Sebiston new 2024 october
ДОМИ ШАЙТОН (қисми 3)
1924

Давомаш ...

Фақат ба ман нагӯ, ки ту ба он келинчак ошиқ шуда будӣ. Не, садҳо бор не! Он чизе, ки ту ишқ мегӯӣ, аз ишқи офаридаи илоҳӣ фарсахҳо дур буд, дур! Ишқе, ки Оллоҳ офаридааст, ишқи пок аст ва ба бунёди оила мебарад, вале он замон дар ягон гӯшаи хаёли ту фикри хонадор шудан ба он парирӯй набуд.

Шавҳараш он нозанинро талоқ медод ҳам, ту ҳеҷ гоҳ ӯро ба занӣ намегирифтӣ, зеро танҳо аз ӯ коми дил ситонидан ва бо вай айш рондан мехостию халос. Ишқ беҳтарин инъоми худованд аст, вале аксари шумо, бандагони худо ишқи шайтониро аз ишқи илоҳӣ боло медонед.

Ҳайрон машав, ишқ натанҳо офаридаи Худованд, балки офаридаи ман низ ҳаст. Ишқи ман аз ишқи илоҳӣ куллан фарқ дорад. Ишқи Зоти пок, агар аз ишқи илоҳӣ ва ишқи поки инсонӣ, ки сароғози бунёди оилаи пок аст, сарчашма гирад, ишқи эҳдонамудаи ман ин ишқи дунёи фонӣ, ишқи сарват, ишқи мансаб ва ишқи маишат аст. Ишқи ман дар ин дунё харидорони зиёде дорад.

Фақат нагӯ, ки Иблис, ту ҳарза мегӯӣ. Ишқи ман маъбуди шумо, бандагони худо нагашта бошад, пас барои чӣ баъзе одамон бо сад восита соҳиби мансаб шудан мехоҳанд? Афтону хезон бо сад ҳиллаву зорӣ дар ба дари мансабдорони воломақом гашта восита мекобанд? Тайёранд ҷон диҳанд, имон фурӯшанду дар сари мансаб монанд.

Ишқи ман саҷдагони эшон набошад, пас барои чӣ ҳини аз даст додани мансаб ба сактаи дил гирифтор мешаванд? Барои чӣ хомӯшӣ?! Ҷавоб деҳ, охир! Посухе надорӣ? Пас посухи маро шунав. Онҳо зоҳиран шояд ба Худованд саҷда мекунанд, вале аслан маъбудашон ишқи мансаб аст, зеро мансаб бавуҷудоварандаи сарват мебошад.

Онҳо чунон дар ишқи шайтонӣ ғӯтидаанд, ки фикри тавба кардан аслан дар сарашон чарх намезанад. Барои чӣ аксари шумо ҳамсари никоҳӣ ва поку ҳалолатонро монда зани номаҳрамеро ба оғӯш мекашед ё оғӯши марди бегонаро аз оғӯши шавҳаратон авло медонед? Чунки дар ботлоқи ишқи шайтонӣ ғӯтидаед.

Нагӯ, ки ман шуморо бо сад ҳилла ба ин ботлоқ мекашам. Шумо худатон, бо майли дил, бо сад ҳиллаву найранг ба ин ботлоқ роҳ меҷӯед. Аз минбарҳо дигаронро ба роҳи рост мехонед, аммо худатон, худатон фикри покдоманию парҳезгориро дар сар надоред.

Пас ту ҳам он замоне, ки бо дили таппон пайкари хушгили келини ҳамсояро наззора кардӣ ёде аз ишқи пок, аз ишқе, ки дар борааш асарҳои бузург офаридаанд, надоштӣ. Пас аз ин воқеа ту ҳар бегоҳ то дер вақт гирди ҳавлӣ чарх мезадӣ. Ба ман нагӯ, ки майл ба ҳавои тоза доштӣ? Не, ману ту нағз медонем, ки мақсад чӣ буд. Мақсад танҳо боз наззора кардани шустушӯи келинчак буду халос!

Ту махсус, деворҳои гирди ҳавлиро таъмир намудӣ ва дар девори байни ҳавлии шумову ҳамсоя чор сӯрохии ноаёне гузоштӣ, то ки дар ҳолати зарурӣ аз ин сӯрохиҳо истифода барӣ. Дурудароз истодани ту дар назди ин сӯрохиҳо, ки ба чашми дигар бошандагони хонаатон низ аён буданд, онҳоро ба ҳайрат меовард. Ту боварӣ доштӣ, ки касе туро намебинад.

Ман ҳайронам, ки чӣ тавр ту, марде, ки парҳезгориву тоату ибодатро пешаи худ қарор додаӣ, аз нигоҳи ҳамабини он Зоти пок, Парвардигори олам ғофил мондӣ? Ту ҳатто каломи Худоро барои мафтун кардани он келинчаки хушгил истифода мебурӣ. Бале, бале, ҳатто каломи Худоро!

Ҳар шом аз минбари ибодатгоҳ бо тамоми ҳастӣ Қуръон тиловат карда, кӯшиш менамудӣ, ки овозат келинчаки ҳамсояро ба ваҷд биёрад. Аз ман пинҳон макун, ту мехостӣ, ки келинчаки соҳибҷамол садои туро шунида ба овозат дил бандад. Ба ман бигӯ, агар имконияти васли ӯ ба даст меомад, магар истифода намебурдӣ?

Мабодо ӯ чунин таклиф мекард, магар ту рад мекардӣ?–Иблис ба сари руҳонӣ бонг зад, - ба ту мегӯям ба суолам ҷавоб деҳ! Оё ту қодир будӣ, ки таклифи ҳамхобагии ӯро рад намоӣ? Не, ту бо ҷону дил розӣ мешудӣ, чунки ба оғӯш гирифтану бӯсидани он пайкари латифро кайҳо орзу доштӣ.

Ту ҳар шаб фикр мекардӣ, ки келинчаки зебо бо шавҳари тундмиҷозаш бо чӣ кор машғул бошанд. Ту дар онҷо будан мехостӣ, печиданашонро, оҳу воҳ ва нолишҳои мардафкани он келинчаки ҳушёракро дидан мехостӣ. Ту орзӯ доштӣ, ки ақаллан шаберо ин ситамгар дар оғӯши ту рӯз кунад.

Ту ӯро ҳис кардан, навозиш кардан ва меҳрубонӣ кардан мехостӣ. Ту аз навозишҳои ҷушон монда шудани ӯро дидан мехостӣ. Ту таппидану нолиши шаҳватбарангези ӯро дидану шунидан мехостӣ…

Ту ҳақ надорӣ, ки маро зери шиканҷа гириву мулзаму гунаҳгор намоӣ, зеро ман танҳо як бандаи хокиям ва гуноҳ кардан як ҷиҳати инсонии ман аст. Бегуноҳ ва пок танҳо худи Офаридгор асту халос,-руҳонӣ ба муқобили Иблис шӯрид, - иқрор мешавам, ки ман гуноҳ кардам, вале он гуноҳ аз бетаҷрибагӣ ва ҷавонии ман сар зада буд. Пас аз ин ман солҳои сол ба ибодати Худованд машғул будам. Парвардигор, ки бахшандаву бахшоянда аст, гуноҳҳои бандагонашро мебахшад, бинобар ин, ту, Иблис маро наҳ назан!

Шарти ману ту ҳамин буд, ки агар ту ҳақ буданатро исбот намоӣ, ман туро раҳо мекунам, натавонӣ, дар ҳамон қаъри чоҳ мемонӣ, ту чизеро исбот карда натавонистӣ, агар дигар гуфтание надошта бошӣ, пас ман рафтам…

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 дар сомонаи мо мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД