Аз пештара дида навмедтару беҳавсалатар гардидам. Барои дарсхонӣ низ дигар шавқу ҳавасам намонда буд. Ба ҳамаи талабгорони хеш бо баҳонаи номзад доштан, ҷавоби рад медодам. Ман худро барои якумрӣ рўсиёҳу бадном меҳисобидам. Намехостам, ки ҷавони бечораеро фиреб дода, худро хушбахт гардонам. Зеро ба ин ҳақ надоштам. Маро Ҳилоли лаънатӣ сиёҳбахти якумрӣ намуда буд. Маълум, ки шаш соли маҳбасхона барои ў ҳеҷ таъсире нагузошта будааст. Ў ҳамон аблаҳи пешина буд. Маълумам гардид, ки аз ў якумр халос шуда наметавонам. Аммо байни ҳамдарсонам Толиб ном ҷавони зебои қадбаланд ба нею нестони ман нигоҳ накарда, талабгори муҳаббати ман буд. Ҳар рўз баъди дарсҳо ҳамроҳи ман то дари хонаамон меомад. Ҳарчанд илтимос менамудам, ки арзандаи муҳаббати самимиаш нестам, вале ў ба ҳарфҳоям гўш накарда, аз ман даст кашидан намехост. Охир, ў намедонист, ки ман бадномаму номусбохта. Намедонистам ин асрори ниҳонамро ба ў чӣ тавр фаҳмонам. Ҳар рўз барои гуфтани ин сирри дилам худро омода менамудам, вале баробари дидани ў наметавонистам он ҳодисаи нангинро ба забон орам. Ҳарчанд, ки он ҳамеша мисли хоби пурдаҳшат дар пеши назарам буд.
Рўзе, мисли ҳамешагӣ ҳангоми гусел карданам, баъди даруни ҳавлӣ даромадани ман модарам аз дарвозаи ҳамсояамон берун мешаваду Толибро мебинад. Ман намедонам, ки модарам бо Толиб аз кадом хусус ҳарф задаанд ва ё он ҳодисаи бадбахтии маро ба вай чӣ тавр фаҳмондаанд, ки баъди ин рўз аз пештара дида, ў ба ман зиёдтар талабгорӣ менамуд. Ман маҷбур шудам, ки ба ў фаҳмонам, ки арзандааш нестам. Ў баръакси ақидаи ман сухане гуфт, ки сахт дар ҳайрат афтодам.
-Зевар, ман ҳамаашро медонам, бо вуҷуди ҳамин дўстат медорам.
-Ту чиро медонӣ, Толиб?
-Ҳамаи он ҳодисаеро, ки аз сари ту гузаштааст. Ба ман боре модарат фаҳмонда буданд. Ту гунаҳгор нестӣ. Ту барои ман покизатар аз ҳамаи он духтароне, ки ман медонам, ҳастӣ.
-Толиб, ту ҳозир ин тавр мегўйӣ, аммо дар давоми зиндагӣ садҳо маротиба маро таъна хоҳӣ зад. Ман ҳақ надорам, ки ҳамсари ту гашта, хушбахт шавам.
-Ман аввалаш, ки мард ҳастам ва кўр нестам, ки одобу рафтори туро набинам. Ҳамаи он чизе ки буд, дар замони гузашта боқӣ хоҳад монд. Агар боре ба ёди ту биёрам, мард набошам.
-Бо вуҷуди ин, наметавонам ба ту бовар кунам. Ман арзандаи ту нестам. Ту бояд духтари бокираеро гирифта, хушбахт шавӣ.
-Хушбахтии ман танҳо дар дасти ту аст, Зеварҷон.
-Ман худамро барои он кор бахшида наметавонаму ту чӣ тавр метавонӣ бубахшӣ? Охир, ту мард ҳастӣ. Кадом мард беномусии арўсашро бахшидааст?
-Бале, мардам, ки бахшида метавонам. Ту гуноҳе надорӣ. Бовар кун, назди ман ту бегуноҳӣ.
-Охир, ту ҳам арзандаи арўси бокирае ҳастӣ.
-Ту дар тасаввури ман бокираӣ. Онеро, ки ту дар назар дорӣ, дар пеши ман ҳамагӣ чанд соате бокира мемонд. Баъди лаҳзае ў низ мисли ҳамаи арўсон ба зан табдил меёфту мисли ту мегардид. Бовар кун, ман туро хушбахттарини рўйи олам мегардонам. Бо ман ҳаргиз пшаймон нахоҳӣ шуд, Зевар!
-Кошкӣ ҳамаи ҷавонҳо мисли ту мешуданд. Ман худро пеш аз вақт зиндабагўр ҳисобида, бароям ҳукми бадбахтиро бароварда будам. Ҳеҷ вақт гумон намекардам, ки ту барин ҷавонмарди ҳақиқиро тақдир бо ман рў ба рў мегардонад.
Ман ба ў бовар кардаму ҳамсараш шудам. Бо амри қисмат рўзгори тинҷу осуда насибам шуд. Ҳол он ки ман худамро зинда ба зинда ба марг маҳкум намудаву ҳеҷ гуна бахтро мунтазир набудам. Агар қисмат маро бо Толиб рў ба рў намесохт, яқин ман як зани беобрўи аз ҷамъият берун мебудам. Ҳоло мо соҳиби набераҳои бисёре ҳам гаштем. Зиндагии тинҷу осудае дар насибамон будааст. Мардуми маҳаллаамон ягон тўю маъракаҳояшонро бе маслиҳати ман намегузаронанд. Гузаштаҳои ногувор бо фавтидани Ҳилол дар маҳбас гўё, ки фаромўш гардид. Аммо доғи он дар дилам то абад боқӣ хоҳад монд. Зеро он чизе нест, ки фаромўш гардад. Дар ҳақиқат Толиб дар ин хусус боре ҳам, на танҳо даҳон кушодааст, балки дар мавзўи ба ин наздик ҳам сўҳбат наменамуд. Вай марди якқавл будааст. Аммо ман бо вуҷуди ҳамаи ин дар як гўшаи дилам якумр назди Толиб дар хиҷолатам. Мехостам ягона дороии хеш ва боиси забондарозиам – бокирагиамро танҳо ба Толиб, ки арзандаи он буд, бибахшам. Вале сад афсўс…
Истад Раҷабов