Gazprom july 2025
ДАЮС (ҚИСМИ 1)
779

Хабари ногаҳонӣ

Дар синфи ёздаҳ мехондам, ки тағоям писари ягонаашро зан доду моро ба тӯй даъват кард. Ман ҳамроҳи модарам хушнудона роҳи шаҳрро пеш гирифтем.

Тӯй хеле бошукӯҳ дар тарабхонаи зебое баргузор гашт, дар он беҳтарин ҳофизону ширинкорон ҳунарнамоӣ мекарданд. Ҳамсоядухтари тағоям Манижа бо ҳавас ба келину домод нигаристани маро дида гуфт:

- Шодия, агар волидонат розӣ шаванд, туро низ чанд вақт пас дар ҳамин тарабхона тӯй мекунанд.

Ман бо ҳайрат ба ӯ нигаристам, Манижа ба ман имкони лабкушоӣ надода бидиррос зад:

- Ҳамсояи бологиямон бо янгааат маслиҳат карда, туро барои писари ягонааш Ёсир келин карданист. Ёсир дар Русия мехонад, пас аз тӯй онҳо ба ҳавлии дуошёна мекӯчанд.

Ман шарм доштам, вале баъд гуфтам, ки “наход ҷавон дар Русия хонаду духтари қишлоқиро гирад?”

- Модараш мегӯяд, ки ҳама духтарони шаҳр вайрон шудагӣ аз ин рӯ аз қишлоқ келин мегирад.

Ҳарчанд дар дилам алов афтида бошад ҳам бо тапу този тӯй ин суханони Манижаро фаромӯш кардам, вале баъди ду ҳафтаи аз пойтахт омаданамон Сайёрахон ҳамроҳи зани тағоям ба хостгорӣ омаданду волидонам онҳоро хуш қабул намуданд.

Маро ба ҷавоне, ки на дида будаму на мешинохтам фотеҳа карданд, вале аз хурсандӣ ба куртаам намеғунҷидам, ки Худо дуоҳои маро қабул кард!

Баъзан меандешидам, ки ҷавони шаҳрӣ мани қишлоқиро қабул мекарда бошад? Соатҳо назди оина рост истода худамро тамошо мекардам ва ягон камбудӣ намеёфтам…

Домод шаби васл наомад

Хушдоманам бароям ҷиҳози бисёре оварда нишон доду баъд ҳама куртавориҳоямро, дар шаҳр зебою шинам медузонам гуён ҳамроҳаш бурд. Рӯзи тӯямон фаро расиду маро бо куртаи атласу қоштилло, яъне бо риояи расму русуми ниёгон ба хонаи бахтам гусел карданд. Вале дар шаҳр хушдоманам машшота оварда мисли шоҳдухтарон орою торо дода, баъд ба ресторан бурд, шавҳарамро низ бори аввал дар тарабхона дидам. Ҷавони қадбаланди ниҳоят зебо, вале хунсарду бепарво буд, гӯё тӯйи ӯ набошад ба ман умуман аҳмият намедод. Аммо ман аз як нигоҳ ошиқи Ёсир гаштам, зеро аз ошиқони қишлоқиям, ки чун соя аз қафоям гашта, бароям мактубҳои ишқӣ менавиштанд, ягонтояш мақбули дилам набуд.

Пас аз тӯй меҳмонон ба хонаҳояшон багаштанд, ман мондаму хусуру хушдоманам, Ёсир ҳамроҳи рафиқонаш ба Варзоб рафта буд. Ба қавли хушдоманам бо даврони беғамию бачагияш хайру хуш мекард…

Хушдоманам маро наздаш шинонида насиҳатҳои зиёде кард, гуфт, ки Ёсир урусмизоҷ асту худатро ҳамеша тозаю озода нигаҳ дор, боз ба ман ҳавлию ҳамомму ошхонаро нишон дод, аммо шавҳарам он шаб наомад.

Рӯзи дигар хусурам, ки сарвари як корхонаи бонуфуз аст, сари дастархон ба хушдоманам гуфт:

- Писари дайдуятро кофта ёб!

(Давом дорад)

ШОДИЯ,

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД