Formula novemver 2024
Домод арӯсро дар сари тахти арӯсӣ шаппотӣ зад
1456


Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳангомавие пайдо шуд, ки аз як тӯйи арӯсӣ дар Ӯзбакистон бардошта шудааст.

Дар навор келину домод дар сари тахти бахт нишастаанд ва базми висоли онҳо бо ҷӯшу хурӯш идома дорад, аммо зимни иҷрои кадом як анъанаи халқӣ домод якбора ба ғазаб омада, ба пушти сари арӯс чунон бо ғазаб мезанад, ки ба қавле аз чашмони арӯсак оташак парида, оби дидааш ба бари рӯяш мешорад.

Арӯсак бо чашми гирён аз сари тахти арӯсӣ бархоста рафтанӣ мешавад ва ҳамин дам зане, ки шояд модар ё ягон шахси наздики дигари арӯс бошад, назди домод омада, ӯро сарзаниш мекунад...
Ин навор боиси пайдо шудани сару садоҳои зиёд дар байни ҷомеа гашта, натанҳо дар Ӯзбекистон, балки дар хориҷи кишвар низ аз ҷониби фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ муҳокима карда мешавад.

Ба гуфтибаъзе корбарони интернет ин ҳодиса ду сол қабл дар як тӯйи арӯсӣ дар вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯй дода, пас аз ин ҳодиса волидони арӯс духтарашонро аз сари тахт рост ба хонаи худашон бурда, тӯйро лағв кардаанд.

Ҳоло ҳарду қаҳрамонони навор соҳиби оилаҳои нав шуданд, аммо...
Бузургтарин таблоди олмонии "Bild" ба ин навор таваҷҷуҳ зоҳир намуда, навиштааст:
“Барои баъзеҳо ин рӯзи олиҷаноб ва оғози зиндагии хушбахтонаи оилавӣ аст, аммо барои бисёре аз занони ҷаҳон, ин танҳо як сигнали ибтидоӣ ва издивоҷ ибтидои сафар ба ҷаҳаннам аст!"

Дар як рӯзномаи олмонӣ низ дар ин мавзуъ мақолае таҳти сарлавҳаи «Арӯс дар бозӣ бурд мекунад – домод мезанад!» нашр шудааст. Нашрия менигорад:
«Ҳеҷ кас аз ҷояш хеста, домодро тавре латукӯб намекунад, ки сазовораш бошад. Ҳеҷ кас ба пулис рафта аз ӯ хабар намедиҳад. Ҳарчанд шубҳа кардан мумкин аст, ки ин чизе медиҳад, зеро хушунат алайҳи занон дар Ӯзбакистон мисли харидани нон маъмулӣ аст. Издивоҷҳои иҷборӣ ва мафҳумҳо низ маъмуланд, ки занон танҳо барои хидмат ба мардон, соҳиби фарзанд ва пешбурди хона ҳастанд”.

Дар ҳақиқат хушунату зӯроварӣ нисбати занону духтарон падидаи ногуворе мебошад, ки новбаста ба талошҳои зиёд дар самти коҳиши он то ба имрӯз ба пуррагӣ решакан нашудааст.

Ҳарчанд мо дар асри ХХ1 зиндагӣ мекунем, то кунун аксари мардон, хоса мардони зодаи мамолики мусалмонӣ занро ҳамчун моликияти шахсии худ қабул карда, лату кӯби зан барои ин тоифа як датимаъмулӣ гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД