Arzon march 2024
Дидҷейи 97-сола аз саҳна рафт
813

 

Барандаи унвони “дидҷейи собиқадори ҷаҳон” Рэй Кордейро аз Ҳонгконг дар синни 97-солагӣ аз ҷамъбасти собиқаи корияш хабар додааст. Кордейро охирин барномаи радиоии “Роҳи тайнамудаи Рэй”-ро ҷамъбаст намуда, бо мухлисонаш хайрухуш намуд. Барномаи мазкур аз соли 1970 тавассути радио пахш мегардид. Рэй дар баробари ровӣ буданаш боз дидҷейи куҳансолтарини дунё ба шумор меравад. Соли 2000 намояндагони китоби рекордҳои Гиннесс ба Рэй Кордейро унвони собиқадортарин дидҷейро дода буд. Дар собиқаи кории 72-солаи худ Кордейро бо шахсиятҳои машҳури соҳаи санъат аз қабили The Beatles, сарояндаи бритонӣ Клифф Ричард ва сарояндаи амрикоӣ Тони Беннет шинос шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД