formula55
ДОМОД ДАР РӮЗИ ТӮЯШ САДАМА КАРД
07.12.2020
ОИЛА
4681


Дар роҳи Ғарм-Ҷиргатол мошини ҳомили домод ҳангоми барои арӯс рафтан ба садама дучор шудааст

Бино ба иттилои истифодабарандаи фейсбук Талабшоҳ Талбиев, садамаи маргбор пас аз зуҳри имрӯз дар самти Ғарм-Ҷиргатол дар ҳудуди деҳаи Яраш рух додааст.

Манбаъ афзуд, ки номзади шаҳ аз Ҷиргатол буд ва барои оварданаш ба он ҷой мерафтанд.

Ба гуфтаи манобеъ, дар пайи садамаи нақлиётӣ аммаи домод дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, худи домод ва ронанда, дар ҳолати вазнин ба беморхона расонида шудаанд.

“Дар мошин домод бо аммааш Аҳлиннисо ва ронанда амакбачааш, ки номаш Дилшод аст, буданд. Аммаш гузаштанд ва домоду ронанда ба беморхона бурда шуданд”, оварда шуд дар хабар.

Ин манбаъ гуфт, ҳолати домод ва ронанда низ вазнин арзёбӣ мешавад, бинобар ин ба бемористони ноҳияи Ғарм овардаанд.
Дар ин бора ҳоло мақомоти расмии минтақавӣ иттилоъ надодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД