Дар шаҳри Хуҷанд ба далели риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ фаъолияти марказҳои дилхуширо манъ карданд. Дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд рӯзи 23-юми октябр бо нашри изҳороте гуфт, “масъулини клубҳои шабона бо вуҷуди бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дастуру тавсияҳои Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории короновирусро иҷро накардаанд.” Назари масъулини марказҳои дилхушӣ то ин лаҳза дақиқ нест.
Ҳамакнун дари марказҳои тафреҳии «Хваканта», «Опера», «Амнизия», «Парламент», «Шоми Суғд», «Очил», «Ёсуман» ва «Барбарос», ки то имрӯз фаъолият доштанд, баста шуд. Маъмурони милиса муваззаф шудаанд, вазъро назорат кунанд.
Мақомот гуфтанд, фаъолияти марказҳои тафреҳӣ танҳо баъди ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ ва риояи тавсияҳои беҳдоштӣ иҷозат дода мешаванд.
Вазъияти вобаста ба коронавирус дар вилояти Суғд бахусус дар шаҳри Хуҷанд ба гуфтаи мутахассисон бадттар шудааст. Дар рӯзҳои ахир хабарҳое аз шаҳри Хуҷанд мерасад, ки мақомот дубора қасд доранд маҳдудиятҳоро ҷорӣ кунанд. Аз ҷумла шаҳрдори Хуҷанд гуфтааст, гузарондани маъракаҳои тӯйро мумкин аст манъ кунанд, чун 45 дарсади ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус маҳз дар тӯйҳо сурат гирифтааст.
Тибқи омори расмӣ танҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд 4650 ҳолати сироятёбӣ бо COVID-19 сабт шудааст.
Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар ҳоле дубора маҳдудиятҳои вобаста ба коронавирусро бармегардонанд, ки мутахассисони соҳаи тибб аз афзоиши дубораи пандемия дар саросари кишвар бонги изтироб мезананд.
Аммо масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, гирифторӣ ба COVID-19 дар кишвар бетағйир аст ва онҳо рӯзона ҳудуди 40 беморро сабт мекунанд.