tobiston
Левотоби Лаки-лаки - вулқоне, ки ҷаҳонро ба даҳшат овардааст
18.06.2025
Oila.tj
68

Дар қисмати шимолии минтақаи Нуса-Тенгараи Индонезия вулқони Левотоби Лаки-лаки аланга зада, фағонаи оташу дуд ва хокистар ба ҳаво бархостааст. Дар ин бора РИА “Новости” хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти манбаъ, ба хотири риояи қоидаҳои бехатарӣ ба аҳолии маҳаллӣ ва сайёҳони хориҷӣ дар радиуси 8 километр наздик шудан ба минтақае, ки вулқон аланга мезанад, қатъиян манъ карда шудааст.

Хадамоти омӯзиши вулқонҳо аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки оромиро ҳифз намуда, мувофиқи дастури ҳукумат амал кунанд.

Ғафсии хокистаре, ки аз қуллаи вулқони Левотоби Лаки-лаки ба осмон баланд шудааст, 11 километр буда, манзараи зебо, вале ваҳшатангези табиӣ мебошад.

Ин вулқон ду қулла дорад: Левотоби Лаки-лаки ва Левотоби Перемпуан. Дувумӣ ҳанӯз дар хоб аст, вале вулқони якум диққати аҳли ҷаҳонро ба худ кашидааст. Бо алангаи ин вулқон табиат гӯё ба чӣ қодир будани худро бори дигар ба одамизод намоиш медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД