Тўли 30 сол аст, ки оиладор њастам ва фарзандонамро калон карда соњиби хонаву дар кардаам. Писари хурдиям бенињоят эрка буда, ваќтњои охир маро бисёр азоб дода истодааст. Ўро дар беҳтарин литсей хононда ба мактаби олї дохил кардам, то одами бообрӯ гардаду фардо мурдаву зиндаамро соҳибӣ кунад, вале ин бачаи ношукр донишгоҳро партофта ҳамроҳи чанд ҷӯраи почакандааш ба Русия рафтанист. Ҳарчанд мефаҳмонам, ки Россия хонаи очаат нест, дар он ҷо азоб мекашӣ, шунидан намехоҳад. Намедонам дар тарбияи ин писарам чи хато кардам, ки чунин гапнодарою якрав ба воя расид. Дар зиндагӣ аз чизе камбудӣ надорад, дар дасташ «Айфон», дар танаш ҳамеша либоси ќимматбаҳо, намедонам ба ӯ чӣ намерасад, ки роҳи Русияро пеш гирифтанист. Дилаш ақаллан ба чор соли умраш намесӯзад, охир дар курси чорум мехонад ва имсол хатмкунанда аст. Гумон доштам, ки писарам магистратураю аспирантураро хатм намуда, баъдан ба докторантура дохил мешавад ва олими намоён мегардад, вале ӯ дар Русия дар хоку семент ҷулида гаштанро авлотар медонад. Гапаш мудом якто: «Дипломдорон дар ҳамин ҷо чӣ шуданд, ки ман шавам?!» Сарҳисоби корамро гум кардаам, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Бо ин бачаи якрав чӣ кор кунам?
Нодир, падари ҳайронмонда