arzon replenishment
Деҳаи аҷибе, ки аз хонаи занбӯр сохта шудааст
02.03.2025
Oila.tj
626

Дар мавзеи Ал Харфӣ, дар ҷанубтари Тоифи Арабистони Саудӣ деҳаи кӯҳнаи таркшудаи аҷиберо дарёфт карданд, ки он аз 1200 хонаи қадимаи занбӯр иборат мебошад.

Ин бозёфт аз таърихи заковатмандӣ ва устуворӣ нақл мекунад. Ин хонаҳои занбӯр аз лою гил сохта шуда, барои бошандагони қадимаи ин макон хӯрока ва доруву дармонро дар шароити сангини биёбон таъмин кардааст.

Асали аз ин хонаҳои занбӯр бадастомада унсури асосии зиндагонии ҳамарӯзаи ҷомеаи ин макон буда, имкони рушду нумуъро дар ин минтақаи душвор таъмин кардааст.

Ин хонаҳои занбӯр аз суботкории инсон далолат карда, нишон медиҳанд, ки мардуми он на танҳо зинда монданд, балки дар яке аз минтақаҳои душвори курраи замин, бо туфайли муносибати эҷодкорона ва заковатмандӣ рушду тараққӣ кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД