Дисплазияи устухони косу рон (УКР) ин норасогии модарзодии инкишофи буғумҳо мебошад. Ҷараёни вайроншавии рушди устухонҳои кӯдак ҳанӯз дар давраи дар батни модар будан сар мешавад.
Мутахассисони соҳа яке аз сабабҳои ба чунин беморӣ гирифтор шудани кӯдаконро вайроншавии ҳормонҳо ҳангоми дар батни модар будани тифл меноманд.
Омилҳои дисплазия
Сабабҳои маъмултарини гирифтор шудани кӯдаконро ба бемории дисплазияро аз рӯи марҳила ва шакл ба се қисм ҷудо кардаанд.
-Дисплазияи модарзодӣ, яъне яке аз волидон аз ин беморӣ азият мекашанд. Ҳомиладории аввал, преэклампсия, яъне фишори баланди хун дар модар ҳангоми ҳомиладорӣ, дар батни модар нодуруст-бо кун ва сар ба боло ҷойгир шудани тифл, кам будани обҳои назди тифлӣ, аз ҷумаи сабабҳои асосии беморӣ маҳсуб меёбанд.
Аломатҳои дисплазия
Аломатҳои маъмултарини дисплазияи устухони косу рон вуҷуд дорад, ки волидон метавонанд дар кӯдаки худ мушоҳида кунанд. Инҳо:
• Асимметрия қабатҳои зери лухчи кун
• Кӯтоҳ будани як дасту пой
• Гардиши берунии пой, яъне кафи пои кудак каме майл ба боло дорад.
• Ҳангоми роҳ гаштан пои кӯдаки аз як сола боло мелангад.
Агар шумо яке аз нишонаҳои дар боло зикршударо мушоҳида кунед, кӯдакро ба муоинаи духтур бурданатон шарт ва зарур аст.
Оқибатҳои дисплазия
Агар волидон сари вақт аз бемории фарзандашон бохабар шуда кӯдакро ба табобат фаро бигиранд, дисплазия оқибатҳои ногувор надорад. Аммо дар шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанду худашон огоҳӣ надоранд, вайрон шудани фаъолияти узвҳои такяву ҳаракат, махсусан пойҳо, вайрон шудани ҳаракат ҳангоми роҳгардӣ ва дарди шадид пайдо шуда метавонад, ки ба маъюбии пурра бурда расонданаш мумкин аст.
Аз ин рӯ, модаронро лозим аст, ки баъд аз таваллуд, аниқтараш дар моҳи аввали таваллуд тифли худро аз муониаи лозимие, ки ҳолати устухони косу ронро муайян мекунад, гузаронанд. Сари вақт табобат кардани ҳамагуна беморӣ, аз ҷумла дисплазия муҳим буда, пеши роҳи оқибатҳои ногувори беморрио мегирад.