Sebiston new 2024 october
ДНК: 9-фарзанди Қаҳор аз марди ҳамсоя будааст!
6197

(Идомааш)
Аня гирёну нолон худро ба пеши пойи Қаҳҳор партофта илтиҷо намуд, ки ӯро бубахшад. Қаҳҳор аз китфонаш дошта духтарро аз замин бардошт ва сарашро падарвор сила карда гуфт:

– Ҳар кас дар ин дунё хато мекунад, духтарам, бархез, ман кайҳо аз гуноҳи ту гузаштам!

Ин суханони посбон генералро ба риққат оварданд ва ӯро дубора падарвор ба оғӯш гирифта узр хост.

Қаҳҳор рӯ ба падархондаш оварда гуфт:

– Ман аз шумо ягон гила надорам, аммо бояд фавран ба Ватан баргашта як масъаларо ҳал кунам!

Генерал худаш ӯро ба фурудгоҳ бурда барояш чипта харид ва хоҳиш кард, ки ҳатман ба назди онҳо баргардад, зеро ӯ намехоҳад барои як хатои духтари беандешааш шуда, писари азизашро аз даст диҳад. Қаҳҳор бо аломати ризо сар ҷумбонд, аммо ҳушу ёдаш ба чизи дигар банд буд.

Марди безурриёте, ки нуҳ фарзанд дорад

Дар тайёра хулосаи ташхиси табибони русро, ки барои падари тифли Аня будан ё набудани Қаҳҳорро муайян кардан гузаронида буданд, гаштаю баргашта хонда, мардаки бечора пушти сарашро мехорид. Ташхис ӯро комилан безурриёт бароварда буд. «Ман якто не, дуто не, нуҳ фарзанд дорам, чӣ хел безурриёт будаам?!» мегуфт худ ба худ ин марди ҳайратзада ва худро тасаллӣ медод: «Илми тиб дар Русия пеш рафтааст гуфта, одамон аз ким-куҷоҳо ба ин ҷо меоянд, маълум мешавад, ки ҳамааш дурӯғ будааст... “

Қаҳҳор хулосаи ташхисро хато шумурда хеле кӯшиш кард, ки онро фаромӯш кунад, вале калимаи безурриёт ҳеҷ аз лавҳи хаёлаш зудуда намегашт. Дар тӯли чор соати парвоз танҳо сари ҳамин масъала фикр карда, ниҳоят вай ба хулосае омад, ки рост ба беморхона меравад ва дар Ватан ташхиси такрорӣ мегузаронад, то хатои табибони русро собит созад...

Муаммои сарбаста

Қаҳҳор аз тайёра фаромада мисли ҳарвақта бо табъи хуш ба хонааш нарафт. Таксиеро киро карда аз ронанда хоҳиш намуд, ки ӯро ба ягон беморхонаи машҳури шаҳр, ки бо масъалаҳои марбут ба бенаслӣ машғул аст, бубарад. Ронанда дар бадали 15 дақиқа ӯро ба ҷойи лозимӣ расонд. Қаҳҳор аллакай дар Русия ташхис гузарониданашро пинҳон дошта, хоҳиши гузаронидани ташхисро намуд. Табибон пурсу поси зиёдатиро нозарур шумурда, дарҳол аз пайи гузаронидани амалиёт шуданд. Қаҳҳор умедвор буд, ки хатои табибони рус исбот мешавад, вале ташхис нишон дод, ки вай дар ҳақиқат безурриёт аст. «Ман бист сол боз зану фарзанд гуфта, аз Ватан бе Ватан ва аз хона бе хона шуда гаштаам. Тамоми қувватамро барои роҳату осоиштагии аҳли оилаам сарф намуда, нуҳ фарзандро бо гули чиз калон кардам. Тамоми ёфту тофтамро сарф намуда, бачаҳоямро хонондам, соҳиби маълумот намудам, тодар пирӣ асои дастам гарданд. Хонаву дари бодабдаба сохта, тӯйҳои осмонкаф оростам, то ки зану фарзандонам орзуву ҳавасҳояшонро бишкананд, вале билохира маълум шуд, ки ман безурриёт будаам. Пас, ин нуҳ фарзанд аз куҷо пайдо шуданд? Наход занам ҳамин қадар сол маро аҳмақ карда ба ман хиёнат карда бошад-а? Падари фарзандони ман кист?»,-бо чашмони пуроб аз дил мегузаронд Қаҳҳор, ки дигар ба хато кардани табибон заррае шакку шубҳа надошт...

Узри бадтар аз гуноҳ

Баробари аз мошин фаромадани Қаҳҳор ҳамсару фарзандонаш ба пешвозаш баромаданд, вале марди хонадон ин дафъа бо аҳли оилааш сардакак вохӯрӣ намуда, баробари ҷавоб додани ронанда бо қошу қавоқи овезон «ман ба ту як гапи бисёр муҳим дорам» гӯён, занашро ба утоқи дигар даъват кард. Фарзандон даст афшонда аз паси кору бори худашон шуданд, ҳамсараш бошад, чизеро пай набурда аз паси Қаҳҳор ба меҳмонхона даромад. Баробари пӯшидани дар мард девонавор дод зад:

– Росташро гӯй маккора, ту ин нуҳ ҳаромиро аз кӣ зоида ба гардани ман бор кардӣ?

Ҳамсараш Омина худро ба шаттоҳӣ зада мехост бо гиряву нола ва қасамҳои дурӯғ исбот намояд, ки вай зани покдомон аст ва дар умраш ягон бор ба Қаҳҳор хиёнат накардаасту фарзандонаш аз ӯ ҳастанд.

Қаҳҳор аз гиряву золии зан бештар асабӣ шуда натиҷаи ташхисро ба сари Омина зад ва фиғон кашид:

– Ман гумон кардам, ки табибони рус хато кардаанд, аз ҳамин хотир дар ин ҷо ҳам ташхиси такрорӣ гузаронидам, вале натиҷаи ҳардуяш як баромада, безурриёт будани маро исбот кард. Росташро гӯй, ки падари фарзандонат кист, набошад худи ҳозир туро лучи модарзод карда дар кӯча сар медиҳам, то ҳама шармандагиатро фаҳманд!

Омина хуб медонист, ки Қаҳҳор марди оромтабиат бошад ҳам, бисёр бо нангу баномус аст ва гапи гуфтаашро ҳатман мекунад. Аз тарси он ки шавҳараш ӯро урён аз дар берун карда шармандаи ду дунё месозад, ин зани маккора чораи дигар наёфта ба гуноҳаш иқрор шуд вагуфт:

– Ман кайҳо медонистам, ки аз ту фарзанд намешавад. Барои аз даст надодани шавҳари пулёб ва ин хонаву дари боҳашамат ба оғӯши марди дигар медаромадам, то туро бо фарзанд побанд карда бигирам. Ҳамаи бачаҳоямон аз ҳамсояанд, дигар бо ягон мард набудам. Омад-омади туро шунида, ду-се рӯз пеш бо ҳамсоя хилват мекардам, то ҳомиладор шавам. Кори Худоро бин, ки дигар занҳоро шавҳарашон ҳар шаб дар канорашон бошад ҳам, баъзан дар 10-15 сол ҳомиладор намешаванд, вале ман дарҳол ҳомиладор мешудам ва баъд аз ту севанчӣ мегирифтам, ки боз бачадор мешавем...

– Бас кун, фоҳиша, бас кун! Ман дигар тоқати шунидани ин ҳақиқати талхро надорам! Се талоқат кардам! Фаҳмидӣ, се талоқат кардам!!! Сағераҳои ҳаромиатро гиру ба хубӣ баромада рав, агар наравӣ, ҳамаатонро бо ҳамин хонаву дар оташ мезанам,-сарашро бо кафи дастонаш дошта таҳдид намуд Қаҳҳор ва калавида-калавида аз хона баромад...

Куштаи номус

Қаҳҳор дар синааш якбора дарди ҷонкоҳеро эҳсос намуд, ки мисли халидани теғ дарднок буд. Аз зӯрии дард пеши чашмонаш сиёҳӣ заданд ва ин ҷавонмарди ҳузарб мисли чанори решагардоншуда дар дами дар гурсосзанон ба замин афтид. Фарзандони аз моҷаро бехабараш зуд Қаҳҳорро ба мошин бор карда ба беморхона бурданд.

Табибон шаш шабонарӯз барои наҷот додани бемор аз панҷаи марг талош намуда бошанд ҳам, комёб нагаштанд. Дили ин марди бо нангу номус ба доғи сӯзони хиёнати зан тоб наоварда, рӯзи ҳафтум сари субҳ дар беморхона аз тапидан бозмонд...

Сири фошгашта

Қаҳҳор чашм во накарда ҷон ба ҷонофарин супурду Омина нафаси сабук кашид, ки сири нангинаш пинҳон мемонад, аммо хаёли ин зани тардоман хом баромад. Худованд дергир, вале сахтгир аст гуфтани мардум беҳуда набудааст, рӯзи дуюми гӯру чӯб кардани маит телефони падар ба дасти писари калонӣ афтид. Қаҳҳори номурод ҳамон рӯз суҳбати охиринашро бо ҳамсараш дар камераи телефон сабт карда будааст. Иқрори модар ва аз марди ҳамсоя буданашонро шунида хун ба сари писар зад ва наворро ба ҳама бародару хоҳаронаш нишон дода, онҳоро аз асли ҳодиса ва сабаби марги падар огоҳ намуд.

Ҳамин тавр сири Омина фош шуд ва ӯро фарзандони худаш, ки ба хотири хонаву дар ва ҷоҳу ҷалол шуда аз марди бегона бе никоҳ ба дунё оварда буд, мисли саги бесоҳиб лагадкӯбкунон аз хона ронданд. Ҷазои зани хиёнаткор ҳамин аст...

 Анҷом!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД