашро идома дод. Тоҳир аллакай ба он тарафи кӯча гузашта буд ва ҷавони болобаланди зебое дари мошини хориҷиро кушода ӯро ба назди худ мехонд. Насиба эҳсос кард, ки ҷавон шавҳарашро масхара карда истодааст. “Худозада, чаро мағрурона ба ҳоли ин бечора механдӣ?! Худованд ӯро ба чунин ҳол расонидааст, вагарна ту барин катачаҳо ба нохуни пойи вай намеарзидед”,- дар дилаш бо ҷавони ношинос мунозира намуд арӯсак ва оҳи сард кашида ба хона даромад.

Номаи ошиқона

Тоҳир қарибиҳои бегоҳ ба хона баргашт ва Насибаро ба гӯшаи хилвате бурду аз кисааш коғази чорқатшудаеро бароварда гуфт:

-Инро ба ту Алишер фиристод!

Арӯсак ҳайрон шуда пурсид:

-Алишераш кист?

-Ҷӯраи ман, бачаи зӯр аст, мошин дорад. Вай имрӯз туро аз дур дида гуфт, ки зани хушрӯй гирифтаӣ ва хоҳиш кард, ки инро ба ту расонам,-лоуболона мактубро ба Насиба дароз намуд шавҳараш.

Арӯсак акнун дард кард, ки ин дастовезро кӣ барояш фиристодааст ва лабашро газида мактубро кушод. Бойбачаи мағрур навишта буд: “Салом, янгаи бетақдирам. Ман Алишери шайдои ҳусну ҷамоли ту. Афсӯс мехӯрам, ки ту барин париро ба ин девонаи худо додаанд. Гулдухтари ту барин нозанин бояд дар оғӯши ман барин ҷавон бошад, то аз сараш зару зевар бирезад. Аз ин девона ба ту чӣ фоида мерасад? Беҳуда умри ҷавонатро бо Тоҳири чумо гузаронда худатро ҳайф накун. Ҷавонӣ монанди баҳор тез мегузарад, одам бояд лаззатҳои ҳаётро ба серӣ бичашад. Янгашка, агар ҳамон дастакони зебоятро ба гардани ман андохта, лабҳои мисли гул нозукатро ба лабонам гузорӣ, тамоми давлату сарватамро ба пеши поят мерезам. Розӣ бошӣ, пагоҳ маро дар назди чашма интизор шав!”

(ИДОМААШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД