Ман яккадухтар ва дар оилаи сарватманд таваллуд шудаам. Бо амри тақдир бо ҷавони аз оилаи сатҳи миёна оиладор шудам.
Пайвандони шавҳарам ҳамеша мегӯянд, ки аз мероси падарат талаб кун, аммо ман чунин ният надорам. Фаҳмидан мехостам, аз нигоҳи қонунӣ шавҳари ман ба мероси падарам ҳақ дорад?
З. Х., н. Рашт.
Мувофиќи талаботи ќисми 1-и моддаи 36-и Кодекси оилаи Љумњурии Тољикистон молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношўӣ зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. Агар шумо аз мероси падаратон њиссаи худатонро талаб карда гиред, моликияти шахсии шумо ба њисоб меравад ва шавњаратон аз мероси падаратон њаќ надорад.