Директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон Субҳиддин Иззатов бо нишони "Барои хидмати шоён дар соҳаи маориф" қадрдонӣ гардид.
Бояд гуфт, ки Маркази интишороти байналмилалии "Scientific publication" барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар соҳаҳои хизмати давлатӣ, маориф, ҷавонон, мақомотҳои қудратӣ, журналистон озмун багузор менамояд.
Дар ин замина Субҳиддин Иззатов барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадами байналмилалӣ дар фаъолияти муассисаи таълимӣ бо ин ҷоизаи озмун сарфароз гардонида шуд.
Озмуни мазкур бо иштироки намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд ва дар он ходимони соҳаи маориф аз кишварҳои гуногун, ки дар рушди таълиму тарбия ҳиссаи муносиб доранд, бо ҷоизаву туҳфаҳо сарафроз гардонида шуданд.
Дар маросими ҷоизасупории ин озмун котиби дуюми Сафорати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рамзиёр Атоӣ ширкат варзида, ҷоизаҳои намояндагони ҷониби Тоҷикистонро қабул кард.
Ёдовар мешавем, ки Субҳиддин Иззатов зодаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон буда, соли 2019 факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналист хатм кардааст.
Аз соли 2021 то инҷониб директори Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон мебошад. Дар давраи роҳбарии ӯ, соли 2022 Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар раддабандии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат соҳиби ҷойи якум ва соли 2023 сазовори мақоми сеюм дониста шуд.
Ҳамасола ин муассисаи таълимиро қариб 400 нафар донишҷӯ бо ихтисосҳои гуногун хатм карда, дар соҳаи тандурустӣ саҳми худро мегузоранд.