Sebiston new 2024 october
Доми фиреб Чаро Зумрад фарзандашро ба зани кабардин “тӯҳфа” кард?
24.04.2022
Оила
2246

 

Ин воқеа тақрибан ҳафтсол пеш рӯйдода буд. Дар шаҳри Санкт Петербург будем. Хонаҳое,ки ҳамаи аҳолиашонро мекӯчонданд,баъзе аз корчаллонҳои озарӣ мегирифтанду ба мардуми муҳоҷир ба иҷора медоданд. 

Мо дар яке аз утоқҳои хонаи панҷошёна дар ошёнаи якум зиндагӣ мекардем. Қисми зиёди одамони дар он ҷо зиндаги мекарда тоҷикон буданд.Мо бо якдигар рафтуою ба гуфти калонсолон «табақи ҳамсоягарӣ” доштем ва ҳамеша аз чизҳои рӯзгори якдигар истифода мебурдем.Як табақи чӯбин қариб тамоми ҳамон хонаҳоро мегашт ё як нонпар даст ба даст буд...
Як рӯз як марди тоҷик омада, аз ман хоҳиш кард,ки ба як зани ҳаммиллати худамон ҷой даркор асту ӯ ҳомиладор аст.Дар хонае,ки ман зиндагӣ мекардам,имконияти ҷойкардани зани ҳомиладор набуд.Бинобар он ман аз як ҳамсолам,ки дар ошёнаи сеюм бо писарчааш зиндагӣ мекард, хоҳиши чой намудани он занро кардам ва ӯ розӣ шуд.Рӯзи дигар он зан омад.Зумрад ном доштааст.35-36 сола буд.Бисёр ҷавонзани боодоб,бомаънӣ ва ширинсухан буд.Дар пухтупаз бебаҳо буд.Ман наздаш мерафтаму ӯ назди ман меомад.Вакти суҳбат ҳамеша ба хаёлот мерафту оҳи сарде мекашид.Маълум буд,ки дар замири дилаш дарде ниҳон аст.Як рӯзи истироҳатам ош пухтаму ӯро ба хона даъват кардам. Ҳарду нишаста хело суҳбат кардем.Ман чуръат карда, аз ӯ пурсидам.
- Зумрад, барои чӣ ту ҳамеша ғамгину хаёлолуд ҳастӣ? Ягон аламе ҳаст дар дилат?
Зан оҳи чуқуре кашиду саргузашташро нақл кард.
Зумрад соҳиби чор гулписари зебо будааст.Шавҳараш дар вақти истифодаи маводи мухаддир дастгир ва ба муддати тӯлонӣ ҳабс мешавад.Шароити пасти зиндагӣ маҷбур мекунад, ки Зумрад писаронашро дар хонаи хохараш монда, барои таъмини фарзандон ба муҳоҷират равад.Дар шаҳри Санкт Петербург ҳамроҳи чанд нафар занҳои тоҷику ӯзбек дар яке аз хонаҳои бисёрҳуҷрагӣ ҷой мегирад.Чанд вақт барои ёфтани ҷои кор азоб мекашад.Баъди ду моҳи бекорӣ дар як сехи тортпазӣ ба кор медарояд.Азбаски духтари чаққону дидадаро буд,дар корхона дар як муддати кутоҳ соҳиби ҳурмату эҳтиром мешавад.Дар хонае,ки зиндагӣ мекард,дар яке аз утоқҳояш ду-се марди тоҷик зиндагӣ мекарданд ва яке аз онҳо,ки Ҳабиб ном дошт, ба Зумрад ба қавли худаш ошиқи шайдо шуда буд. Ҳамеша пеши роҳи ӯро гирифта,ҳар гуна суханҳои ширин гуфта, аз ӯ хоҳиш мекард,ки бо ӯ никоҳ карда зиндагонӣ кунад.
Хушу ёди Зумрад ба кӯдаконаш банд буд ва ҳамеша хоҳиши ӯро рад мекард.Аз мобайн чанд моҳ гузашт.
Ҳамоно Ҳабиб пеши роҳи Зумрадро мегирифт, ӯро илтимосу илтиҷо мекард ва дар натиҷа бо ҳиллаву найранги зиёд ба муродаш расид.
Онҳо зиндагии якҷоя сар карданд.
Рӯзе Зумрадх удашро бад ҳис карду назди духтур рафт.Баъди муоинаи духтур маълум шуд,ки ҳомила аст.
Дунё дар назараш торик шуд.Тез ба хона омада, ин хабарро ба Ҳабиб расонд.Ҳабиб бошад,хурсанд шуда гуфт:
“Шояд писар бошад,ман се духтар дораму писар не.Ман боҷону дил нигоҳаш мекунам”.
Зумрад бошад, дар фикри исқоти ҳамл шуд, вале Ҳабиб ҳеҷ розӣ намешуд.
Дар ҳамин шабу рӯзҳоҲабиб якбора ғайб зад.Зумрад ба ӯ занг мезад,телефонаш хамеша хомӯш буд.Намедонист чӣ кор кунад.Кофта-кофта номери телефони як ҷӯраи Ҳабибро ёфту занг зад ва фаҳмид,ки зани Ҳабиб аз зангирии ӯ бохабар шуда, ҳар се духтарашро гирифта омадаасту Ҳабиб дар дигар ҷой хонаи иҷора ёфта бо онҳост.Зумрад аз дӯсти Ҳабиб хоҳиш кард,ки ақаллан барои исқоти ҳамл маблағ диҳад.Лек Ҳабиб хомӯш буд.На занг заду на омад.Зумрад ақлу ҳушашро қариб гум карда буд.Ба Тоҷикистон, ба хоҳараш занг зада, ба ӯ рӯзи ба сараш омадаро гуфт.Хоҳараш бо исрор талаб кард,ки“тезтар рафта ягон коре кун, ки ин шармандагиро дар назди хешутаборон бардошта наметавонем.Падару модарамон агар бохабар шаванд,аҳволашон бад мешавад”.
Зумрад намедонист сарашро ба куҷо занад.Ба умеди Ҳабиб шуда, маошашро ба хона фиристод то хоҳараш қарзи барои роҳкиро гирифтаашро пардохт намояд.Дар даст пуле надошт.Барои исқоти ҳамл пули калон даркор буд.Маҷбур шуд ба «администратор»-и корхонааш, зани миёнсоли рус,ки Людмила Михайловна ном дошт,муроҷиат кунад.Людмила бисёр зани ҳалиму хоксор буд.Вақте аз нияти Зумрад бохабар шуд, аз ин кори ӯ норозӣ шуд.

“Ту одамро куштани ҳастӣ. Кӯдаки батни ту аллакай калон аст.Ту ин корро накун.Гуноҳаст.Беҳтараш ягон роҳи ҳалли дигарашро ёб.Агар барои дигар кор мебуд,ман, албатта, ба ту ёрдам мекардам,барои он ки ту инсони хеле хуб ҳастӣ, аммо барои нобуд кардани кӯдак ман ин корро намекунам”-гуфт, Людмила Михайловна.
Қариб ҳама коргарони ҳамроҳаш кор мекарда аз ҳолати ӯ бохабар гашта буданд.Фотима ном зани кабардинка ба наздаш омада гуфт:
-Зумрад,ман медонам,ки ту дар чӣ ҳолат ҳастӣ.Агар ту розӣ бошӣ,ман як пешниҳод дорам.
Зумрад боумед ба Фотима нигарист. Фотима аз Зумрад хоҳиш кард,ки тифлашро ба дунё биёрад ва ба ӯ диҳад.
-Ман фарзанди туро ҳамчун гавҳараки чашм калон мекунам.Бист сол ҳамроҳи шавҳарам зиндагӣ кардем, фарзанддор нашудам.Ҷудо шудем.Шавҳарам зани дигар гирифту фарзанддор шуд.Айби ман будааст. Ман туро маҷбур намекунам. Фақат ҳолатро дида, дилам сӯхт. Ман ҳам мусулмон ҳастам.Худам аз ягон сағерхона кӯдакеро гирифта, калон карданӣ будам.Агар ягон илоҷи дигар наёбӣ, ман дар ҳамин ҷо,фикр кун,-пешниҳод кард ӯ.
Зумрад шаби дароз фикр карду гиристу дигар илоҷе наёфт ва пагоҳ омада, ба Фотима розӣ буданашро гуфт.
Фотима бо он марди тоҷике, ки омада,барои Зумрад аз ман хона пурсида буд,зиндагӣ мекард.
Аз нақли Зумрад хеле мутаассир шудам.Ба он разиле,ки ин ҷавонзанро ба чунин ҳолат оварда расонидааст, садҳо лаънат хондам.
Баъди як ҳафта Зумрад писарча таваллуд кард.Фотима бо шавҳараш,ки ҳамеша аз ҳоли Зумрад бохабар буданд, ӯро аз таваллудхона гирифта, боз ба ҳамин хона оварданд.Аз рӯи ваъда баъд аз як ҳафта онҳо бояд ба ватани Фотима мерафтанд.
Аз таваллудхона омадани Зумрадро фаҳмида хӯрок пухтаму гирифта ба дидорбиниаш рафтам. Ӯ кӯдакашро мемаконд ва ду чашм аз рӯи кӯдак намеканд.Маро дида хурсанд шуд.Кӯдакаш чунон ширинак буд,ки гандумранги лунҷинак, қариб,ки тамоман гиря намекард.Оромакак буд.БоЗумрад хеле нишастам.Ӯ бо алам мегирист. “Худо барои ин гуноҳи кардаам маро мебахшида бошад,апаҷон? То охири умр дар дили ман ин алам ин дарди ногуфтанӣ ниҳон мемонад.Ман худамро хеҷ гоҳ намебахшам, вале илоҷам нест...”–мегуфт, Зумрад ва мегирист.
Рӯзи рафта номада,бо ман хайру хуш кард.Фотима ба хоҳари Зумрад 2000 доллар фиристод. “Ин барои писарони дар Тоҷикистон будаат гуфт.Худат роҳамро ҳам мебарам. Ҷои зиндагиамро мебинӣ.Дар он ҷо хоҳарам ба писарчаамон шир медиҳад,барои он,ки хоҳарам кӯдаки ширмак дорад.Ту фикр накун,ки ман туро аз фарзандат ҷудо мекунам.Кай вақте хоҳӣ, омада писаратро дида меравӣ...” – гуфт, Фотима.
Онҳо ҳарду кӯдакро гирифта, ба ватани Фотима рафтанд ва баъди чанд рӯз Зумрад баргашта омад.Як-ду рӯз истоду ба ҷои кораш рафт.
Бо ӯ бо телефон суҳбат мекардем. Боре дар бораи Ҳабиб пурсидам.Зумрад гуфт:
-Апаҷон, оҳи ман буд ё кӯдакам,ки хонааш даргирифтааст ва Ҳабиб зану фарзандонашро наҷот дода, ду дасташ сӯхтааст... Ҳоло дар бемористон будааст... Э мон гум шавад, дигар ӯро ба ёдам наор. Худо худаш ҷазояшро диҳад...
Ин буд тақдири як зани мусофири тоҷик, ки ба доми фиреби ҳамватани худ афтода,доғ дар дил гаштааст.

Г. Зарафшонӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД