Arzon march 2024
ДОМИ ШАЙТОН
4745

 

Иблис саргарми фитнаи навбатӣ худаш нафаҳмида ба чоҳе афтид. Ҳарчанд кӯшиш кард, роҳи аз чоҳ бадар шуданро наёфт. Сахт монда шуда бо умеди он ки ягон хайрхоҳе аз роҳ гузашта ӯро аз чоҳ мебарорад, аз қаъри чоҳи тира имдодхоҳона садо баланд кард.

Тифоқо ҳамон лаҳза аз он роҳи биёбонӣ рӯҳоние гузар мекард. Роҳиб шитоб дошт, то сари вақт ба манзилаш расида аз ибодат дер намонад, вале садои имдодхоҳонаи касеро шунида аз роҳаш гашт, то ба он бандаи Худо мадад расонад.

Вақте ба сари чоҳ омад, Иблисро дида дарҳол шинохт. Ба дом афтидани шайтони лаъинро дида хушҳол гашт ва хост роҳашро идома диҳад, вале Иблис зорӣ кард, ки ӯро аз ин чоҳи касиф барорад. Роҳиб ба ҳоли шайтон хандида гуфт:

- Эй иблиси малъун, охир мо, бандагони поку муъмин аз найрангу васвасаҳои ту ба ҷон расида, кайҳо боз назди худованд даст ба дуо бардошта, Офаридгорро зорӣ мекунем, ки аз шарри ту моро амон диҳад, имрӯз, ки ба хости Яздони пок ба банд афтодаӣ, магар ман туро аз чоҳ раҳо мекунам? Не, ҳаргиз! Маро мебояд сангеро ба сарат андозам, ки ҳарчӣ чуқуртар ба қаъри чоҳ фурӯ равӣ, то бандагони поки худованд аз шарри ту абадан халос шаванд. Баъд аз нобуд гардидани ту ҳама ба роҳи рост медароянд, зеро дигар касе онҳоро ба кӯйи гуноҳ тела намедиҳад. Ту набошӣ, дунё беолоиш ва орӣ аз касифиву олудагиҳо мегардад…

- Эй бандаи Худо, магар худи ту ба он чи ки гуфтӣ, бовар дорӣ? - сухани руҳониро бурид Шайтон,-Боварӣ дорӣ, ки агар ман набошам, одамон дигар ҳељ гоҳ ба кори бад ва гуноҳу зино машѓул намешаванд? Боварӣ дорӣ, ки муҷиби тамоми гуноҳу хатои одамизод танҳо ман ҳастам? Ту фақат маро дар рафтори нопоки бандагони худо, дар бухлу кинаву фитна, ҳасаду зино, мардумфиребиву майгусорӣ, қатлу ғорат ва зулму бедодии одамон гунаҳкор мепиндорӣ? Боварӣ дорӣ, ки агар ман набошам, шумо, бани одам орому осудаву поку беолоиш зиндагӣ мекунед? Хато мекунӣ, эй бандаи поксиришти худованд! Сахт хато мекунӣ…

Роҳиби покизарӯзгор нахост дигар ба саволҳои маккоронаи Иблис ҷавоб диҳад ва роҳи худро идома доданӣ шуд, вале Шайтон ҳамоно домони ӯро раҳо карданӣ набуд.

- Майлаш, маро аз ин чоҳи касиф раҳо накун, лекин хоҳиши охиринамро бояд иҷро намоӣ,-маккорона инони суханро ба дигар тараф кашид Иблис.

Руҳонӣ барои аз ӯ халос шудан розӣ шуда хоҳиши охирини шайтонро пурсид. Иблис зери лаб табассум карда гуфт:

- Биё, ҳардуямон шарт мекунем.

- Аҷиб, чӣ шарт? - пурсид руҳонӣ

- Шарти ман ин аст, ҳозир ман ба ту исбот мекунам, ки будани ман, мављудияти ман дар ин дунё зарур аст, чунки агар ман набошам, тавозун гум шуда, дигар некро аз бад фарқ кардан номумкин мегардад. Ман дар ин дунё лозим буданамро исбот карда натавонам, ту метавонӣ бо роҳи худ равӣ, вале агар исбот намудам, ту маро аз чоҳ мебарорӣ!

Роҳиб каме фикр карда розӣ шуд ва дар сари чоҳ дузону нишаста, гӯш дод, ки Иблиси лаъин чӣ тавр дар ин дунё зарур буданашро исбот мекарда бошад. Шайтон каме фикр карда, баъд ба сухан даромад:

– Бидон, эй бандаи пок, ки мављудияти ман натанҳо дар ин дунё, балки дар он дунё ҳам ногузир аст. Худат фикр кун, агар ман набошам, он гоҳ шумо, бандагони Худо чӣ тавр зиндагӣ мекунед? Ман набошам, худро чӣ гуна сафед мекунед? Эй марде, ки худро покдоману ҳушманд меҳисобӣ, фақат росташро бигӯ, магар сари чанд вақт фикру орзуҳои ботил шумо-одамонро ба эҳтирос намеорад? Шумо озору интиқомро дасисаи шайтону фаҳшу зиноро васвасаи ӯ мешуморед, вале магар худатон ташнаи аз касе, ки озоратон додааст, қасос ситонидан нестед? Магар чунин нашудааст, ки дар бораи ҳамсоядухтар, ҳамкор ё дигар шиноси љинси латифатон, ки қаду басти зебо ва чеҳраи љозибаноке дорад, бо ҳасрат фикр карда роҳи чӣ тавр ба дом афтонидани ӯро наҷуста бошед? Магар шабҳо даруни љойгаҳи гарму нарм хаёлан он зебосанамҳоро ба оѓӯш гирифта аз лабони мисли гул зебо ва шаҳдбораш намебӯсед? Дар роҳ, дар маъракаҳо ё дар ҷойи дигар баногоҳ чашматон ба чоки кушодаи гиребони духтаре афтад, магар бо сад баҳона боз як бори дигар бодиққаттар, ба умеде, ки синааш намудор мешавад, ба чоки гиребони он паричеҳра назар намеафканед?

- Васвасаро бас кун, шайтони лаъин, аздусар маро бовар кунонда наметавонӣ!-Руҳонӣ ба ғазаб омада азми рафтан кард, вале Иблис ӯро боздошта гуфт:

- Бовар намекунӣ? Пас, ман аз ҳаёти худи ту мисол меорам. Ёд дорӣ, љавони ҳузарбу қавипайкаре будӣ ва аксари зебодухтарони маҳаллаатон пинҳонӣ висолатро орзу мекарданд. Баъзе бољуръатон бароят номаҳои пур аз сӯзу гудоз менавиштанд, аммо ту, ки тарбияи падари руҳонӣ ва модари солеҳаро гирифта будӣ, ин ҳама гирудор ва талошҳои зебосанамонро васвасаи шайтон ҳисобида заррае таваљљуҳ зоҳир намекардӣ. Пайваста дар омӯзиш ва тоату зикри Зоти пок будӣ, вале як шом, як шоми тира келини ҳамсоя ақлу ҳушатро рабуд…

Пайваста дар омӯзиш ва тоату зикри Зоти пок будӣ, вале як шом, як шоми тира келини ҳамсоя ақлу ҳушатро рабуд. Як нигоҳ, бале, бале танҳо як нигоҳ ба тани бараҳнаи он париваш ҳама покдомонии туро якбора ба боди фано дод! Ҳамон рӯз падару модар ба маъракаи тӯйи суннатии амакбачаат рафта буданду ту дар хона танҳо будӣ. Гармои љигарсӯзи моҳи асад тоқататро тоқ карду ба рӯи ҳавлӣ баромадӣ. Абрӯ чин макун ва ба ман бо ситеза назар наандоз. Ту ин ҳамаро хеле хуб дар ёд дорӣ!

Давомашро гӯш биандоз! Пас аз чанде бемақсад дар рӯйи ҳавлӣ гашту гузор намудан ба назди девори пасти канори ҳавлӣ омадӣ ва ѓайри ихтиёр ба хонаи ҳамсоя назар карда он ҷо моҳи оламафрӯзеро дидӣ. Аниқтараш моҳ не, дунёеро дидӣ, ки то он лаҳза дараш ба рӯят баста буд.

Ту, ҷавони пок то он вақт бадани урёни занеро надидаю аз гулистони ҷамоли зан ҳатто як гули мақсуд начида, дар он ҷо, дар пушти ҳезумхонаи ҳамсоя пайкари урёни љавонзанеро дидӣ, ки оби сард ба пайкари наҳифаш мерехт.

Албатта, ту дарҳол ӯро шинохтӣ, он ҷавонзани фатиламӯй бегона не - Раънохон, зани писари ҳамсояатон буд ва се ҳафта пеш бо либоси сафеди арӯсӣ амсоли фариштаи аз сомон фурудомада қадам ба он хонадон гузошта, ҳавличаи куҳнаю фарсудаи ҳамсояи шуморо гӯё нурборон карда буд.

Арӯсак ғофил аз он ки аз паси девор ду чашми ҳарис мисли гурги гуруснаи чиллаи зимистон ба пайкари зебою дилҷӯйи ӯ менигаранд, аз набудани хусуру хушдоманаш истифода бурда, барои каме роҳат бахшидан ба ҷисму ҷонаш бепарвоёна оббозӣ мекард. Магар ман дурӯғ мегӯям?

Не, ҳарчи гуфтам, сад дар сад ҳақиқат аст! Ту бо дидани бадани ҳамсони нуқраи хоми арӯси нозанин ба чӣ ҳол уфтодӣ, ёд дорӣ? Ту он пайкари зебою диловезро гаштаву баргашта ба оѓӯш мегирифтӣ, даст ба мӯйҳои анбарин, китфони ҳамсони устухони фили сафед, пешобағали бардамидаю рону соқҳои булуринаш мебурдӣ ва хаёлан аз ӯ ком мебардоштӣ.

Магар ту намедонистӣ, ки ин гуноҳ аст? Гуноҳи азим! Волидони тақводорат ба ту садҳо бор гуфта буданд, ки ҳатто як нигоҳ ба сӯи зани номаҳрам гуноҳи бузург аст ва марди худотарс бояд аз он худро канор гирад, вале ту… ту мехостӣ ин лаҳзаҳо ҳеҷ гоҳ поён наёбанд. Магар он зино набуд? Бале, зино буд, зино...

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 дар сомонаи мо мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД