Салом! Ман як хонандаи сомонаи Оила. тч ҳастам ва мехоҳам назарамро дар бораи як масъалаи муҳим баён намуда, фикру андешаҳои дигар хонандагони сомонаро бифаҳмам.
Масъалае, ки маро ба ташвиш овардааст, ин шабгардию кӯчагардии наврасону ҷавонон мебошад. Солҳое, ки мо ҷавон будем, волидонамон бисёр сахтгир буданд ва намегузоштанд, ки баъди намози шом аз дар бароем. Фикр мекунам ҳамин сахтгирии падару модаронамон буд, ки мо-ҷавонон вақти худро сарфи омӯхтани илму дониш намуда ба қавле одам шудем.
Аммо имрӯзҳо мушоҳида мекунам, ки падару модарон саргарми гирудори рӯзгор ва ташвишҳои зиндагӣ шуда, чандон ба фарзандони худ аҳамият намедиҳанд. Писар ё духтарашон дар куҷо мегардад, бо кӣ вақт мегузаронад, чи кор мекунад, тамоман парво надоранд. Наврасон ва ҷавонон аз бепарвоии калонсолон истифода бурда, дилашон чи коре, ки хост, кардан мегиранд. Маҳз беназоратӣ боис мегардад, ки насли ҷавон ба ҷойи дарс тайёр кардан ва омӯхтани илму дониш ё ягон касбу ҳунар вақташонро сарфи шабгардию кӯчагардӣ намуда, то нимаҳои шаб дар толори бозиҳои компютерӣ мешинанд ва ё дар дискоклубҳо рақсу бозию дилхушӣ мекунанд. Маъмулан маҳз дар чунин ҷойҳо духтарону писарони ҷавон бо одамони каҷрафтор шинос шуда, оҳиста-оҳиста нашъаманду бангӣ мешаванд ва аз кӯчаи одамгарӣ мебароянд. Албатта ин андешаи ман аст ва шояд бисёриҳо барои чунин фикррониям маро одами аз замона қафомонда ҳисоб кунанд, вале ба гумони банда сарфи назар аз он ки мо дар кадом давру замон зиндагӣ мекунем, бояд тоҷик будани худро аз ёд набарем. Шумо чи андеша доред?