arzon replenishment
Доғи номус Қисми 1
2038

 

Фасли баҳор буд. Бўи гулу гиёҳ ба машом расида касро маст менамуд. Баҳор на танҳо муҳит, балки дилҳои сарди инсонро нарму гарм месохт. Хусусан мо, ҷавондухтарон дар ин фасли сол наметавонистем дар паси партаҳои мактабӣ хомўш нишинем. 

Фурсати муносибе пайдо намоем, зуд ҷониби талу теппаҳо давида, бойчечаку сияҳгўш мечидем. Моҳи май фаро расиду ташвишҳои мо низ зиёд гаштанд. Зеро ба имтиҳонҳо тайёрӣ дидан лозим меомад. Ниҳоят имтиҳонотро низ супоридему таътили тобистона фаро расид. Мо, як гурўҳ духтарон қарор додем, ки ҳангоми таътил бекор нанишаста, дар ягон корхонае муваққатан кор мекунем. Зеро мо аллакай духтари қадрас гашта будему дигар наметавонистем, ки дар лагери пионерӣ истироҳат намоем. Ба корхонаи консервабарории шаҳрамон рафта арз намудему бо хурсандӣ моро бо рўзи нопурраи корӣ ба кор қабул намуданд. Дигар рўзҳои аҷоибу рангини коргарии мо оғоз шуданд. Бо шавқи зиёд ба кор пардохтем. Чунон ба кор омўхта гардидем, ки ҳатто иҷозат доданд, ки дар басти шабона низ кор кунем. Шабҳо автобуси махсусе ҳамаро хона ба хона бурда мемонд. Раҳораҳ дар автобус то хона сурудхонон меомадем. Бехабар аз ташвишу ғаму ғурбати олам будем. Занҳои калон ба мо ҳавас мекарданду мегуфтанд, ки ҳоло давратон аст, аз он баҳра баред. Чун ба синну соли мо мерасед, дигар худ аз худ ҳавсалаҳоятон низ пир мегарданду парвои шавқуну шодӣ намекунед. Ҳангоми танаффуси нисфирўзӣ низ тез хўрокамонро мехўрдему дар ҷои аз хўҷаинҳо пинҳонтаре рақсу бозӣ мекардем. Ҳилол ном ҷавонмарде ҳамеша бо ҳавас ба ман менигаристу нигоҳҳояш ким-чӣ хел маънодор буданд. Ман ҳамеша ҳангоми бо ў рў ба рў шудан нигоҳамро мегурезондаму мекўшидам, ки ҳамеша дур аз ин мардаки бешарму ҳаё қарор дошта бошам. Аммо ў нописандии маро парво накарда, ҳамеша пайти муносиб ёфта, ба ман гап мепартофт. Ў ҷавонмарди зандида буд, ман бошам ҳанўз наврас.

-Зевар, туро мебинаму девона мешавам, як бор гапи маро гўш кун,-мегуфт ў ҳамеша.

-Амак, шумо маро ҳамсоли худ гумон кардед?- гуфтам боре шўхиомез.

-Амак нагў, ман ҳоло ҷавонам, ҷони ширинат мешавам, Зеварҷон!

-Аз ҳафт маҳаллаи ту, барзангӣ безорам, агар дар олам як ҷавон намонад ҳам, ман ба ту намерасам, хобатро ба об гўй,- гуфтам ниҳоят рўзе бо қаҳр.

-Духтарак, аздусар як рўз аз они ман мешавӣ, хоҳӣ- нахоҳӣ. Ман аз он мардоне нестам, ки чизи дилхоҳамро ба осонӣ аз даст диҳам,- гуфт ў боре дар ҷавоб  қотеъона.

Рўзҳо паси ҳам мегузаштанд. Ман парвои он мардро надоштам. Аммо Ҳилол як лаҳза маро ором намегузошт. Занҳо ҳушдорам медоданд, ки аз ў эҳтиёт шавам, ки марди аблаҳ аст. Ман бошам, ба гапҳои онҳо аҳамият намедодаму бар ивази хушгўиҳояш ба Ҳилол забонамро бароварда, ўро сўз медодам. Хеле ҷавон будаму парвои одаму оламро надоштам. Беғамтарин инсони рўи олам будам. Ғам чист намедонистам. Аз куҷо медонистам, ки деви ғусса дар қалби кўдаконаи ман лона мегузорад. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ин баднияти сиёҳдил рўзе ба нияти нопоки худ мерасад. Шабе ҳангоми кор шикамам сахт дард карду аз сардори баст (смена) иҷозат пурсида, сўйи ҳоҷатхона, ки дар дохили бино буд, равон гардидам. Азбаски ҳама ҷо чароғ фурўзон буду равшан, парвои чизе накарда, бе дугонаҳоям худам танҳо рафтам. Пас аз он ба утоқи либосивазкунӣ дароям гўям, дасти пурқуввате аз қафо сахт ба оғўшам кашид. Ҳарчанд хостам худро аз оғўши он дев раҳо созам, натавонистам. Фарёди маро садои гўшхароши дастгоҳҳои консервабарории коргоҳ пахш намуду касе ба доди ман нарасид. Ў маро сахттару сахттар мефишурд. Аз бўсаҳои нофорамаш ва халидани ришҳояш ба рўям дилам беҳузур мегардиду қувватам намерасид, ки аз таги пойи ў халос гардам.  Бо як даст маро медошту бо дасти дигараш поҷомаамро кашида партофт. Донистам, ки дигар роҳи халосӣ надорам, ба таваллою зорӣ даромадам.

-Акаҷон, сар диҳед, маро бадном накунед.

-Ин хел тавалло мекунӣ- а, ҷони ширин! Чӣ қадар вақт боз азобам медиҳӣ, тоқатамро тоқ кардӣ, Зеварҷони ман.

-Агар маро дўст доред, ин корро накунед, балки бо хубӣ маро ба занӣ гиреду баъд аз он дастдарозӣ кунед, ҷонам шавед, акаҷон.

-Туро ба хубӣ ҳаргиз ба ман намедиҳанд, биё, ки ҳозир ҳавасҳоямро шиканаму беармон шавам.

-Ман падару модарамро хоҳиш мекунам, ки ба ғайри шумо каси дигарро намегирам. Илтимос, маро раҳо кунед.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД