Агар чанд сол пеш дар соҳаҳои гуногун ҷавононро соҳибкасбон дастгирӣ ва муаррифӣ мекарданд, ҳоло бо шарофати интернет, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ имкон ҳаст, ки дилхоҳ ҷавон соҳибкасбон ё устодонашро маъруфу машҳур гардонад. Феълан шабакаҳои иҷтимоӣ барои рушди ҳунар ва касб нақши калон бозида метавонанд ва рӯз аз рӯз ба мо чеҳраҳои навро муаррифӣ мекунанд.
Дилноза Раҳимӣ аз ҷумлаи ҳунарпешаҳои ҷавон ва чеҳраи нави театру фазои маҷозӣ аст, ки дар муддати кӯтоҳ маҳбуби ҳазорҳо инсон гашт. Ӯ хатмкардаи риштаи актёрии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода буда, ҳоло ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аст. Аммо иштирок дар наворҳои кӯтоҳи интернетӣ, ки бештарашон иҷтимоиву тарбиявӣ ҳастанд, ба ӯ шуҳрати зиёд овард.
Номбурда, бо симои тоҷикона ва либоси миллӣ тавонист худро дар Инстаграм хеле хуб бишносонад ва ҳоло ӯро дар шабакаи иҷтимоӣ зиёда аз 130 ҳазор нафар пайгирӣ мекунанд. Зиёд будани шумораи обуначиёни Дилноза шаҳодати он аст, ки корбарони зиёде дар ин шабака фаъоланд, ки ба ҳунар ва саҳнаҳои ҳаётӣ таваҷҷуҳ доранд.
Албатта, шумораи зиёди мухлисони Дилноза донистан мехоҳанд, ки ӯ пеш аз машҳур шудан чӣ гуна буд? Ба ин савол мо посух дорем.
Ӯ пеш аз маъруфияташ як донишҷӯи одӣ буд, ки бо сад орзуву нақша дар шаҳри Душанбе таҳсил мекард. Мехост мисли садҳо донишҷӯи дигар мактаби олиро хатм карда, ҳунарпеша шавад. Ҳунарпеша шуд, вале аз таассуроташ дида, зиёдтару хубтар муаррифӣ шуд, маҳбуб гашт. Ӯ омили асосии машҳур гаштанашро фаъол шудан дар Инстаграм медонад. Воқеан ҳам, тавонист ба аудитория ҳунарашро, ки дар ҳақиқат ҳар нақшашро самимӣ иҷро мекунад, нишон диҳад.
Маҳз шабакаи Инстаграм Дилнозаро машҳур карда, ба орзуҳояш зудтару бештар расонид. Ҳоло ӯ аз ҷумлаи ҳунарпешагони ҷавонест, ки хеле серхаридор аст ва дар баробари кори театр дар намоҳангу наворҳо зиёд нақш меофарад.