goodwell
Дидорбинии раиси Суғд бо собиқадорони меҳнат дар Истаравшан
02.07.2026
Oila.tj
16

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан аз ҳоли ду нафар собиқадорони меҳнат хабар гирифта, бо шароити зиндагии онҳо шинос шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбари вилоят ба манзили Қурбонов Файзӣ, собиқадори меҳнат, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи нақлиёт ҳамчун ронанда фаъолият намудааст ва Тоштемиров Солибек, собиқадори соҳаи маориф ва директори собиқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ташриф оварда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом додааст.

Зимни мулоқот раиси вилоят саҳми арзишманди собиқадоронро дар рушди ҷомеа ва тарбияи насли наврас баланд арзёбӣ намуда, таъкид кардааст, ки қадршиносии хизматҳои собиқадорони меҳнат ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД