(Давомаш)
Бо ишорати Фотимахола хизматгорон Зуҳроро ба ошёнаи сеюм бароварданд, то боз занҷирбанд созанд. Духтари ҷиннӣ дастҳои онҳоро мегазид, гиря мекард, дод мезад, вале раҳоӣ ёфта наметавонист. Дидани ин манзара дили модарро чунон ба дард овард, ки чашмонаш ҳавзи об гаштанд. “Магар ягон модар мехоҳад, ки фарзандашро мисли саг занҷирбанд намояд? Албатта намехоҳад! Ман ҳам модарам ва тоби озори шумоёнро надорам, вале чи кунам, ки дигар чора надорам. Занҷирбанд накунам, худо медонад, ки чи балоҳои азимро ба сари худат ва дигарон меорӣ”,- пичиррос зад вай. Хизматгорон Зуҳроро занҷирбанд карда, дарро аз рӯяш маҳкам намуданду калидро оварда ба дасти соҳибхона супурданд. Фотимахола калидро ба киса зада, вазнин-вазнин қадам гузошта ҷониби хонаи хобаш равон шуд. Ин зани аламзада раҳораҳ аз дил мегузаронд: “Умрам бо девонабонӣ хазон шуд. Худоё, барои кадом гуноҳам ин ҷазоро ба ман сазовор донистӣ?! Вақтҳои охир шавҳарам ҳам бемеҳру бепарво шудааст, бо баҳонаи сафари хидматӣ ҳафтаҳо бе ному нишон мешавад. Ягон маъшуқаи ҷавон ёфтагӣ барин. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин, охир то кай дарду ранҷи ин девонаҳоро кашида мегардад. Имрӯз мардум бачаҳои сиҳату саломати худро бурда ба ятимхонаҳо месупоранд, ҳоло ҳам раҳмат гуфтан лозим, ки тули ҳамин қадар сол ин ду сағираи бе падару бе модари ҷинниро бурда ба девонахона напартофт...”
Оташи ишқсӯз
Насиба ба хонаи хоби замони духтариаш даромада аксҳои як замон бо ишқи аввалаш гирифтаашро кофта ёфт ва пора-пора намуда дар кафаш ғиҷим кард. Аз хаёлаш гузашт, ки агар ба он ҷавони деҳотӣ мерасид, шояд ҳоло шавҳараш хабари фарзанддор шуданашонро шунида, аз шодӣ дар куртааш намеғунҷид ва ӯро рӯйи даст бардошта кӯдаквор дар ҳаво чарх мезанонд, шояд ба ин муносибат зиёфат медод, вале баъдан симои зебою маъсуми Тоҳир дар ангораҳои хаёлаш ҳувайдо гашту келинчак оҳи сард кашида зери лаб пичиррос зад: “ Эҳ Тоҳир, Тоҳир, агар бо ин ҳусну ҷамолат ту ақл медоштӣ, шояд зиндагиамон асал барин ширин мегузашт, вале афсӯс... “
Насиба намехост дигар ягон чиз, ҳатто ҳамин суратҳои беҷон низ гузаштаро ба ёдаш биёранд, аз ин хотир аксҳоро ба оташдон партофта гӯгирд зад. Оташ аввал ба як гӯшаи сурат часпида дуди борики кабудчатоб баровард, баъд якбора аланга гирифта дар як дам ишқи аввали ӯро ба як каф хокистар табдил дод. Арӯсак қаноатмандона табассум намуда нимшӯхию нимҷиддӣ худро мазоҳ кард: “Хонуми зебо, бо ҳамин достони ишқи шумо ба поён расид. Аз ин пас танҳо ба як мард мутааллиқ ҳастед ва он марди хушбахт шавҳари поку ҳалоли шумо Тоҳир аст...”
Мусибат
Шаб хоб дид, ки бобои раҳматиаш болишти модарашро аз таги сараш бо қаҳр кашида гирифту баромада рафт. Тарсида бедор шуд. Аз тарс дарақ-дарақ меларзид. “Таъбири хобам чӣ бошад?” гӯён, дар рӯйи ҷогаҳ нимхез шуд. Сараш ғуввос мезад, дилаш бошад худ аз худ сиёҳӣ оварда аз пешомади ногуворе дарак медод. Чанде пас садои бонги хурӯс баланд шуд ва арӯсак хилъаташро ба сари китф партофта ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Синаашро аз боди серуни субҳгоҳӣ пур карда, нафаси чуқур кашид. Ҳавои тоза тану ҷонашро мадори нав бахшид. Дасту рӯяшро шуста пок кард ва ба ошхона даромад, то барои наҳорӣ чой монад. Чойникро рӯйи манқал гузошта буд, ки садои гурсосзанон ба замин афтидани чизи вазнине ба гӯшаш расид. Ҳаросон ба берун баромаду дид, ки модараш дар назди зинапоя рӯ ба замин хобидааст. Насиба тозон рафта модарашро бардоштанӣ шуд, вале вай мисли мурда сарду карахт буд. Талхакаф шуда бо тамоми овоз фарёд зад:
-Очаҷон, ба шумо чӣ шуд?! Чашмонатонро кушоед, ҷон очаҷон, чашмонатонро кушоед....
Фиғони ҷигарсӯзи Насибаро шунида падараш давида аз хона баромад ва дид, ки ҳамсараш беҳушу беёд хобидаасту духтараш бо чашмони ашкбор рӯю мӯяшро канда, ӯро ба худ овардан мехоҳад, зуд ба ёрӣ шитофт, вале ҳарчанд дукаса кӯшиш карданд, муроде ҳосил нашуд.
-Насиба, духтарам, аз нолаю фиғони ту ба модарат ягон фоида нест, беҳтараш зудтар Ёрии таъҷилиро даъват кун,-падар ҳамсари танҳо ҷон дар рамақ доштаашро рӯйи дастонаш бардошта ба хона даровард.
Насиба осемасар ба ошхона давид, то ба духтур занг занад.
Дар сари субҳи солеҳон садои доду фиғони Насибаю падарашро шунида ҳамсояҳо ба ташвиш афтоданд. Чанд лаҳза пас бонги пуризтироби мошини “Ёрии таъҷилӣ” баланд шуда собит намуд, ки дар ин хонадон ягон воқеа рӯй додааст. Вақте ки ҳамсояҳои наздик барои фаҳмидани асли воқеа аз дарвозаи хонаи падари Насиба даромаданд, духтурҳо аллакай модари Насибаро дар болои занбари тиббӣ хобонда аз хона мебароварданд. “Духтарам, чӣ ҳодиса рӯй дод? Ба модарат чӣ шуд Насиба?” мепурсиданд ҳамсояҳо, вале духтари талхакафшуда чунон пакар буд, ки ба гӯшаш ягон чиз намедаромад. Вай ба пурсишҳои ҳамсоязанҳо ҷавоб надода бо чашмони аз гиря варамида ҳамроҳи падараш ба мошини “Ёрии таъҷилӣ ” нишаст. “Бечораҳо талхакаф шуда, ҳатто маҳкам кардани дари хонаю ҳавлиашонро ҳам фаромӯш карданд,-сар ҷунбонда гуфт кампири Ороста ба ҳамсояи девордармиёнаш Моҳбегим,-биё, то омаданашон дар ҳамин лаби сӯфа шинем, мабодо касе ягон чизашонро набарад.” Кампиракон ҳанӯз ғайбати келинҳои танбали маҳалларо ба охир нарасонда дарвоза кушода шуд ва Насибаю падараш рӯйканону мӯйканон аз дар даромаданд. Мошини “Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона нарасида модари ҷавону зебои Насиба ҷон ба ҷонофарин супурда буд. Хона дар як лаҳза ба мотамсаро мубаддал гашт. Насиба дар сӯги модараш хун мегирист, падараш бошад ба қудояш занг зада, Фотимахола ва шавҳарашро ба ҷаноза хабар кард. Падару модари Тоҳир ба зудӣ расида омаданд. Фотимахола келини мотамзадаашро модарвор ба оғӯш гирифта, ҳамроҳаш зор-зор мегирист ва ба қадри тавон Насибаро таскин медод, шавҳараш бошад, дарҳол аз пайи бо обрӯ гузаронидани ҷанозаи қудояш шуда, ба зердастонаш занг зад. Тамоми чизҳои барои маросими мотамӣ заруриро дар як дам бо фармони раис харида оварданд ва мардуми ба ҷаноза омадаро дар хонаҳо ҷой карданд. Мурдашӯён кафанро пора карда, аз пайи ба сафари охирин гусел намудани ин зани фариштахислат шуданд, вале ҳанӯз боварии Насиба намеомад, ки ҳамагӣ пас аз чанд лаҳза модараш ӯро абадан тарк хоҳад кард. “Очаҷон, илтимос, маро партофта нарав! Ҷон очаҷон, ақаллан ба хотири ман як бораки дигар чашмони зебоятро кушо, охир ман бе ту чӣ кор мекунам, оча?!” ҷасади беҷони модарашро ба оғӯш гирифта, бо ашкҳои хунбор нола мекард арӯсаки бетолеъ. Нолаҳои зори Насиба натанҳо дили одамони ба ҷаноза омада, балки сангу чӯбро об мекард ва мардум баробараш хун мегиристанд, вале тақдирро тадбир карда намешуд. Соате пас мардҳо тобути модари Насибаро сари китф бардошта ҷониби водии хомӯшон равон шуданд. Дар ҷанозаи ин зани дасткушод он қадар одам зиёд буд, ки чунинашро аҳли маҳалла дар умрашон бори аввал медиданд. Насибаи арӯсак рӯю мӯяшро канда аз паси тобут медавиду зорӣ мекард: “Очаҷони маро бурда гӯр накунед, охир ҳоло як тори мӯяш ҳам сафед нашудааст. Очаи хушрӯи ман зеби хоки хунук надорад. Очаамро набаред ё маро ҳам ҳамроҳаш бурда гӯр кунед. Мани бе акаю додар дар ин дунёи бевафо бе модар чӣ кор мекунам?! Магар дили сангини шумо ба мани зор намесӯзад? Очаҷонамро набаред мегӯям, ҳой мардум, очаҷонамро набаред....”
Рози шавҳар
Фотимахола маъракаи ҳафти қудояшро дода, баъд ба хонааш баргашт. Аслан дилаш мехост то маросими чил бо Насиба монда, келини дар сӯги модар обу адо гаштаашро тасаллӣ диҳад, вале метарсид, ки мабодо Тоҳир Зуҳроро аз занҷир раҳо кунад, девонадухтараш боз ягон балои азимро ба сар меорад. Ҳамон рӯзи ба хона баргаштани Фотимахола шавҳараш то қарибиҳои шом бедарак шуд ва бегоҳ бо табъи болида ба хона баргашта гуфт:
-Ин ҷо биё занак, ман ба ту як гапи муҳим дорам!
Дили Фотимахола таҳ кашида гӯшу ҳуш шуд, ки шавҳараш чӣ мегӯяд.
-Занакҷон, ману ту дар тӯли ҳамин қадар соли ҳамзистиамон ягон бор ба якдигар гапи пас ту баланд назадаем, барои ҳамин қарор додам сирри ниҳонамро худам ошкор намоям, то фардо аз забони дигарон шунида хафа нашавӣ...
-Нафаҳмидам, ошкортар гап занед,-сухани шавҳараш бурид Фотима.
-Намедонам, чи хел ба ту фаҳмонам...
Забон хоидани мардакашро ҳис карда, Фотимахола дарк намуд, ки сухани гуфтаниаш хурсандибахш нест, вале худро ба даст гирифта гуфт:
-Чӣ хеле, ки ҳаст, ҳамон хел фаҳмонед, ман хафа намешавам.
-Ду сол пештар бо як пирдухтар никоҳи мусулмонӣ карда будам, то фаҳмам, ки аз ман фарзанд мешавад ё не, имрӯз писар таваллуд кард!
-Писар таваллуд кард?!-Фотима ҳунгосзанон инони гиряро сар дод.
Дар гиряи ин зани солҳо дар ҳасрати фарзанд сӯхта рашку алам бо ҳам печида, басо пурсӯзу гудоз нола мекард...
(ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД)