Arzon march 2024
ДОМОДИ БЕАҚЛ (ҚИСМИ 13)
3169

(Давомаш)

-Ман чанд бор ба ин духтари бе ақл гуфтам, ки рафта насли он девонаро нест кунад, лекин вай ба мурдан розӣ мешаваду ба ин кор не.

-Ин тавр бошад, ба хонаи шавҳараш равад. Чаро ба гардани дигарон бор мешавад?

-Ман пагоҳ ба хушдоманаш занг мезанам, омада ӯро мебарад!

Насиба дигар тобу тавони гӯш кардани суҳбати падару моиндарашро накарда ба хона даромад ва ба хушдоманаш занг зада, хоҳиш намуд, ки омада ӯро ба хонааш барад. Фотимахола садои гиряолуди келинашро шунида дарк кард, ки моиндараш ӯро сахт ранҷонидааст ва худи ҳамон замон ба ронандааш занг зада, фармуд, ки ба зудӣ расида биёяд, барои овардани Насиба мераванд.

Маҷнуни сонӣ

Тоҳир аз дарвоза даромадани Насибаро дида кӯдаквор “урра” гӯён, дод зад. Насиба дар ҷавоби ин нидои шодӣ, ки аз умқи дили шавҳари камақл, вале самимиаш берун меомад, ширин табассум карда аз дил гузаронд: “Ҳамин девона аз баъзе одамони ҳушёр сад бор беҳтар аст, на макрро медонад, на ҳилаю найрангро, ҳар чи мекунад, аз таҳти дил мекунад ва ҳарчи мегӯяд, бе ягон андешаи ниҳонӣ ба забон меорад...” Фотимахола келинашро ба хона дароварда ба хизматгорҳо фармон дод, ки зуд дастурхон ороста барои Насиба хӯрданиҳои лазиз биёранд. Тоҳир дар паҳлуи занаш нишаста дастҳои Насибаро мебӯсид ва беист пичиррос мезад: “Арӯсаки хушрӯи ман, хайрият, ки ту омадӣ, набошад аз ғам мемурдам. Ман ҳар рӯз туро дар истгоҳҳо мекофтам. Зардпарӣ гуфта буд, ки аҷузакампир туро дуздида ба пушти куҳи қоф бурдааст. Гиряву зорӣ кардам, ки туро наҷот диҳад. Дили Зардпарӣ ба ман сӯхта ваъда дод, ки намегузорад, ки аҷузаи лаънатӣ туро кушад. Дидӣ, париҳои ман туро наҷот дода ба хона оварданд..”

Насиба табассум намуда, шӯхиомез бинии шавҳарашро пучиду гуфт:

-Маро париҳо наоварданд, худам омадам, лекин ту набояд ба шиками ман даст расонӣ, агар ин корро кунӣ, боз қаҳр карда меравам!

-Қасам мехӯрам, ки дигар ба шикамат даст намерасонам, фақат дигар қаҳр карда нарав. Ту равӣ, ман мемурам,-Тоҳир ҳунгосзанон инони гиряро сар дод. Дили Насиба ба шавҳари кӯдакфеълаш сӯхта, сарашро бо меҳр силакунон ваъда дод:

-Гиря накун, ман дигар ҳаргиз туро партофта намеравам...

Ансамбли “хира”

Тоҳир шабона дар кунҷи хона нишаста бо овози баланд суруд мехонд. Насиба таҳдид мекард, зорӣ менамуд, ки пасттар суруд хонад, то ба дигарон халал нарасонад, вале Тоҳир мисли бачаи қайсар баръакс овозашро боз ҳам баландтар карда, барқасд баландтар суруд мехонд ва гоҳо ба ҷону ҳолаш намонда Насибаро низ ба ансамбли “хира”-аш ҳамроҳ мекард. Насиба гоҳ дар ҳавои суруди “Оҳ, чи майда”-и шавҳари булаҷабаш мерақсиду гоҳи дигар ба Тоҳир ҳамовозӣ карда суруд мехонд. “Ҳунарнамоӣ”-ии писару келинаш ба гӯши Фотимахола низ мерасиду аз дил мегузаронд: “Тоҳир-ку девона, ба Насиба чӣ шуда бошад, ки дар нимашаб доду войкунон суруд хонда, гӯши ҳамаро кар мекунад. Мабодо касалии шавҳараш ба келинам ҳам асар накарда бошад ?!”

Рози дил

Шабе Тоҳир ба ҷону ҳоли Насиба намонда маҷбур намуд, ки қариб то дамидани субҳ ҳамроҳи вай “Оҳ чи майда”-ро хонад. Ҳамон рӯз Насиба худашро чандон хуб ҳис намекард. Ҳанӯз аз нисфирӯзӣ дарде гоҳ-гоҳ аз миёнаш чанг зада, ҳолашро табоҳ месохт, бар замми ин, шавҳари “артист”-аш намегузошт, ки ақаллан каме дароз кашида, роҳат кунад. Насиба асабӣ шуда Фотима-холаро ҷеғ зад. Хушдоманаш лолагун гаштани рӯйи Насибаро мушоҳида намуда, пай бурд, ки келинашро дарди зодан гирифтааст ва Тоҳирро ҷанг карда фармуд, ки зуд ба ҷогаҳаш даромада хобад. Тоҳир лабашро бурма карда дили нохоҳам ба бистар даромад, Фотима бошад, “ин девона яқин имшаб туро хобидан намемонад” гӯён, аз бозуи Насиба гирифта ӯро ба хонаи хоби худаш овард.

-Амакам канӣ?-Танҳо будани хушдоманашро дида пурсид Насиба.

-Амакат дар назди зану бачааш,-даст афшонд Фотимахола.

-Дар назди кӣ?!- Ба гӯшҳои худаш бовар накарда ҳайратзада ба модаршӯяш нигарист Насиба, ки аз шиддати дард рангаш ҳар лаҳза дигаргун мешуд.

-Дар назди зану бачааш. Амакат, аз ман пинҳонӣ зан гирифта, соҳиби писарча шудааст. Зани бачилларо танҳо мондан нахоста наздаш рафт.

-Шавҳаратон ба назди зани дигар рафтаасту шумо дар ин ҷо даст болои даст монда нишастаед?!

-Эҳ, духтарам, аз дасти ман чӣ ҳам меояд?! Забонам кӯтоҳ аст. Духтару бача медоштам, медонистам, ки бо амакату зани наваш чӣ кунам, вале бефарзандӣ дасту пойи маро бастааст. Сари баланду обрӯи зан фарзандаш аст, кӯдак надошта бошӣ, панҷ панҷаат ҳунар бошад ҳам, дар назди мард қадру қимат пайдо намекунӣ. Хоки зани бефарзанд бод будааст духтарам, бод!- Фотимахола ҳунгосзанон гиря кард. Вай чунон пуралам мегирист, ки натанҳо дили Насиба, балки дили осмон ҳам ба дард омада ба боридан сар кард.

-Гиря накунед, оқибати ҳамаи мардҳо ҳамин будааст, очаҷон! Хиёнат дар хуну пӯсту онҳо ҷой шудаасту фарзандро баҳона мекунанд. Магар модари ман фарзанд надошт? Дошт, вале падарам ақаллан то сари солаш тоқат накарда зани дигар гирифт. “Ишқи пирӣ, гар бихезад, оламе расво шавад” гуфтаанд, ин мардҳо пир, ки шуданд, девона шуда, дар ҳаваси зани ҷавон меафтанд. Падари маро бинед, зани ҷавон гирифта, ҳама оламу одамро фаромӯш кардааст. Дигар барояш фарқ надорад, ки духтараш мурда аст ё зинда. Занаш дар бағалаш бошад, кофист...

Келину хушдоман хеле ҳасрат карда нишастанд, сипас Фотимахола ба ронандаашон занг зада, хабар дод, ки Насибаро дарди кӯдак гирифтааст ва хоҳиш намуд, ки зудтар расида биёяд.

Интизорӣ, интизорӣ...

Насибаро ба таваллудхона бурданд. Келинчакро баъди шаш соати дарди сахт ба ошёнаи панҷум ба толори зоишгоҳ бароварданд. Фотима-хола ҳамроҳи ронанда ва ду дугонааш дар берун интизорӣ кашида, бехудона гоҳ ин тарафу гоҳ он тараф қадам мезад. Дилаш дар ташвиш буд, ки оё Насиба тифли солим ба дунё меоварда бошад ё не. Дар изтироб буд, ки Худо накарда келинаш ягон кӯдаки маъюбу маслуқ зояд, ҳолаш чӣ мешавад.

Дугоникҳои хушқадам

Насиба якбора ду писарча таваллуд кард. Одатан садои гиряи тифл тамоми ғаму дарди зоданро дар як дам аз хотири модар мерабояд ва дар лабонаш табассум медамад, вале Насиба ҳаросон ба момодоя менигарист. Аз парешон гаштани авзои ҷавонзан рамуз гирифта, духтурзан табассумкунон пурсид:

-Ҳа духтарам, аз чӣ тарсидӣ? Ту якбора модари ду писарчаи паҳлавони зебояк шудӣ, бояд ҳоло чашмонат аз хурсандӣ барқ зананд, ту бошӣ, бисёр маъюсу хотирпарешон менамоӣ?!

-Ду писар зоидан албатта хуб аст, вале...

-Чӣ вале?! Магар шавҳар надорӣ?-аз парешонии ҷавонзан маънии дигар бардошта, духтур шубҳаомез ба ӯ нигарист.

-Шумо ягон гумони бад накунед, ман ягон духтари бероҳа нестам. Шукри худо шавҳар, хушдоман ва хонаю дари обод дорам.

-Ин тавр бошад, барои чӣ ношукрӣ мекунӣ? Худованд ба ҳар кас дугоник намедиҳад, -духтурзан кӯдаконро аз хуну рим тоза карда, болои шиками модарашон гузошт. Тифлакон мисли моҳичаҳо ҷумбуҷӯл карда, синаи модар мекофтанд.

-Инҳо дар шиками очаҳояшон оромакак ва бисёр бачаҳои хубанд, ҳамин, ки дунёи равшанро диданд, дарҳол дар фикри сер кардани шикамашон меафтанд, -ҳазл намуд момодоя.

-Духтурҷон, бачаҳои ман соқу саломатанд?

Ин саволи Насиба табибро ба ҳайрат овард.

-Дида истодаӣ-ку, дасту по, лабу бинию даҳон, хуллас, ҳама ҷояшон бутун ва гул барин писарчаҳои хушрӯяк зодӣ...

-Ман дигар чизро дар назар дорам. Онҳо солимақланд?

-Инашро духтури асаб аниқ мекунад, духтарҷон,-даст афшонд духтурзан ва риштаи суҳбатро ба дигар тараф кашида пурсид:

-Дар авлодатон ягон кас дугоник таваллуд карда буд?

-Бале, хушдомани раҳматиам. Шавҳарам дугоник аст-Тоҳиру Зуҳро.

-Шумо авлодан одамони хушбахт будаед!

-Аз куҷо?! Дугоник зоидан хушдомани маро хушбахт не, бадбахт намудааст.

-Чаро?-Духтур бо ҳайрат ба Насиба нигарист.

- Барои он, ки ҳардуяшон. Яъне ҳам Тоҳиру ҳам Зуҳро ақли солим надоранд. Девонаанд...

(ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21 -00 ИНТИЗОР ШАВЕД)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД