«Дар мактаб ба шогирдон дарси ватандӯстӣ медиҳем. Пайваста мегӯем, ки дӯст доштани Ватан қарзи имонию виҷдонии ҳар ҷавонмард мебошад. Хостам дар амал собит созам, ки баҳри ҳифзи марзу буми Ватан ҳамеша омодаам ва он бароям муқаддас аст.
Мехостам исбот созам, ки муҳаббати ман ба Тоҷикистон-сарзамини аҷдодӣ танҳо дар забон нест, ман онро бо тамоми ҳастӣ дўст медорам ва сарбози сарсупурдааш ҳастам»
Ин суханҳои Раҳмоналӣ Раҷабзода , директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мебошад, ки дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, ҳоло дар қисми ҳарбии шаҳри Кӯлоб хизмати Ватан-Модарро адо менамояд. Дар ин бора рўзномаи «Хатлон» хабар додааст.
Раҳмоналӣ Раҷабзода соли 2018 Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъро хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети рӯзноманигории Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав дохил шудааст. Пас аз хатми донишгоҳ, ў муддате ба ҳайси рўзноманигор фаъолият намуда, сипас ба пешаи омӯзгорӣ рӯ овардааст. Фаъолияти хуби корӣ, аз ҷумла дониши баланд, ташаббускорию навовариашро дида, роҳбарияти ноҳия ӯро ба вазифаи директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и зодгоҳаш таъйин намуданд.
Ӯ дар моҳҳои аввали кориаш баҳри беҳтар намудани сифати таълиму тарбия корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Дар байни хонандагон озмунҳои гуногуни эҷодию зеҳнӣ ташкил гардида, ғолибон ҳавасманд гардонида мешуданд. Ҳамин буд, ки сафи хонандагони фаъоли ин мактаб, ки натиҷаҳои хубро дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ ноил мегаштанд, зиёд гардид.
“Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Мо Ватанаморо танҳо дар сухан не, балки аз таҳти дил бояд дўст дорем, инро дар амал бо хизматҳои шоиста собит созем. Ҳамин гуфтаҳои Пешвои миллат маро раҳнамо шуд, ки ба хизмати аскарӣ омадам, то баҳри дигар ҷавонписарон намунаи ибрат шавад. Дар муассисаи мо норасоии кадрӣ ба назар мерасад, вале ба ин ҳам нигоҳ накарда, баҳри дифои Ватан ва омӯхтани дониши низомӣ либоси ҳарбӣ ба бар намудам. Ману шогирдонам баҳри иштирок дар озмунҳои зеҳнии ҷумҳуриявӣ нақшаҳои зиёд доштем, насиб бошад, пас аз адои хизмати ҳарбӣ ҳамаи онҳоро амалӣ месозем»,- иброз доштааст Раҳмоналӣ Раҷабзода.
Номи Раҳмоналӣ Раҷабзода бо ин амали ҷавонмардонааш имрӯз вирди забонҳо гаштааст.
Волидонаш ба ӯ дуои нек дода, орзу доранд, ки баъди адои хизмати ҳарбӣ фарзанди баномусашонро бо тантана истиқбол бигиранд.