Formula novemver 2024
Даври сеюми бақайдгирии довталабон дар Маркази милии тестӣ оғоз ёфт
739

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кардааст, ки аз 2-юми сентябр даври сеюми бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимӣ оғоз кард.

Гуфта мешавад, ки барои бақайдгирии довталабон дар даври сеюм дар 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур, Данғара ва Рашт нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ ва дар 21 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд.

“Дар ин давра шахсони зерин худро номнавис карда метавонанд: шахсоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ худро номнавис накардаанд, довталабони дар даврҳои якум ва дуюми бақайдгирӣ номнависшудае, ки дар имтиҳонҳо иштирок накардаанд, довталабони дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳо иштироккардае, ки ба озмун роҳ наёфтаанд, довталабоне, ки барои қабул дар муассисаҳои таълимии дахлдор ҳозир нашудаанд ва довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои самти тиб гузаштаанду бинобар гирифториашон ба бемориҳо ҳуқуқи таҳсил карданро дар муассисаҳои таълимии тиббӣ надоранд”,- иттилоъ доданд аз ММТ.

Зикр гардид, ки муҳлати даври сеюми бақайдгирӣ то 15-уми сентябр муқаррар гардидааст. Дар ин давр барои интихоби довталабон ҷойҳое, ки тибқи нақшаи қабул холӣ мондаанд, пешниҳод карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД