Дар Норвегия як деҳаи хушманзараи хурдакак бо номи Рюкан мавҷуд аст, ки чор тарафи онро кӯҳҳои баланд иҳота кардаанд. Табиати он нотакрору зебо бошад ҳам, як камбудии калон дорад, ки ин ҳам бошад, норасоии нури офтоб ба ин деҳа аст: тӯли чанд моҳ ҳар сол нури офтоб ба кӯчаҳои ин деҳа умуман намерасад, зеро онро кӯҳҳо мепӯшонанд.
Барои илоҷи воқеаи баамаломада ва аз нав баргардонидани офтоб ба Рюкан, системаи инноватсионии Solpeil, ки дар забони норвегӣ “Оинаи офтобӣ” мебошад, насб карда шудааст. Ин система аз оинаҳои азиме иборат аст, ки дар қуллаи кӯҳҳои иҳоташуда насб карда шудаанд ва бо даври офтоб нури онро рост ба майдони марказии деҳа инъикос ва равона карда, равшанӣ меандозанд.
Ба туфайли ин технологияи олиҷаноб бошандагони деҳаи Рюкан аз равшании табиӣ ҳатто дар моҳҳои тиратарини зимистон ҳаловат мебаранд.
Ин лоиҳа на танҳо ҳаёти истиқоматкунандагони деҳаро осон кард, инчунин сайёҳону ҷаҳонгардонро ба худ ҷалб карда, ҳар нафар мехоҳад ин намуди равшании табиии сунъӣ насбшударо бо чашми хуб бинад. Ин лоиҳа нишонаи равшани эҷодкории инсон аст, ки ҳатто монеаҳои табииро метавонад мағлуб намояд.