Салом! Ман як зани сарватманду доро, имрӯз ба маслиҳат ва машварати дигарон ниёзманд гаштаам ва мехоҳам қиссаи зиндагиамро нақл карда, аз хонандагони сомона кумак бипурсам.
Дар як оилаи сарватманд ба дунё омадаам ва то ба имрӯз гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшам, аммо дар зиндагӣ заррае ҳам хушбахт нестам. Падарам марди пулдор буданд ва маро ба писари як ҷӯраашон, ки ба мисли худашон одами бою бадавлат буд, ба шавҳар доданд. Азбаски пеш аз тӯй бо ягон ҷавони дигар робита надоштам, ман ба як дидан ошиқи зори шавҳарам гаштам, вале ӯ маро ҳеҷ дӯст надошт. Ҳамон шаби аввали арӯсиамон гуфт, ки дӯстдошта дорад, аммо падару модараш зӯран ӯро бо ман хонадор кардаанд. “Ихтиёри худат, хоҳӣ ист, нахоҳӣ баромада рав, вале дониста бош, ки як рӯз не, як рӯз ман дӯстдоштаи худамро ба занӣ мегирам” гуфта буд шавҳарам. Хуб гиристам ва рӯзи дигар аз хона баромада рафтанӣ шудам, аммо модарам “ҳой духтар, ту моро шарманда карданӣ ҳастӣ, охир, мардум фаҳманд, бовар намекунанд. Мегӯянд, ки духтарашон ягон айб доштааст, барои ҳамин домод ӯро аз дар берун кардааст” гӯён садди роҳам шуданд.
Ҳама, падару модарам, хусуру хушдоманам, хешу табор мегуфтанд, ки ин нағмаҳои шавҳарам гузарандаанд ва оҳиста-оҳиста бо ман одат карда, дӯстам медораду ишқи аввалашро фаромӯш месозад, аммо...
Аз байн 14 сол гузашта бошад ҳам, шавҳарам ишқи аввалашро, ки мисли худаш соҳиби маълумоти олӣ ва як зани олуфтаи зебо аст, фаромӯш накард. Пас аз тӯйи мо маҳбубаи шавҳарамро ба ҷавони дигар ба шавҳар доданд, аммо ба бахти бади мани берӯзӣ чанд сол пас шавҳараш дар садама вафот кард ва бо ду фарзанд бева монд. Шавҳари ошиқи зорам аз фурсат истифода бурда, дӯстдоштаашро дар болои ман ба занӣ гирифт. Албатта ӯ ҳамчун мард қарзи худро адо карда, ману фарзандонамро пурра таъмин мекунад. Мо соҳиби хонаи бодабдаба, чанд мошин ва шароитҳои хуби зиндагӣ ҳастем, кӯдаконам дар мактабҳои беҳтарин мехонанд, худам низ ҳамеша дар зару зевар ғӯтта зада мегардам, вале бо ин ҳама давлату сарват худро бадбахт ҳис мекунам, чунки шавҳарам заррае ҳам маро дӯст намедорад. Ҳушу ёдаш фақат ба зани дуюмаш банд аст ва фарзандони он занро, ки аз марди дигар ҳастанд, аз кӯдакони худаш бештар дӯст медорад. Чанд бор бо зани дуюми шавҳарам ҷангу ҷанҷол ва рӯйканию мӯйканӣ кардам, аммо суд накард. Мардакам ошкоро мегӯяд, ки он занро дӯст медорад ва агар маҷбураш кунам, маро не, балки ӯро интихоб хоҳад кард. Бачаҳоям алакай калон шудаанд ва дар ин синну сол аз шавҳарам ҷудо шуда, муҳтоҷу мунтазари дари мардум гаштан намехоҳам, аммо аз тарафи дигар рашк маро дарун ба дарун мехӯрад.
Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ тавр дили шавҳарамро ба худам гарм кунам?
Н. Д., сокини ш. Душанбе