Директори мактабро барои марги фоҷиавии
як хонанда аз вазифа озод карданд
Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №101-и деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдатро баъди сар задани як ҳодисаи нохуш, ки боиси марги хонандаи синфи 4-уми мактаби мазкур Маҳмуд Давлатов гаштааст, аз вазифа озод намуданд.
Бино бар иттилоъи Вазорати маориф ва илми кишвар, ҳарчанд ин ҳодисаи нохуш рӯзи шанбе ва берун аз мактаб рӯй дода бошад ҳам, бо назардошти иштироки хонандагони мактаби мазкур дар ин фоҷеаи марговар, директори мактаби №101-шаҳри Ваҳдат аз вазифа барканор карда шудааст.
Ҳодиса рӯзи 19-уми октябри соли равон рӯй дода, дар канори мактаби 101-и шаҳри Ваҳдат хонандаи синфи 4-уми ҳамин мактаб Маҳмуд Давлатов дар натиҷаи занозанӣ бо як хонандаи синфи 5 ба ҳалокат расида буд. Аз рӯйи нақли волидони марҳум ҳамон рӯз апаи Маҳмуд дар мактаб дарси варзиш доштааст ва тӯбро бо худ бурдааст. Писарак барои тӯбаш ба мактаб меравад ва хонандае ӯро бо як хонандаи синфи 5-уми ҳамин мактаб ҷанг меандозад. Ҳангоми занозанӣ ба ҷигараш зарбаи сахт расида, ҷигари кӯдак аз дарун кафидааст. Дар натиҷа Маҳмуд дар ҳамон ҷо ба ҳалокат мерасад.
Тафтиши ин ҳодисаи нохуш рӯзи 21-уми октбяр аз ҷониби ШВКД-и шаҳри Ваҳдат шуруъ шуда буд, вале ҳанӯз мақомот ба хулосаи ниҳоӣ нарасидаанд.