Arzon march 2024
"ДОМИ КАМБИЗОАТӢ" ВА Ё ДАСТРАСИИ НОБАРОБАР БА ТАҲСИЛОТ
1251

Кӯдакон аз сабабидастрасии нобаробар ба таҳсилотибосифат дар ОсиёиМарказӣ ба «доми камбизоатӣ» меафтанд.

Дар Қазоқистон хароҷот барои як хонанда дар мактабҳои махсуси зеҳнӣ нисбат ба хароҷот дар мактабҳои муқаррарӣ 6 маротиба зиёдтар аст. Мактаббачагони Қирғизистон аз рӯи нишондиҳндаҳои саводнокӣ дар байни кишварҳои иштирокчии PISA ду маротиба ҷойи охиринро ишғол намуданд. Дар Тоҷикистон пас аз хатми синфҳои ибтидоӣ шумораи хонандагон 2-3% кам мешавад. Дар Ӯзбекистон танҳо ҳар як мактаби шашум ба платформаи рақамии таълимӣ пайваст аст.

Пандемияи COVID-19 ва дар натиҷаи он гузаштан ба таҳсилоти фосилавӣ мушкилоти нобаробариро, махсусан барои кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоат ё минтақаи деҳот шадидтар кард.

• Ӯзбекистон аз ҷиҳати суръати интернети мобилӣ ба яке аз даҳ кишварҳои охирин дар ҷаҳон дохил мешавад. Аз ҷиҳати суръати алоқаи фарохмаҷро, ҷумҳурӣ аз ҳамаи ҳамсояҳои минтақа пешсаф аст (ба истисноиТуркманистон).

• Тоҷикистон натавонист ба омӯзиши онлайнӣ гузарад в ақариб чор моҳ раванди таълимро комилан қатъ кард. Ин қарор бо сабаби дастнорасӣ, арзиши баланд ва сифати пасти алоқа қабул карда шудааст.

• Аз се ду ҳиссаи омӯзгорон дар Қирғизистон барои гузаштан ба таълими онлайнӣ баҳори соли гузашта омода набуданд. Муаллимон гуфтанд, ки онҳо маҷбуранд телефонҳои мобилӣ харанд ва пули алоқаро мустақилона пардохт кунанд.


• Қариб 10% мактаббачагони Қазоқистон компютерҳои инфиродӣ надоранд. Бори аввал кӯмаки башардӯстонаи ба Қазоқистон расонидашуда на танҳо маводҳои муҳофизатии тиббӣ, балки ноутбукҳоро барои талабагон низ дар бар мегирифт.

Ҳамин тариқ, оператори телекоммуникатсионии миллии Қирғизистон ба муаллимон ва талабаҳо тарофаҳои махсуси имтиёзнок пешниҳод кард. Дар Ӯзбекистон бо ёрии краудфандинг ва маблағҳои Бонки рушди Аврупо платформаи таълимии онлайнӣ роҳандозӣ карда шуд. Дар Қазоқистон беш аз 6 ҳазор дарсҳои телевизионӣ сабт ва тавассути каналҳои ҷумҳуриявӣ барои мактаббачагон намоиш дода шуданд. Дар Тоҷикистон Вазорати маориф курсҳои электронӣ ва маводҳои дар дискҳо сабткардашударо ба мактабҳо тақсим мекунад.

Лоиҳаи "Ҷабҳаҳои нави нобаробарии таълимӣ дар кишварҳои ОсиёиМарказӣ: аз андозагирии мушкилот то тағйирёбии сиёсат" ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳ ба сабабҳои вазъи кунунӣ ва пешниҳод кардани роҳҳои ҳалли қобили қабулро дорад. Он аз ҷониби тадқиқотчиёни чор кишвар таҳти сарпарастии Хазинаи ҷамъиятии «PaperLab» бо дастгирии Бунёди Сорос-Қазоқистон амалӣ карда мешавад. Шарики медиавии лоиҳа Маркази байналмилалии журналистика – MediaNet мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД